Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи ширкати «Samil PwC»-и Ҷумҳурии Корея

Санаи нашр: 24-02-2026 Просмотрено: 4175

10 феврали соли 2026 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Азим Иброҳим  бо  намояндаи ширкати «Samil PwC»- и Ҷумҳурии Корея, менеҷери лоиҳаи Асосноккунии техникӣ – иқтисодии таъсиси Маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Ок Донг Ю  мулоқо кард.

Зимни мулоқот Вазири нақлиёт иброз дошт, ки лоиҳаи Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таъсиси Маркази логистикӣ (бо назардошти тарҳи муқаддимавӣ, Basic Design) дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» яке аз лоиҳаҳои муҳим буда, метавонад ба рушди низом ва иқтидори логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Гуфта шуд, ки ваъзи ҷуғрофии лоиҳа, ки дар шафати шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма» ҷойгир аст, имкон медиҳад ки маркази логистикии мазкур ҳамчун маркази логисткии минтақавӣ хизмат намуда, ба он тавассути долони мултимоддалии «Чин-Тоҷикстон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия ва кишварҳои Аврупо» молу коло интиқол дода шавад.

Сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва оҳан, нақбҳо, пулҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати ба кишвари ҷолиби трантизитии минтақа табдил додани Тоҷикистон  амалӣ карда мешаванд. Аммо бе мавҷуд будани марказҳои логистикии муосир ва дар маҷмуъ инфрасохтори логистикии зарурӣ ин кор душвор аст. Аз ин лиҳоз, лоиҳакашӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ дар кишвар  амри муҳим ва талаботи замон арзёбӣ мешавад.

Дар мулоқот намояндаи ширкати «Samil PwC»- и Ҷумҳурии Корея Ок Донг Ю –  менеҷери лоиҳаи болозикр, оид ба рафти татбиқи лоиҳа ва корҳое, ки дар доираи  он ба нақша гирифта шудаанд, маълумот дод.