Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Чин сохтмони гузаргоҳҳои нақлиётиро дар пойтахти Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард. ЧМЧ барои сохтмони чор ҳалқаи нақлиётӣ дар Душанбе беш аз 410 миллион юани чинӣ, ки ба 59 миллион доллари ИМА баробар аст, ҷудо мекунад. Дар ин бора 18 март байни Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Каҳҳорзода ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Чин дар Тоҷикистон Го Чжитзюн ёддошти табодулӣ ба имзо расид, хабар додааст дар сомонаи худ Вазорати молияи Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки маблағҳои зикршуда пурра грантӣ мебошанд.
Тибқи лоиҳа, сохтмони гузаргоҳҳои нақлиётӣ дар чорроҳаҳои кӯчаҳои «Абай — Қаҳҳоров», «Ҷомӣ — Қаҳҳоров», «роҳи Ҷанубӣ – Қаҳҳоров», инчунин дар назди пули дарёи Душанбе, ки кӯчаҳои Соҳилӣ ва Қаҳҳоровро мепайвандад, пешбинӣ шудааст.
Кӯчаи А. Қаҳҳоров дар асоси Нақшаи генералии Душанбе таҷдид карда мешавад.
Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа ба рафъи роҳбандӣ, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин мутобиқсозии роҳҳои пойтахт ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.
***
Соли 2026 додугирифти тамоми шаклҳои роҳхат ва сойири варақаҳо дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути замимаи мобилӣ ба роҳандохта шуда, ҳуҷҷатҳои интиқоли электронӣ ҳатмӣ мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи татбиқи барномаи рақамикунонии роҳхатҳо шумораи онҳо афзудааст ва нишондиҳандаҳои омории соҳа афзоиш ёфтаанд. Инчунин зикр гардидааст, ки соли 2026 назорати ҳаракати мошинҳои боркаш дар роҳҳои автомобилгард, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳои нақлиётӣ ва корҳои санҷишӣ оид ба риояи шартҳо ва талаботи иҷозатномаҳо пурзӯр карда мешавад.
***
Апрел айёми зебои баҳорӣ буда, дар ин моҳ одатан ҳарорати ҳаво муфид аст. Дар баробари ин, моҳи апрел боришот дар шакли боронҳои пайдарпай идома меёбанд. Бино ба пешгӯии ҳавошиносон, дар пойтахти Тоҷикистон дар ин моҳ 17 рӯзи боришот дар назар дошта шудааст, миқдори умумии боришот дар ин моҳ 161,4 мм хоҳад буд.
Дар робита ба ин, рӯзи душанбеи 16 март дар ҷаласаи ҳарҳафтаинаи назоратӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ҳамаи муассисаву корхонаҳои нигоҳдории роҳҳо супориш дод, ки омодагии комилро ба ҳама гуна шароити обу ҳаво ҷиҳати фаъолияти муътадилу самарабахши соҳа таъмин намоянд, зеро маҳз дар фасли баҳор офатҳои табиӣ (обхезӣ, ярч, тарма) метавонанд ба инфрасохтори роҳу нақлиёт осеб расонанд.
Соли 2024 боронҳои шадид в селу тарма ба соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон зарари калон расониданд.133 километр роҳҳои автомобилгард, 15 пул бо дарозии 544 метр ва 7 қубур бо дарозии 82 метр осеб диданд. Ҳамаи онҳо барқарор карда шуданд.
Соли 2025 офатҳои табиӣ 29,5 км роҳ, 1 пул, 2 қубури обгузарро ба маблағи умумии 479,5 ҳазор сомонӣ хароб карданд. Аз ин шумора 25,7 км роҳҳо, инчунин пул ва ду қубур ба маблағи 189,1 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии маҳаллии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёти ҶТ барқарор карда шуданд.
ДАР МИНТАҚА
Дар Бишкек мулоқоти шашуми роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани кишварҳои аъзои СҲШ баргузор шуд. 27 марти соли 2026 дар пойтахти Қирғизистон намояндагони даҳ давлат – Русия, Беларус, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ҷамъ омаданд.
Натиҷаи асосии мулоқот имзои протоколи муштарак мебошад, ки рушди минбаъдаи ҳамкориро дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан муайян мекунад.
Дар мулоқот навсозии инфрасохтор, сохтмони қитъаҳои нави роҳи оҳан, омодасозии кадрҳо ва ҳамгироии системаҳои роҳи оҳани кишварҳои минтақа баррасӣ шуд.
***
Дар Қазоқистон «давутози нақлиётӣ» вобаста ба пардохти андоз аз сар гирифта мешаванд. Сокинони кишвар бояд бори дигар андоз аз воситаҳои нақлиетро барои соли 2025 пардохт кунанд ва мӯҳлати пардохт 1 апрели соли 2026 таъйин шудааст.
Коршиносони Tengri Auto зикр мекунанд, ки пардохти саривақтӣ ҷаримаҳо ва пардохтҳои иловагиро пешгирӣ мекунад, аммо барои бисёре аз соҳибони мошинҳо саволҳо дар бораи ҳисоб кардани маблағ ва навовариҳо дар қонунгузорӣ боқӣ мемонанд, хабар медиҳад Lada.kz.
***
Дар Узбекистон ба соҳибони мошинҳои барқӣ қисми хароҷоти барқдиҳӣ ба сифати ёрона (субсидия) пешниҳод карда мешавад. Давлат ҳангоми бо барқ пур кардани мошинҳо арзиши нерӯи барқро дар сурати аз ҳадди 300 сӯм барои 1 квт/соат убур кардани он кумак мерасонад. Инчунин барои ронандагони таксӣ дар мошинҳои барқӣ имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.
Аз 1 майи соли 2026 тартибе ҷорӣ карда мешавад, ки тибқи он ҳангоми пур кардани мошини барқӣ дар истгоҳҳо ронанда аз ҷайби худ танҳо 300 сӯм барои 1 квт/соат нерӯи барқ маблағ пардохт мекунад. Маблағи берун аз ин тариф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷуброн карда мешавад.
Меъёр дар барномаи давлатии соли 2026, ки бо фармони Президенти ҶУз тасдиқ шудааст, муқаррар гардидааст.
***
Дар пойтахти Қирғизистон мотосиклҳо, скутерҳо ва мопедҳо тафтиш карда мешаванд. Дар Бишкек рейдҳои миқёсан васеъ оид ба санҷиши мотосиклҳо, скутерҳо ва мопедҳо оғоз ёфт. Дар ин бора 18 март хабаргузории Sputnik бо истинод ба раёсати хадамоти патрулии ВКД Қирғизистон хабар дод.
Санҷишҳо ба хотири таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамҳои нақлиётӣ ва беҳтар кардани интизоми «ронандагони воситаҳои нақлиёти дучарха» пешбинӣ шудаанд. Нозирони милитсия бо ронандагони ин навъи нациёт сӯҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд ва ба онҳо Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро хотиррасон менамоянд.
«Ба хусусият ва щолати техникии воситаҳои нақлиёт диққати махсус дода мешавад. Агар ҳаҷми муҳаррик ба стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ набошад ё ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешнищод карда нашаванд, нисбати ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода мешаванд», — иброз нвамудаанд дар раёсати ВКД.
***
Соли 2026 нақлиёти ҷамъиятии шаҳрии Бишкек, пойтахти Қирғизистон пурра ба пардохти ғайринақдӣ мегузарад. Дар ин бора директори муассисаи «Нақлиёти шаҳри Бишкек» Талантбек Капаров дар э мусоҳиба ба хабарнигори «Биринчи радио» изҳор дошт.
Тибқи маълумоти ӯ, ҳоло 80 фоизи пардохтҳо аллакай дар шакли ғайринақдӣ сурат мегиранд. Пули нақд 20 фоизро ташкил медиҳад, аммо соли оянда пардохт бо аули нацд пурра цатъ карда мешавад.
Илова бар ин, соли 2026 корхона навбатдории электрониро ҷиҳати назорати фосилаи ҳаракат, вақти ба роҳ баромадани автобусҳо ва ҳолати ронандагон ҷорӣ мекунад.
ДАР ҶАҲОН
31 март дар Русия ҳаракати мошинҳои боркаши бесарнишин дар роҳи «М-12 Восток» оғоз ёфт. Ҳамин тариқ, як долони ягонаи боркашонии бесарнишин Санкт-Петербург ва Қазонро бо ҳам мепайвандад, гуфт Президенти Русия Владимир Путин дар маросими ифтитоҳи иншооти маҷмааи нақлиётӣ, ки тавассути алоқаи видеоӣ баргузор шуд, хабар медиҳад www.m24.ru/news/vlast/.
Ба гуфтаи президент, ҷуғрофияи истифодаи чунин нақлиёт минбаъд ба дигар роҳҳои федералӣ паҳн карда мешавад.
Путин таъкид кард, ки Русия дорои иқтидори бузурги логистикӣ ва нақлиётӣ мебошад. Кишвар бояд онро бо назардошти тағйирот дар иқтисоди ҷаҳонӣ истифода барад.
Илова бар ин, раҳбари Русия даъват кард, ки ҳалли муосири платформаи рақамӣ дар нақлиёт бо мақсади кам кардани хароҷот ва беҳдошти хизматрасонӣ истифода бурда шавад. Ба ақидаи Путин, чунин технологияҳо «афзалияти бешубҳа рақобатпазир мебошанд, ки ба ҳалли самараноки вазифаҳои арзанда имкон медиҳанд».
Қаблан Сарвазири Русия Михаил Мишустин гуфта буд, ки дар тӯли 6 сол бояд ҳамаи намудҳои нақлиёт дар кишвар ба шабакаи ягонаи такягоҳ пайваст карда шаванд.
Русия ба содироти бензин аз 1 апрели соли 2026 мувақатан таҳрим эълон кард. Содироти бензин аз ин кишвар барои ҳамаи иштирокчиёни бозор ҳадди аққал то моҳи августи соли равон манъ карда мешавад, хабар медиҳад ТАСС. Гуфта мешавад, ки таҳрим аз сабаби болоравии нархи сӯзишворӣ бинобар низоъ дар Халиҷи Форс ҷорӣ карда мешавад: фурӯши он дар бозорҳои хориҷӣ муфидтар аст.
Дар хадамоти матбуоти Ҳукумати ФР кишвар изҳор доштанд, ки тадбири мазкур бояд ба «муътадил шудани нархи бензин ва таъмини афзалиятноки бозори дохилӣ» кӯмак кунад.
Зикр мегардад, ки таҳрим ба содироти бензин тибқи созишномаҳое, ки мақомоти Русия бо ҳукуматҳои кишварҳои дигар бастаанд, инчунин сӯзишвории дизелӣ дахл надорад.
***
Аз 1 апрели соли 2026 тартиби нави воридоти молҳо аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) тавассути нақлиёти автомобилӣ ҷорӣ карда мешавад. Тибқи қарори Ҳукумати Федератсияи Русия, дигар намудҳои нақлиёт на пештар аз соли 2027 ба фаъолият аз рӯи тартиби мазкур шуруъ мекунанд, хабар медиҳад Хадамоти федералии андози (ХФА) Федератсияи Русия дар сомонаи расмии худ nalog.gov.ru.
Навоварӣ дар он аст, ки воридкунандагони мол бояд дар бораи таҳвили дарпешистода тавассути системаи иттилоотии ХФА хабар диҳанд ва пеш аз воридоти мол пардохти маблағи мусоидатро таъмин намоянд.
Низоми мазкур барои баланд бардоштани назорати воридоти молҳо аз кишварҳои узви ИИАО (ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон) ва истисно кардани саркашӣ аз пардохти андозҳо ва таъмини қонунии гардиши молҳои ба Русия воридшаванда таъсис дода мешавад.
***
Дар Русия ҳангоми хариди мошин маблағи нави утилизатсия (нобудкунӣ) ҷорӣ карда мешавад. Аз 1 апрели соли 2026 дар Федератсияи Русия қоидаҳои таҷдидшудаи ҳисоб кардани маблағи истифодаи мошинҳои аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё воридшаванда ба ҳукми амал медароянд, навиштааст URA.RU.
Тағйирот ба онҳое, ки мошинҳоро дар хориҷа, бахусус аз Беларус ва Қазоқистон ворид мекунанд, таъсир мерасонанд. Онҳо роҳҳои сарфа кардани андозҳоро, ки боиси болоравии нархҳо ва мураккаб шудани раванди воридот мегарданд, мебанданд.
Аз моҳи апрел воридоти инфиродии мошинҳо барои истифодаи шахсӣ аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба воридоти тиҷоратӣ баробар карда мешавад, ки ин имтиёзҳоро аз рӯи ордери даромади гумрукӣ бекор мекунад. Пештар, шахсони воқеӣ метавонистанд мошинҳоеро, ки барои фурӯш пешбинӣ нашудаанд, бе пардохти пурраи маблағи утилизатсия ё бо нархи ҳадди ақал аз қайди давлатӣ гузаронанд.
***
Ҳангоми воридоти мошинҳо тавассути Гурҷистон қоидаҳо тағир меёбанд. Мақомоти ин кишвар тасмим гирифтанд, ки аз 1 апрели соли 2026 воридот, бақайдгирии аввалия ва муваққатии воситаҳои нақлиёти категорияи М1-и аз 6 сола болоро манъ кунанд. Дар ин бора nlevshits.com хабар медиҳад.
Ин тадбир бо масади беҳтар кардани парки мошинҳои сабукрав андешида мешавад ва бояд ба беҳтар шудани ҳолати экологӣ мусодат намояд. зеро ҳоло 80% мошинҳои сабтиномшуда дар кишвар аз синни 10 боло мебошанд.
Бояд зикр кард, ки Гурҷистон чанд сол боз як маркази калони транзитӣ барои интиқоли мошинҳо ба ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ мебошад. Қисми зиёди мошинҳои ба Гурҷистон воридшуда ба Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол меёбанд.
***
Шоҳроҳи «Берлин – Ҳамбург» (Олмон) таҷдид карда мешавад. Ширкати роҳи оҳани Олмон (DB) консепсияи ибораи аз ду марҳилаи ба истифода додани шоҳроҳи «Берлин – Ҳамбург»-ро нашр кард, ки 1 августи соли 2025 барои таҷдиди маҷмаавӣ баста шуда буд.
Тибқи нақшаҳои ибтидоӣ, кушодани ҳаракат пас аз таҷдид 30 апрели соли 2026 пешбинӣ шуда буд, аммо бинобар сардиҳо ва барфҳои ғайримуқаррарӣ барои Олмон дар моҳҳои январ-феврал, баъзе корҳо ба таъхир андохта шуданд, ки ин боиси қафо мондани ҷадвал гадид.
Аз 15 майи соли 2026 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар қитъаи «Ҳамбург – Хагенов» барқарор карда мешавад (ин тақрибан сеяки дарозии шоҳроҳи 278-километрӣ аст), ки имкон медиҳад қатораҳо байни Ҳамбург ва Шверин – пойтахти сарзамини федералии Мекленбург ба роҳ бароянд. Байни Берлин ва Ҳамбург, қатораҳо мисли пештара бо роҳи гардиши ҷанубӣ тавассути Люнебург, Илтсен, Залтсведел ва Штендал ҳаракат мекунанд. Ҳамлу нақл байни шаҳрҳо дар қитъаи «Хагенов – Берлин» бо автобусҳои ивазкунанда анҷом дода мешавад. Кушодани ҳаракат дар тамоми шоҳроҳ 14 июни соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, замоне, ки DB ба ҷадвали тобистона мегузарад.