Ҳама тадбирҳои ба нақша гирифташуда ҷиҳати омодагӣ ба зимистон бояд ҳарчи зудтар ва дар сатҳи зарурӣ анҷом дода шаванд. Дар ин бора Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи душанбе, 13 октябр дар ҷаласаи назоратӣ роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаву корхонаҳои марбутаи тобеи вазоратро муваззаф намуд.
Рафти иҷрои вазифаҳои гузошташуда оид ба омодагӣ ба мавсими зимистон аз мавзӯъҳои асосии ҷаласа буд.
Айни замон, Гурӯҳи кории вазорат таҳти роҳбарии муовини вазир Бобоёр Бобоёрзода ба санҷиши ҳолат ва омодагии муассисаву корхонаҳои соҳа ва иншооти инфрасохтори роҳу нақлиёт ба зимистони оянда сафарбар карда шудааст.
Рафти таъмири ҷории техника ва механизмҳои нигоҳдории роҳҳо, тоза кардани роҳҳо аз сангу шағал пас аз боришоти шадид ва тармафароӣ, ки метавонанд барои ронандагон мушкил эҷод кунанд, хариди маводи сӯзишворӣ ва зидди лағжиш, либоси корӣ барои роҳсозон, чархҳои мавсимӣ, аккумулятор ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ санҷида мешавад.
Ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» ва корхонаю муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард супориш дода шуд, ки назорати доимии ҳолати роҳҳои истифодаи умум, аз ҷумла тавассути системаи рақамӣ, риояи қоидаҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва калонҳаҷм ва сари вақт бартараф намудани нуқсонҳоро таъмин намоянд.
Ҳамзамон зарурати таъмини фаъолияти устувор оид ба ҳамлу нақли бор ва мусофирон, пешниҳоди хизматрасониҳои босифати нақлиётӣ ва логистикӣ таъкид карда шуд.
«Зимистон мову шуморо интизор намешавад», – изҳор дошт Вазири нақлиёт ва ба роҳбари Ситоди омодасозии соҳа ба мавсими тирамоҳу зимистон, муовини аввали Вазир Фаррух Неъматзода дастур дод, ки ҳамаи тадбирҳои асосии нақшавӣ бояст то 1 ноябри соли 2025 ба анҷом расонида, дар бораи корҳои иҷрошуда ҳисобот манзур карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки 30 сентябр дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳо супориш доданд ки ба давраи зимистон дар сатҳи баланд омода шуда,, захираи кофии озуқаворӣ ва сӯзишвориро барои ҳамаи соҳаҳо таъмин намоянд ва корҳои созандагиро ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшанд.