Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар як рӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе беш аз 1000 бех ниҳоли арча шинонда шуд. 17 феврал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Низоми Ганҷавии ноҳияи Сино, хиёбони Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур ва шаҳраки 61-и ноҳияи Фирдавсӣ бо риояи талаботи агротехникӣ зиёда аз 1000 бех арча шинонида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи ташаббуси «400-рӯзи ташаббускорӣ – иқдоми ҳизбиёни пойтахт барои таҷлили 35-солагии соҳибистиқлолӣ» ва дар доираи амалӣ намудани ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи марказӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрию ноҳиявии ҳизб фаъолона иштирок намуданд.
Дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар ҳудуди КВД «Боғи Ғалаба» ва минтақаҳои дарахтзори шаҳри Душанбе 3600 бех ниҳоли ороишии коҷ шинонида шуд.
***
Дар ду канори шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе – Чанок», дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд беш аз 5 ҳазор бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида шуд. Дар ин бора 19 феврал АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар додааст.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ садҳо нафар сокинони ноҳия, кормандони ташкилоту муассиса ва ҷавонону фаъолон иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ки соли 2026 тибқи нақша дар ноҳияи Мастчоҳ 70 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад.Ин иқдом ба беҳтарсозии вазъи экологӣ, пешгирии биёбоншавӣ ва фароҳам овардани муҳити сабзу хуррами зиндагӣ барои сокинон равона гардидааст.
***
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи 88-уми сегменти сатҳи баланди Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар қароргоҳи Созмон дар шаҳри Женева иштирок намуд. Дар ин бора 20 феврал АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Шарапф Шерализода оид ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои мамлакат дар соҳаи нақлиёт, татбиқи барномаю стратегияҳо, рушди долонҳои нақлиётӣ ва аҳамияти стратегии онҳо дар пайвастагии устувори минтақа, рақамикунонӣ ва низоми нақлиёти устувор маълумот манзур намуд.
***
Воридоти мошинҳои сабукрав ба Тоҷикистон зиёд шудааст: аз кадом кишварҳо мошин меоранд? Соли 2025 ба Тоҷикистон ба маблағи 684,9 млн доллари ИМА, 63 ҳазору 961 мошини сабукрав ворид шудааст, ки ин рақам назар ба соли 2024 ба миқдори 16 ҳазору 667 адад зиёд аст. Дар ин бора Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Соли 2024 ба кишвар ба маблағи 521,2 млн доллар, 47 ҳазору 294 мошини сабукрав ворид шуда буд.
Ба иттилои Хадамоти гумрук, қисми бештари воситаҳои нақлиёт аз 10 кишвари зерин ворид шудааст: Чин - 28%; Русия - 26,9%; Қазоқистон - 13,3%; Ӯзбекистон - 5,2%; Эрон - 4,5%; Белорус - 2,6%; Туркия - 2,4%; Ҷумҳурии Корея - 2,4%; Олмон - 1,6%; Ҷопон - 1,4%.
Ҳамчунин, Хуршед Каримзода илова кард, ки соли гузашта воридоти нақлиёти барқӣ, аз ҷумла, электромобилҳо, электробусҳо ва тролейбусҳо ба маблағи 1 млрд 181 млн сомонӣ аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуд.
Тавре қаблан хабар дода будем, то 1-уми июни соли 2025 дар кишвар 34 ҳазору 354 нақлиёти барқӣ буд. Соли 2024 ба Тоҷикистон 17 ҳазору 695 ва давоми 5 моҳи аввали соли гузашта 12 ҳазору 821 электромобил ворид шудааст.
Дар маҷмуъ, дар Тоҷикистон ба ҳолати 1 июни соли сипаришуда 701 ҳазору 231 адад воситаи нақлиёт, аз ҷумла, 676 ҳазору 782 адад мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст.
***
Терминали куҳнаи Фурудгоҳи Душанбе тахриб вам ба ҷои он терминали нав сохта мешавад. Дар ҷойи терминали куҳнаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нав бунёд мешавад, ки он дар як сол имкони хидматрасонӣ ба қариб 3 млн мусофирро хоҳад дошт. Дар ин бора Раиси ин фурудгоҳ Зайнулло Шарифзода 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, навиштааст «АП».
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳакашӣ ба анҷом расида, сохтмони терминали нав, ки ҳоло барои парвозҳои маҳаллӣ истифода мешавад, рӯзҳои наздик оғоз меёбад. Терминал дар муҳлати то ду сол сохта хоҳад шуд.
Дар баробари ин Директори Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода дар нишасти матбуотии рӯзи 28-уми январ гуфт, ки имсол терминали фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб низ таҷдиду навсозӣ мешаванд.
Бояд гуфт, ки то соли 2014 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе танҳо як терминал дошт, ки он ҳам замони шӯравӣ сохта шуда буд. Парвозҳои дохиливу хориҷӣ танҳо тавассути ин терминал анҷом меёфт.
Терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки бо маблағгузории Фаронса ва ширкати VINCI Construction Grands Projets сохта шуд, расман рӯзи 3-юми сентябри соли 2014 ба истифода дода шуда буд.
***
Нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон ба воситаҳои нақлиёти барқӣ мегузарад. Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар робита ба лоиҳаи «Ҷорӣ намудани нақлиёти барқии ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон, марҳилаи 2» дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Парлумони Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», ҷаласаи Шӯрои маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 феврали соли 2025 таҳти роҳбарии Раиси палатаи поёнии Парлумони мамалакат Файзалӣ Идизода баргузор гардид.
Тавре ки рӯзномаи «Коммерсантъ» менависад, «бозори ҷаҳонии нақлиёти барқӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёт фаъолона рушд мекунад. Фурӯши мошинҳои барқии сабукрав аллакай ба 14 миллион адад дар як сол наздик мешавад. Тадриҷан нақлиёти ҷамъиятӣ дар бисёр кишварҳо, хусусан дар шаҳрҳои бузург, ба қувваи барқ мегузарад».
***
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок кард. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи 88-уми сегменти сатҳи баланди Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, ки дар қароргоҳи Созмон дар Женева баргузор гардид, иштирок кард. Дар ин бора 20 феврал АМИТ «Ховар» хабар дод.
Шараф Шерализода дар бораи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар дар соҳаи нақлиёт, татбиқи барномаҳо ва стратегияҳо, рушди долонҳои нақлиётӣ ва аҳамияти стратегии онҳо барои ҳамбастагии устувори минтақавӣ, инчунин рақамисозӣ ва ташаккули системаи устувори нақлиётӣ маълумот дод.
ДАР МИНТАҚА
Дар Қазоқистон мехоҳанд аз асфалтпӯш кардани роҳҳои байни деҳаҳо бо сабаби гаронии ин кор даст кашанд. Вазорати нақлиёти ҶТ лоиҳаеро таҳия кардааст, ки тибқи он дар Қазоқистон муваққатан даст кашидан аз мумфаршкунонӣ ҳангоми сохтмони роҳҳо ба деҳот пешбинӣ мешавал, хабар додааст NUR.KZ.
Дар ҳуҷҷат нишон дода шудааст, ки бо фармон маҳдудиятҳои муваққатӣ барои истифодаи пӯшиши асфалтбетонӣ ва сементбетонӣ ҳангоми банақшагирӣ, сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳҳои автомобилӣ ҷорӣ карда мешаванд.
Сухан дар бораи роҳҳои аҳамияти вилоятӣ ва ноҳиявӣ бо шумораи аҳолии камтар аз 500 нафар ё бо шиддати миёнаи ҳаракати шабонарӯзӣ камтар аз 500 воситаи нақлиёт дар як шабонарӯз меравад.
Муҳокимаи оммавии лоиҳа то 5 марти соли ҷорӣ идома меёбад.
***
Дар Узбекистон 4 ҳазор километр роҳ ба автобан (шоҳроҳ) табдил дода мешавад. Дар кишвар таҷдиди васеи шабакаи роҳҳо ба нақша гирифта шудааст. Роҳҳо бо дарозии умумии 4 ҳазор километр ба шоҳроҳҳои баландсуръат (автобанҳо), ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд, табдил дода мешаванд. Дар ин бора агентии иттилоотии Podrobno.uz хабар медиҳад.
Лоиҳа самтҳои асосии пайвасткунандаи Андиҷон бо Кунград, Тошканд бо Термиз, Самарқанд бо Шаҳрисабз, инчунин Олот бо Сариосиёро фаро мегирад.
Тибқи фармони Президенти ҶУ аз 16 феврал, ки барномаи ислоҳоти соли 2026-ро тасдиқ кардааст, барои амалӣ намудани ин мақсадҳо моҳи марти соли равон Барномаи сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард барои солҳои 2026-2030 таҳия карда мешавад. Маблағгузории лоиҳа аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ҷалби сармоягузории институтҳои байналмилалии молиявӣ ба нақша гирифта шудааст.
Илова ба сохтмони автобанҳо, барнома таҷдиди роҳҳоро дар вилоятҳои Қароқалпоқистон, Бухоро, Қашқадарё ва Сурхондаре пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, навсозии 220 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва давлатӣ, инчунин 80 километр роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
***
Системаи «чароғакҳои ҳушманд» дар тамоми пойтахти Қирғизистон амалӣ карда мешавад, мегӯяд директори департаменти нақлиёт. Шаҳрдории Бишкек тибқи лоиҳаи озмоишӣ дар 21 чорроҳа «чароғакҳои ҳушманд» насб кард, гуфт директори Департаменти нақлиёт ва рушди инфрасохтори роҳу нақлиёти шаҳрдории пойтахти ин кишвар Уланбек Бейшенбаев ба хабарнигорон аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои роҳ 19 феврал. Дар ин бора АКИргеѕѕ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, «чароғакҳои ҳушманд» дар чорроҳаҳои кӯчаи Токомбоев аз кӯчаи Нурқамал то кӯчаи Байтик Баатыр ва кӯчаи Байтик Баатыр/Абдраҳмонов то кӯчаи Куренкеев насб карда шуданд.
«Дар шаҳри Бишкек минбаъд ин лоиҳа васеъ карда мешавад. Корхонаи «Маркази технологияҳои рақамӣ» аллакай ба фаъолият шуруъ кардааст. Пас аз 2-3 моҳ, татбиқи лоиҳа дар кӯчаҳои дигар оғоз меёбад. Системаи автоматикунонидашудаи идоракунии ҳаракат дар тамоми қаламрави шаҳри Бишкек ҷорӣ карда мешавад». – гуфт Бейшенбаев. Вай зикр намуд, ки лоиҳаи озмоишӣ самаранок аст. «Дар дигар шаҳрҳои пешрафта низ ин система кор мекунад», – илова кард директори департаменти нақлиёт.
***
Дар Афғонистон дар воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар GPS-трекерҳо насб карда мешаванд. Вазорати нақлиёт ва авиатсияи Афғонистон дар бораи имзои созишномаҳо бо шаш ширкати хусусӣ барои насби трекерҳои GPS дар мошинҳои боркаш ва мусофирбар дар саросари кишвар хабар дод, иттилоъ медиҳад портали AVA-press.
Тибқи ин созишномаҳо, ширкатҳои пудратчӣ вазифадоранд, ки трекерҳоро ба мошинҳои боркаш ва мусофиркашоне, ки дар тамоми вилоятҳои Афғонистон ва хориҷа ҳаракат мекунанд, насб кунанд ва инчунин барои истифодаи ин технология шароити зарурӣ фароҳам оранд.
Гуфта мешавад, мақсади ин иқдом баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, беҳтар кардани идоракунии ҷараёни ҳаракати нақлиет ва таъмини назорати дақиқи ҳаракати воситаҳои нақлиёт мебошад.
ДАР ҶАҲОН
Дар шабакаи интернет ронандагон масъалаи эҳтимоли дар истгоҳҳои сузишвории Белорус аз байн рафтани бензини навъи АИ-92-ро фаъолона шарҳ медиҳанд. Тавре дар «Белнефтехим» мушаххас карда шуд, барои ин, инчунин тамоюлҳои вобаста ба талаботи замон ва рушди технология заминаҳо мавҷуданд. Дар ин бора 19 феврал агентии давлатии «БелТА» шарҳ нашр кард.
«Тибқи омори ширкати мо, талабот ба бензини 92 воқеан коҳиш ёфтааст. Шумораи бештари ронандагон ба AI-95 бартарӣ медиҳанд. Албатта, зиндагӣ дар як ҷо намеистад. Имрӯзҳо мошинҳои ҳам шаҳрвандон ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ дар парки мошинҳои Белорус хеле муосир ва ба тамоюлҳои бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошан», – мегӯяд Раиси консерни «Белнефтехим» Илья Икан.
***
Беларус аз протоколи ҳамкории мақомоти гумруки ИДМ ҳангоми назорати пас аз гумрукӣ хориҷ мешавад. Кишвар аз протоколи ҳамкории мақомоти гумруки ИДМ ҳангоми татбиқи назорати пас аз гумрук, ки дар рушди муқаррароти созишномаи ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила дар корҳои гумрукӣ аз 15 апрели соли 1994 таҳия шудааст, хориҷ мешавад.
Ин бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Белорус аз 16 феврали соли 2026 таҳти № 84 пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад агентии дапвлатии иттилоотии «БелТА».
***
Вазорати нақлиёти Русия ният дорад, ки барои дастгирии роҳи оҳани ФР 65 миллиард рубл дарёфт кунад. Дар ин бора муовини Сарвазири Русия Виталий Савелйев дар ҷаласаи ҷамъбастии раёсати роҳи оҳани Русия изҳор дошт, хабар дод ТАСС 11 феврал.
Вай зикр кард, ки ҳаҷми нақшавии боркашонӣ дар соли ҷорӣ на камтар аз 1 миллиард 132 миллион тоннаро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки нишондиҳандаи нақшавии боркунӣ дар моҳи январ иҷро нашудааст.
Муовини Сарвазир афзоиши боркашониро вазифаи калидии роҳи оҳани Русия номид. Вай хотиррасон кард, ки барномаи сармоягузории роҳи оҳани кишвар барои соли 2026 дар ҳаҷми беш аз 713 миллиард рубл мувофиқа шудааст.
«Ва имрӯз вазифаи асосии роҳи ощани Русия афзоиши ҳаҷми боркашоӣ мебошад.
***
Аз феврали соли 2026 дар баъзе минтақаҳои Русия қоидаҳои истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ тағйир ёфтанд. Қоидаҳои сафар дар автобусҳо, трамвайҳо, троллейбусҳо ва микроавтобусҳо нав карда шуданд. Тағирот бо гузариш ба пардохти ғайринақдӣ ва афзоиши шикоятҳо дар бораи чиптаҳо, бағоҷ ва рафтори мусофиронку ронандагон алоқаманданд.
ПАРДОХТИ РОҲКИРО: ҒАЙРИНАҚДӢ БЕҲТАР АСТ. Интиқолдиҳандагон талаб мекунанд, ки ҳангоми ворид шудан бо корти нақлиётӣ ё бонкӣ ҳақи роҳкироро якбора пардохт кунанд. Дар сурати зарурат пули нақд ҳам мешавад, аммо танҳо бо додани ҳатмии чипта: пул «ба дасти ронанда бе чипта» ба сафари пардохтнашуда баробар аст. Барои мусофир муҳим аст, ки валидатор пардохтро тасдиқ кунад (садо, сигнали сабз) ва чипта ё чеки электрониро то охири сафар нигоҳ дорад. Агар пардохт «нагузаштааст», ҳангоми санҷиш сафари мусофир ҳамчун сафари бе чипта ҳисобида мешавад.
ВУРУД ВА ФУРУД: ТАНҲО ДАР ИСТГОҲҲО. Дар бисёр шаҳрҳо назорати вуруд ва фуруд дар истгоҳҳо пурзӯр карда мешавад. Даромадан аксар вақт аз дари пеш (дар ҷое, ки имконпазир аст), баромадан аз дарҳои боқимонда.
БАҒОҶ, АРОБАЧАҲО: МАҲДУДИЯТҲОИ МУШАХХАС. Аробачаҳои кӯдакон ва маъюбон то ҳол ройгон, вале ба таври қатъӣ дар ҷойҳои таъиншуда ва бо қулф, одатан аз дари миёна/қафо интиқол дода мешаванд. Бағоҷи миёна ва калон набояд гузаргоҳ ва дарҳоро бандад — ҳангоми вайронкунии ин қоида ронанда ҳуқуқ дорад аз сафар даст кашад. Мақсад кам кардани низоъҳо ва таъмини гузариши озоди мусофирон дар салон мебошад.
РАФТОР ДАР САЛОН ВА НАЗОРАТ. Дар қоидаҳо манъкуниҳои аллакай маълум аз нав таъкид карда мешаванд: сафар дар ҳолати мастӣ, нӯшидани машрубот, тамокукашӣ ва истифодаи вейп, мусиқии баланд бе гӯшмонакҳо. Назорат сахттар мешавад: тафтишгарон ва бригадаҳои мобилӣ на танҳо огоҳкунии шифоҳӣ, балки ҷаримаҳоро бештар ба кор мебаранд.