Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чанок» барои ишғоли вазифаи холии мутахассис оид ба техникаи бехатарӣ дар лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди “Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ”, марҳилаи 1 (қитъаи “Гулистон – Фархор”)» озмун эълон менамояд.
ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ:
- Таҳсилоти олии соҳавӣ, малакаи хуби корӣ;
- Донистани санадҳои меъёрии соҳавӣ;
- Маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- Донистани стандартҳои байналмилалӣ;
- Малакаи кор бо компютер, донистани барномаҳои соҳавӣ;
- Донистани забонҳои давлатӣ – русӣ, англисӣ;
- Доштани собиқаи кории 5 сола дар соҳаи дахлдор.
БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД:
- Ариза ба номи Директори Марказ барои иштирок дар озмун;
- Варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- Шарҳи ҳол (ҳолномаи CV) бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
- Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома);
- 4 адад акси 3х4;
- Нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- Маълумотномаи тиббӣ;
- Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА).
ҲУҶҶАТҲО ДАР НИШОНАИ ЗЕРИН
ҚАБУЛ КАРДА МЕШАВАНД:
ш.Душанбе кучаи Айни-14, 7-ум ошёна Маркази татбиқи лоиҳаи Душанбе – Чанок.Телефонҳо барои маълумот: 222-22-92, 222-22-93.
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 15 октябри соли 2025