Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот кард

Санаи нашр: 23-02-2026 Просмотрено: 3523

23 феврал  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Санҷай Шривастава (Sanjay Srivastava)  ва Директори навтаъини кишварии Бонки мазкур дар Тоҷикистон Гаэл Рабалланд (Gael Raballand)  мулоқот кард.

Зимни вохурии ҷонибҳо масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт, инчунин талаботҳои экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаҳои амалкунандаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ташрифи меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфт ва аз сатҳи ҳамкории вазорат бо БҶ  изҳори қаноатмандӣ намуд.

Вазири нақлиёт Гаэл Рабалландро барои таъин шуданаш ба мансаби Директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ дар  ҶТ табрик  кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки дар давраи фаъолияти номбурда  ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии молиявии Бонки мазкур айни замон дар Тоҷикистон  лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ – БРАМОМ-4» ва лоиҳаи «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон»  мавриди татбиқ қарор доранд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири нақлиёт  Азим Иброҳим изҳор дошт, ки  ҷониби Тоҷикистон минбаъд низ ӯҳдадории худро ҷиҳати риояи меъёрҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои техникаи бехатарӣ,таъмини ҳифзи меҳнат ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои маҳалӣ ва пудратчӣ  тадбирҳои амалӣ меандешад.

Санҷай Шривастава, ки роҳбарии  ҳайати мазкурро дар ин сафар ба  уҳда дошт, зикр  намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ низ барои боз ҳам тақвият бахшидани  муносибатҳо ҳавасманд буда, минбаъд низ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар  соҳаи роҳу нақлиёт бо вазорат ҳамкорӣ  мекунад.