Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

САММИТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЕИ МАРКАЗӢ ДАР ТОШКАНД. Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар минтақа фазои ягонаи нақлиётӣ-логистикӣ таъсис дода шавад

Санаи нашр: 18-11-2025 Просмотрено: 3244

16 ноябр дар Тошканд, пойтахти Узбекистон Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки оар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ додааст.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои мубрами муносибатҳои кишварҳои минтақа, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамсояии нек, инчунин масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии гарм ва ташкили вохӯрӣ дар сатҳи баланд изҳори сипос намуданд. Пешвои миллат оид ба нақш ва мавқеи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки минбари он бо эътимод мавқеи худро ҳамчун иштирокдори муҳимми равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ устувор мегардонад.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки минтақаи мо бо иқтидори назаррас маркази рушди тиҷорат, транзит, энергетика, илм ва сайёҳӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисодиро заминаи устувори оянда номида, зарур шумурданд, ки иқтисоди минтақавӣ тавассути ҳамкорӣ ва навовариҳо густариш дода шавад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки барои рушди ҳамгироии истеҳсолӣ, таҳияи механизми минтақавии ҳамкории саноатӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, таҷдиди долонҳои роҳи оҳан, васеъ намудани нақлиёти ҳавоӣ ва мултимодалӣ (омехта) иқдомҳои муштараки созанда зарур аст.

Дар ин робита муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки фазои ягонаи нақлиётӣ ва логистикии Осиёи Марказӣ ташаккул дода шавад.

Истифодаи самараноки имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишварҳои минтақа зарур шумурда шуд.

Бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни иқтисоди рақамӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар ин соҳа, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

Ба андешаи Сарвари давлати мо вазифаи ин марказ таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ хоҳад буд.

Бо истифода аз фурсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ ҷиҳати қабули Қатъномаи махсус таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, изҳори сипос намуданд.

Илова бар ин, гуфта шуд, ки таъсиси платформаи ягонаи рақамӣ барои рушди тиҷорати электронӣ, ки имрӯз ба нерӯи пешбарандаи иқтисодиёт табдил ёфтааст, мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Манбаъ: www.President.tj