26-27 марти соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ President.tj хабар медиҳад.
26 март дар қароргоҳи «Кӯксарой» - и Тошканд музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҳайати мащдуд баргузор шуд. Дар ҳамон ҷо сарони давлатҳо аввалин ҷаласаи Шӯрои олии байнидавлатии ду кишварро баргузор карданд.
Зикр гардид, ки тибқи натиҷаҳои соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар, қабл аз ҳама, аз ҳисоби таъминоти мутақобилаи маҳсулоти тайёр қариб ба 1 миллиард доллар расид. Лоиҳаҳои зиёди муштарак дар соҳаҳои саноат, сохтмон, аграрӣ, бофандагӣ, электротехникӣ, дорусозӣ ва ғайра амалӣ карда мешаванд. Имрӯз пойтахтҳои ду кишвар бо роҳи ҳавоӣ, автобус ва роҳи оҳан пайваст шудаанд. Ҳаҷми боркашонӣ босуръат меафзояд. Ҷонибҳо имкониятҳои тиҷорати мутақобиларо дар солҳои оянда то 2 миллиард доллар арзёбӣ карданд. Ба ин созишнома дар бораи суръат бахшидан ба таъсиси маркази савдои наздисарҳадии «Ойбек – Фотехобод», ҷорӣ намудани системаҳои рақамии сертификатсияи молҳо ва мубодилаи рухсатномаҳо барои интиқоли бор, инчунин навсозии нуқтаҳои гузаргоҳи наздисарҳадӣ мусоидат хоҳад кард.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи якуми Шӯрои олии байнидавлатӣ ҷонибҳо маҷмӯи васеи ҳуҷҷатҳоро имзо карданд, ки самтҳои асосии ҳамкориро барои солҳои 2026-2028 муайян мекунанд.
Дар навбати аввал сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев – Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ имзо карданд. Ба Барномаи зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2 миллиард доллари амрикоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон то давраи соли 2030 ва Барномаҳои ҳамкории саноатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов имзо монданд.
Илова бар ин, дар ҳузури сарони ду давлат 18 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба истифодаи системаи рақамии «E-Permit» тасдиқ карда шуд. Зери ҳуҷҷат Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Махкамов имзо гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои музокирот ва ҷаласаи якуми Шӯрои олии байнидавлатӣ изҳор доштанд, ки бастаи ҳуҷҷатҳои имзошуда ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, технология ва бахши аграрӣ такони иловагӣ мебахшад.
Сарвари давлат чунин зикр намуданд:
«Имрӯз мо бастаи нави санадҳоро қабул кардем. Ин санадҳо барои тақвияти ҳамкории тарафҳо дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, рушди технология ва бахши кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд.
Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта афзоиши гардиши мол тақрибан 30 фоизро ташкил дод. Мо қабули фаврии Барномаи зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2 миллиард доллари амрикоиро то соли 2030-ро истиқбол менамоем. Аз пешниҳоди расидан ба ин нишондиҳанда то соли 2028 ҷонибдорӣ менамоем.
Ба мувофиқа расидем, ки кӯшишҳои худро барои густариши минбаъдаи ҳамёрӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, инчунин, мавриди истифода қарор додани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ равона намоем.
Татбиқи ҳамаи ҳадафҳо ва вазифаҳои муайяншуда ба зиммаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ вогузор карда мешавад».
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 январи соли 2025 таҳти рақами 911 дар Тоҷикистон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд.
МАЪЛУМОТНОМАИ МО
Ҳадафҳои Созишнома байни вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар худи ҳуҷҷат чунин зикр шудаанд: таъмини мубодилаи бехатар ва боэътимоди саҳмияҳо (квотаҳо) ва рухсатномаҳо тавассути равандҳои стандартикунонидашудаи мубодилаи электронии маълумот; паст кардани монеаҳои маъмурӣ ва баланд бардоштани суръати коркарди рухсатномаҳо тавассути истифодаи имконоти рақамӣ; пурзӯр намудани назорати истифодаи саҳмияҳо ва рухсатномаҳо.
Ҳуҷҷат ба ҳамлу нақли дуҷонибаи байналмилалӣ дахл дорад. Интиқоли байналмилалии транзитӣ аз кишварҳои сеюм тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, тавре қаблан хабар дода шуда буд, бидуни варақаҳои рухсатнома амалӣ карда мешавад.
E – Permit системаи рақамии мубодилаи варақаҳои рухсатнома мебошад, ки барои танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ пешбинӣ шудааст.
Он ба платформаҳои операторони миллӣ ворид карда мешавад. Кор дар системаи «E-Permit» якчанд марҳиларо дар бар мегирад: бақайдгирӣ, дархост ва пайгирии ҳолат.
Истифодаи системаи «E-Permit» як қатор бартариҳо дорад, аз ҷумла:
Тезонидани таҳия ва мубодилаи ҳуҷҷатҳо. Дархостҳо ба ҷои чанд рӯз ё ҳафта дар бадали чанд дақиқа коркард карда мешаванд, ки барои борҳои зудвайроншаванда муҳим аст.
Кам кардани гардиши коғаз. Гузариш ба низоми комилан рақамӣ изи экологии логистикаро коҳиш медиҳад ва хатари гум шудан ё осебпазирии ҳуҷҷатҳоро коҳиш медиҳад.
Кам кардани таъхир дар сарҳад. Тасдиқи электронии рухсатномаҳо вақти интизориро аз 24 соат то 1 – 2 соат кам мекунад.
Баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ. Имзоҳои рақамӣ ва сабтҳои аудиторӣ ҳуҷҷатҳои қалбакиро пешгирӣ мекунанд ва эътирофи мутақобилаи рухсатномаҳо эътимоди байни кишварҳоро тақвият мебахшад.
Афзоиши гардиши мол. Тибқи арзёбии коршиносон, ҷорӣ кардани «E-Permit» ба афзоиши гардиши мол ба андозаи 15-20% тавассути бартараф кардани афзоиши сунъии арзиши рухсатномаҳо ва беҳдошти равандҳои логистикӣ мусоидат мекунад.