Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Кормандони соҳаро бо ин ҷашни бузурги милли Вазири нақлиёт Азим Иброҳим табрику таҳният гуфт.
Матни табрикоти Вазир дар зер пешниҳод мегардад.
Дӯстони азиз, ҳамкасбони арҷманд,
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат бо шукуҳу шаҳомоти хоса таҷлил мегардад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва аз рӯзи қабул шудани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расо 33 сол сипарӣ мешавад.
12 маи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки бо чунин ҷумла шуруъ мешавад: «Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд».
Бо нишони эҳтиром ва садоқати бепоён ба Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 санаи 24 ноябрро «Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.
Бо камоли майл ва ифтихор ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми ҳаҳрвандони кишварамонро бо ин ҷашни бузурги миллӣ табрику таҳният мегӯям!
Ҳамкорони гиромӣ,
Аз сарчашмаҳои қадимӣ бармеояд, ки парчамдорӣ ва эҳтирому арҷ гузоштан ба он яке аз суннатҳои пешгузаштагони мо будааст. Ин нукта ҳанӯз пеш аз милод дар китоби «Авасто» зикр ёфта, баъдан дар достони «Коваи оҳангар»-и «Шоҳнома»- и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ қисса карда шуддаст. Устод Фирдавсӣ дар ин достон ҳикоят кардааст, ки аввалин парчами ниёгони мо аз ҷониби Коваи ҳунарманд, ки аз оҳан ашёҳои гуногун месохт, омода гардида буд. Ӯ барои озод намудани халқ аз зулму ситами Заҳҳок ба муқобилаш бархост ва аз пешдомани чармини худ парчам сохт. Аз он на об ба зудӣ гузашта метавонист ва на оташ, аз ин рӯ парчами сохтаи ӯ рамзи шикастнопазириро ифода менамуд. Коваи оҳангар мардумро зери ин парчам ҷамъ овард ва муттаҳид сохт.
Баъдтар ин пораи чарм номи «Дирафши Ковиён»- ро гирифтааст ва аз ҳамон аҳди қадим то поёни давлати Сосониён дар соли 651 милодӣ, яъне дар тӯли садҳо сол ҳамчун нишонаи муборизаю шуҷоати миллати куҳанбунёди тоҷик шинохта шудааст.
Тавре Эъломияи Куруши Кабир аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон арзёбӣ гардидааст, Дирафши Ковиён низ нахустин парчами миллӣ дар дунё эътироф шудааст.
Номи «Дирафши Ковиён» то имруз аз ёдҳо зудуда нашудааст ва аҳамияти худро гум накардааст. Бо ин ном дар кишварҳои форсизабон китобу рисолаҳо таълиф ва ташкилоту муассисаҳо таъсис дода шудаанд.
Солҳои 80-уми асри гузашта рӯзномаи Созмони ҷавонони Ҷумҳурии Демократии Афғонистон «Дирафши Ковиён» ном дошт.
Аз ҳама муҳимаш, дар маркази Ливои (штандарти) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли соли 2006 мавриди истифода қарор дорад, тасвири Дирафши Ковиён ҷой дода шудааст, ки ин рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.
Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст. Қисмати чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» — чаҳор қисмати гетӣ буда, рамзи равобити нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон аст. Дар дохили «Дирафши Ковиён» чаҳор шохаи марғула дар даври Хуршед – ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, гардиши замин ва дигар аносири кайҳон дар атрофи хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошад.
Дӯстони арҷманд,
Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат сар карда, то хизматчии одии давлатӣ ва сарбози қаторӣ савганд ёд мекунанд. Маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992, дар иҷлосияи таърихии Хуҷанд Парчами давлатиро бӯсиданд ва намунаи барҷаста ва ибратангези эҳтирому садоқати бепоён ба рамзҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолро нишон доданд.
Боби дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурра ба Парчами давлатӣ бахшида шуда, дар он тартиби истифода, ҷойгиркунӣ ва афрохтани Парчами давлатӣ зикр ёфтааст.
Рангҳои Парчами миллӣ дар худ маъниҳоеро таҷассум менамоянд, ки ба миллати мо қаринанд: ранги сурх – озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – сулҳ ва субот, ранги сабз – ободӣ ва ривоҷу равнақро таҷассум намудаанд.
Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли 2011 бахшида ба 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии мо ба пояи 165 метр баланд карда шуд ва ҳамчун баландтарин парчам дар ҷаҳон ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил гардид. Дар ибтидо паҳноии Парчам 30 метр, дарозии он 60 метр ва вазнаш 420 килограммро ташкил медод. Худи ҳамон рӯз дар маросими бошукуҳи ифтитоҳи ин иншоот дар шаҳри Душанбе намояндагони «Китоби рекордҳои Гиннес» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳодатномаи рекорди нави ҷаҳониро супориданд.
Он рӯзҳо ин руйдоди таърихӣ муҷиби ифтихору шодӣ ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон гардид. Дар он рӯзҳо дар кучаҳои марказии пойтахтамон иштирокчиёни намоиши ҷашнӣ парчами давлатии зиёда аз дуҳазорметраро болои сар бардоштанд ва парафшон намуданд.
Пас аз ин дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бунёди пояҳои Парчами давлатӣ оғоз пазируфт. Онҳо бо ибтикор ва иштироки бевоситаи Сарвари давлаат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишварамон қомат афрохтаанд. Аз ҷумла, соли 2016 дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ парчаме гузошта шуд, ки бо назардошти баландии шаҳр аз сатҳи баҳр он яке аз баландтарин дар ҷаҳон арзёбӣ шуд.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Парчами давлатии Тоҷикистон аз ҷониби фарзандони ватандӯсти миллат дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардид. Чанд рӯз пеш расонаҳо хабар доданд, ки дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар гушаҳои гуногуни олам ба шарафи варзишгарони тоҷик зиёда аз 320 маротиба баланд бардошта шуд.
Парчами давлатии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар бинои сафорату консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар парафшон карда шуд. Соли 2009 Парчами давлатии Тоҷикистон дар истгоҳи қутбӣ дар Антарктида, соли 2016 дар болои қуллаи Исмоили Сомонӣ дар куҳҳои Помир дар баландии 7495 метр ва ҳамон сол дар болои қуллаи дар ҷаҳон машҳури Фудзиямаи Ҷопон, соли 2021 дар қуллаи баландарини ҷаҳон Эверест дар баландии 8848 метр дар куҳҳои Ҳимолой, дар сарҳади Чин ва Непал, устувор карда шуд.
Парчами давлатии Тоҷикистон ҳатто ба кайҳон бурда шуд: кайҳоннаварди тоҷиктабори Русия Солиҷон Шарифов ба хотираи бобои тоҷикаш Парчами давлатии Тоҷикистонро вақти парвоз ба кайҳон бо худ гирифт ва парчам муддати 193 рӯз дар мадори кайҳон қарор дошт. 24 ноябри соли 2022 Солиҷон Шарифов ин нусхаи Парчами давлатиро ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуд.
Ҳамкорони азиз,
Ҳамаи ин саҳифаҳои таърихи Парчами давлатии Тоҷикистонро барои он ёдовар шудам, ки онҳо бояд дар дилу хотири мо ҷой дошта, муҷиби ифтихору сарбаландии мо бошанд.
Парчами давлатӣ нишони ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллии ҳар кадоми мост. Дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз барои Ватанамон, ҳангоми муборизаю ҷонбозиҳо барои ҳифзи марзу буми он, таҳкими давлатдории тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди иншооти азим, аз қабили Неругоҳи барқи обии «Роғун», сохтмони шоҳроҳҳо, пулу нақбҳо ва ғайра Парчами давлатӣ мардуми моро рӯҳу илҳом бахшида, ба суи корнамоию музаффариятҳо раҳнамун сохтааст.
Минбаъд низ Парчами давлатии Тоҷикистон моро ба сӯи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт ҳидоят хоҳад намуд.
Мавриди зикр аст, ки моҳи октябри соли 2016 Парлумони Тоҷикистон ислоҳотро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» тасдиқ кард. Тибқи тағйирот шаҳрвандони кишвар ҳуқуқ доранд, ки ба нишони эҳтиром ба рамзҳои давлатии ҷумҳурӣ дар болои хонаҳои худ парчам гузоранд. Ин ҳуқуқ ба ширкатҳо ва корхонаҳои хусусӣ, новобаста аз шакли моликияти онҳо низ дода шудааст.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
Поянда бод Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон!
Парафшон бод Парчами давлатии Тоҷикистон!
Саломату сарбаланд бошед!