Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР МИНТАҚАҲОИ КУҲИИ КИШВАР СЕЛ ОМАД ВА ТАРМА ФАРОМАД. Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо оқибатҳои офати табииро бартараф мекунанд

Санаи нашр: 12-03-2026 Просмотрено: 3301

Дар баъзе мавзеҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва навоҳии водии Рашт бинобар боришоти зиёди рузҳои 4 – 11 марти соли равон сел омад ва тарма фаромад.

Дар километри 661-уми роҳи байналмилалии «Душанбе – Кулма», дар мавзеи Гундии ноҳияи Шуғнон, инчунин дар километри 33-юми роҳи автомобилгарди «Рӯшон – Бартанг» тарма фаромад. Дар деҳаҳои Аличур ва Мамаддзоири ноҳияи Мурғоб, Хостав ва Сағирдашти ноҳияи Дарвоз сел омад.

Дар ноҳияҳои водии Рашт низ, бахусус лар ноҳияи Нуробод, Сагвор ва Лахш, борону барф боиси фаромадани тарма ва омадани сел гардиданд. Аз аввали моҳи феврал то имрӯз дар роҳи байналмилалии автомобилгарди «Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қиргизистон» ва роҳи автомобилгарди «Лабиҷар-Сангвор-Қалъаихумб» фаромадани беш аз 30 тармаи хурду бузург ба қайд гирифта шуд.

Дар киломатрҳои 171+500,196, 196+800, 198, 203-юми роҳи автомобилгарди «Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қиргизистон» ва километрҳои 3,8,17,22,27,52-юми роҳи «Лабиҷар – Сангвор» сел омад.

Офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои мазкур ба қабати роҳҳо ва инфрасохтори роҳҳо осеб расониданд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе маҳалҳо муваққатан қатъ гардид.

Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои шаҳру навоҳии ВМКБ ва водии Рашт фавран аз паи бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ шуда, роҳҳоро аз барф ва сангрезаю лойқа тоза ва ҷойҳои осебдидаи роҳҳоро таъмир мекунанд. Ҳоло ҳаракати муттасил ва бемамониати воситаҳои нақлиёт дар ҳамаи роҳҳои зикршуда барқарор гардидааст.

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, даҳаи дуюм ва сеюми моҳи март дар Тоҷикистон борон, дар манотиқи куҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Дар навоҳии Варзоб, Шаҳристон, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Файзобод, Рашт, Сангвор, Лахш, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Шуғнон, Ишкошим қабати барф метавонад ба 10-30 см бирасад. Сатҳи об дар дарёҳо баланд мешавад. Бинобарин, дар ин минтақаҳо хатари резиши санг, омадани сел ва фаромадани тарма дар канори роҳҳои байналмилалии «Душанбе – Чанок» ва «Душанбе – Кулма» аз эҳтимол дур нест.

Ба ақидаи ҳавошиносон, ҷамъшавии миқдори зиёди барф, якбора тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво ва бориши борон асосан дар фасли зимистон (декабр-феврал) ва аввали баҳор (март-апрел) бештар мушоҳида мешавад, ки ин боиси рух додани офатҳои табиӣ, аз қабили сангрезиш ва селу тарма мегардад.

Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои кишвар супориш додааст, ки техникаи нигоҳдории роҳҳоро дар ҳолати омода нигоҳ доранд. Вазорат инчунин ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар шароити номусоиди обу ҳаво (борон, барф, туман, шамоли шадид, сел ва тарма) аз эҳтиёт кор бигиранд.