Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

РОҲИ САФЕД! Корхонаҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи густариши робитаҳо ба мувофиқа расиданд

Санаи нашр: 20-02-2026 Просмотрено: 2891

Роҳбарияти корхонаҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва рушди  долонҳои  нақлиётӣ, ки Осиёи Марказиро бо бозорҳои ҷаҳонӣ мепайванданд, мувофиқа ҳосил карданд.

Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоикистон» Комил Мирзоалӣ рӯзи сешанбе, 17 феврал бо Раиси ҶСК «НК Қазоқ темир жолы» («Роҳи оҳани Қазоқистон») Талгат Алдибергенов, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омада буд, мулоқот кард.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки Қазоқистон дар тӯли солҳои зиёд пайваста ба «сегонаи» бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон шомил аст. Соли 2025 гардиши мол  миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон 1,19 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан байни ду кишвар 15,1% афзоиш ёфта, ба 5,9 миллион тонна расид.

Тоҷикистон аз Қазоқистон асосан гандум, ҷав, равған, маҳсулоти нафтӣ,  фулузот, нуриҳои минералӣ ворид месозад ва ба ин кишвар пахта, алюминий ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда, инчунин  меваву сабзавот содир мекунад. Роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки корҳоро оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии хатсайрҳои роҳи оҳан, таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар минтақа, ҳамгироии минбаъдаи равандҳои логистикӣ, рақамисозии ҳуҷҷатҳо ва рушди якҷояи долонҳои  нақлиётӣ, ки Осиёи Марказиро бо бозорҳои ҷаҳонӣ мепайванданд, идома медиҳанд.

Зикр карда шуд, ки ҳамкории  байни КВД  «Рохи охани Точикистон» ва ҶС «Қазақстан темир жолы» ба муносибатҳои бисёрсолаи шарикӣ асос ёфта, ба таъмини алоқаи бефосилаи нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва  Қазоқистон  равона шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот Протоколи дуҷониба дар бораи натиҷаҳои  ҳамкорӣ дар  соли 2025 ва нақшаҳо барои  соли 2026 ба имзо расид.

Ҳамчунин дар доираи сафар мулоқоти Раиси ҶС «Қазақстан темир жолы» бо муовини якуми Сарвазири ҶТ Ҳаким Холикзода  ва Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин баргузор шуд. Дар рафти гуфтушунидҳо тарафҳо чанбаҳои  асосии таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро муфассал баррасӣ намуда, самтҳои стратегии рушди иқтидори транзитӣ-логистикии ду давлатро муайян намуданд. Ба таъсиси долонҳои  самараноки нақлиётӣ ва афзоиши ҳаҷми боркашонӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.   

Интизор меравад, ки афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва ташаккули хатсайрҳои самараноки нақлиётӣ ба ҳамкории иқтисодии байни кишварҳо такони иловагӣ хощад бахшид.

Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 25 марти соли 2026, дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайеҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистонро дар доираи хатсайри ягона мепайвандад. Дар ин бора қаблан хадамоти матбуотии ҶС «Қазоқистон темир жолы» хабар дода буд. Хатсайр шаҳрҳои Алмаато, Туркистон, Самарқанд, Душанбе ва Тошкандро бо бозгашт ба Алмаато дар бар мегирад. Барномаи сафар шиносоӣ бо фарҳанг, анъана ва мероси мусиқии халқҳои Осиёи Марказиро пешбинӣ мекунад.

Мавриди зикр аст, ки қарор дар бораи ташкили қаторҳои сайёҳӣ байни Қазоқистон ва Узбекистон  охири соли 2024 қабул шуда буд. Бори аввал масири лоиҳа то Душанбе дароз карда шуд.