Ҷадвали масофавӣ байни марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҶТ

ХУҶАНД


   Хуҷанд дар қатори чунин шаҳрҳо ба монанди  Бухоро ва Самарқанд, яке аз маъруфтарин тамаддуни марказҳои илм ва фарҳанги Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, ки аз замонҳои қадим бо меҳмоннавозӣ, олимон ва ҳунармандону косибони боистеъдоди худ ҳамаро ҷалб менамуд.

     Дар сарчашмаҳои таърихӣ он аз асри 7 маълум аст. Шаҳр бо такягоҳҳои қадимии асримиёнагӣ, инчунин масҷид-оромгоҳи Шайх Муслехиддин (асрҳои 17-18) таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ  ҷалб менамояд. Хуҷанд таърихи бойи чандинасра дорад. Дар гузашта олимон, шоирон ва нависандагон онро "Тоҷи ҷаҳон" меномиданд.