Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти ҶТ бо муовини Вазири роҳҳо ва шаҳрсозии ҶИЭ мулоқот кард

Санаи нашр: 21-02-2026 Просмотрено: 3136

17 феврал Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини Вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Меҳрон Қурбони Маҳмуд мулоқот кард. Дар мулоқот масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт, рушди инфрасохтори логистикӣ ва истифодаи иқтидорҳои транзитии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Азим Иброҳим аз имкони баргузории ин мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои стратегӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти хоса медиҳад.

Ҷонибҳо масоили муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт баррасӣ намуданд.

Вазир зикр намуд, ки ҳамкории ду кишвар дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти ҶТ ва Вазорати роҳу шаҳрсозии  ҶИЭ оид ба  тавсеи  ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 30 майи соли 2022 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расида буд, бемайлон рушд мекунад.

Минҷумла, Вазир, бо  истинод ба натиҷаҳои соли 2025,  ба тамоюли рушди устувор дар ҳамлу нақли байни ду кишвар ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии ҳамлу нақли автомобилӣ ба 163,7 ҳазор тонна расид, ки ин нисбат ба соли 2024 ба андозаи 50% зиёд аст.

 Мулоқоти Вазири нақли1ти ҶТ ва муовини Вазири роҳҳо ва шаҳрсозии ҶИЭ дар фазои дӯстӣ ва  ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.