Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Тоҷикистон ва Фаронса густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт баррасӣ карданд

Санаи нашр: 15-10-2025 Просмотрено: 4324

Имрӯз дар Душанбе мулоқоти муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл баргузор гардид.

Дар ҷараёни гуфтушунид дурнамои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар соҳаи нақлиёт ва логистика баррасӣ карда шуд.

Аз ҷумла, дар бораи имкониятҳои афзоиши ҳаҷми боркашонӣ бо истифода аз бандарҳо ва анборҳои Фаронса табодули назар сурат гирифт. Дар робита ба ин, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки раванди мувофиқаи лоиҳаи Созишнома миёни ду кишвар дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро суръат мебахшанд.

Ҳамзамон, роҳҳои ҷалби ширкатҳои фаронсавӣ ба таъсис ва рушди марказҳои нақлиётию логистикӣ, инчунин инфрасохтор барои нобудсозии (улитизатсияи) батареяҳои мошинҳои барқӣ дар қаламрави Тоҷикистон мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Илова бар ин, зикр карда шуд, ки корхонаҳои фаронсавӣ ба насби таҷҳизоти плазаҳои толлингӣ дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон изҳори алоқа кардаанд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушд ва тавсеа додани ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи нақлиёт ва логистика иброз доштанд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.