Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ҲХДТ РОҲНАМОИ МОСТ! Дар МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрастониҳои логистикӣ» ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд

Санаи нашр: 19-02-2026 Просмотрено: 3931

Дар Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрастониҳои логистикӣ» (НАХЛ) -и Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

18 феврал, дар асоси Онномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  дар Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрастониҳои логистикӣ» (НАХЛ)-и Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Умеди Содиқиён, муовини Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Нақлиётчӣ» -и Вазорати нақлиёти ҶТ Нисо Бобоева, Директори МД  НАХЛ Фаррух Ашӯрзода, кормандони ин муассиса ва собиқадорони ҳизб аз соҳаи роҳу нақлиёт ширкат намуданд.

Бо пешниҳоди маҷлиси муассисон ва дастгирии ҳозирин дар МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрастониҳои логистикӣ» Ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо номи «Логистика» таъсис дода, Директори муассиса Фаррух Ашӯрзода Раиси он ва Камолиддин Ғуломзода муовини ӯ интихоб гардиданд.

Сипас ба 17нафар ҷавононе, ки ба сафи ҲХДТ пайвастанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Зикр карда шуд, ки дар ҷалби кормандони фаъол, бахусус ҷавонон ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ин ҳизб дар корхонаю муассисаҳои тобеи вазорат саҳми Вазири нақлиёт, Раиси ТИҲ «Нақлиётчӣ» Азим Иброҳим, ки  яке аз тарғибгарони фаъоли  ҳадафҳои неку созандаи ҲХДТ ба шумор меравад, арзанда аст.

Ёдовар мешавем, ки 17 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат зимни суханронӣ дар ин маҷлис ба нақши ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар маҳалҳо ва корхонаю муассисаҳо ҷиҳати  таблиғу тарвиҷи  оромонҳо ва татбиқи нақшаю барномаҳои ҳизб баҳои баланд доданд.   Зикр карда шуд, ки  ҳоло Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоту муассисаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад, ки тавассути онҳо барномаҳои созанда амалӣ месозад.

Дар идомаи маҷлис аз ҷониби Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ барои давраи сипаришуда ва вазифаҳо барои оянда мушаххас карда шуданд. Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбаранда дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар нақши калидӣ дошта, фаъолияти он дар татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум возеҳ эҳсос мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки масъалаи дар зеҳну шуури шаҳрвандон, хусусан, ҷавонон тарбия кардани ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, волоияти қонун  бояд минбаъд низ дар маркази таваҷҷуҳи ҳизб ва сохторҳои маҳаллии он қарор дошта бошад.