Дар доираи сафари давлатии Президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон имрӯз дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe мулоқоти дуҷонибаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Федератсияи Русия Андрей Никитин баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла барқарор намудани ҳаракати қатораи мусофирбар тариқи хатсайри «Душанбе-Москва-Душанбе», афзоиши ҳаҷми боркашонии автомобилӣ ва роҳи оҳан, тайёр намудани мутахассисони соҳа дар муассисаҳои таълимии Русия тибқи Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои нақлиёти ҶТ ва ФР, ки моҳи ноябри соли 2023 ба имзо расида буд, баррасӣ гардиданд.
Вазири нақлиёти ҶТ инчунин масъалаҳои марбут ба зарурати содда кардани хизматрасонии мусофирон дар нуқтаҳои гузаргоҳи фурудгоҳҳои Русия ва зиёд намудани табодули рухсатномаҳо ҷиҳати ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилиро ба миён гузошт.
Ҷонибҳо дар бораи рушди якҷояи долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии соҳаи нақлиёт ва мубодилаи таҷриба дар ин самт ба мувофиқа расиданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.