Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Мулоқоти муовини якуми Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ

Санаи нашр: 25-02-2026 Просмотрено: 2221

25 феврал  дар Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти  муовини якуми Вазир Фаррух Неъматзода бо намояндаи Бонки Осиёии сармоягузории  инфрасохторӣ, БОСИ (Asian Infrastructure Investment Bank, AIIB) Искендер Зелеке баргузор гардид.

Зимни  мулоқот ҷонибҳо  натиҷаҳои ҳамкории Вазорат ва Бонки мазкурро дар самти татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби  БОСИ маблағгузорӣ шудаанд, баррасӣ намуданд.

Дар оғоз муовини якуми Вазир ҳайати Бонкро барои ташрифашон ба Вазорат хайрумакдам гуфта, сипас ҷиҳати саъю кушиши тақвият бахшидани ҳамкориҳо ба хотири  рушди соҳаи нақлиёти кишвар ба онҳо изҳори сипос намуд.

Зикр карда шуд, ки айни ҳол, бо дастгирии молиявии Бонки мазкур қисмати сеюми лоиҳаи бунёди роҳи автомобилгарди «Обигарм-Нуробод» оғоз гардидааст. Дар доираи лоиҳа  яке аз пулҳои на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа калонтарин сохта ба истифода дода мешавад, ки дарозии он 920 метрро ташкил медиҳад. Пули мазкур болои обанбори НБО «Роғун» сохта шуда, барои рушди иқтисодиёти кишвар аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.

Дар навбати худ Искендер Зелеке зикр намуд, ки БОСИ низ барои татбиқи чунин лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ҳавасманд буда, омодааст бо ҷониби Тоҷикистон дар ин самт ҳамкориро боз ҳам тақвият бахшад.