Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ҲАМКОРИИ КИШВАРҲОИ ИДМ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ. Он ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам да доираи созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст

Санаи нашр: 08-10-2025 Просмотрено: 4546

Дар арафаи ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои ИДМ, ки 10 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳод 29 сентябри соли 2025 дар Минск Нақшаи тадбирҳоро оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 тасдиқ карданд. Яке аз ҳадафҳои асосии ин Нақша рушди ҳамлу нақли бор, аз ҷумла транзит тавассути сарҳадҳои давлатии ИДМ мебошад.

Марҳилаи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ солҳои 2026-2030-ро дар бар мегирад. Дар таҳияи лоиҳаи Нақшаи тадбирҳо намояндагони ниҳодҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва дигар мақомоти давлатҳои иштирокчии ИДМ, идораҳои ҳамкории соҳавӣ, ҷомеаи илмӣ, Кумитаи иҷроияи Иттиҳод иштирок карданд.

Ҳуҷҷат дар идомаи Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи марҳилаи якуми (солҳои 2021-2025) Стратегия таҳия гардидааст. Он барои рушди минбаъдаи устувори иқтисодиёти кишварҳои ИДМ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Стратегия аз 26 бахш иборат буда, ҳамкориро дар соҳаҳои савдои мутақобилаи молҳо ва хизматрасониҳо, саноат, маҷмааи сӯзишворӣ ва энергетика, нақлиёт, алоқа, маҷмааи агросаноатӣ, сиесати молиявӣ ва бозори меҳнат фаро гирифтааст.

Илова бар ин, тавре қаблан хабар дода шуд, сарони ҳукуматҳо Стратегияи рушди илмию технологӣ, Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчӣ ва Стратегияи ҳамкорӣ дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамиро имзо карданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи нақлиёт ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла мақомоти соҳавии ИДМ – Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии давлатҳои иштирокчии ИДМ (МҲН), Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчӣ, Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон амалӣ карда мешавад.

Моҳи апрели соли 2024, дар ҷараёни ҷаласаи 78-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ як қатор масъалаҳои ҳамкории байнисоҳавӣ, аз ҷумла таҷрибаи истифодаи муҳру муми навигатсионӣ бо мақсади пайгирии ҳамлу нақл, Ёддошти тафоҳум байни мақомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ дар бораи содда кардани ҳамлу нақли транзитӣ, таҳияи лоиҳаи Протокол дар бораи таъсиси пойгоҳи иттилоотии (портали) транзитии мақомоти гумруки давлатҳо баррасӣ ва мувофиқа карда шуданд.

Тибқи арзёбии Академияи умумирусиягии савдои хориҷӣ, татбиқи марҳилаи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 имкон медиҳад, ки дар муддати панҷ соли оянда ММД - и умумии ИДМ ба ҳисоби миёна 1% ва ҳаҷми савдои мутақобила 78% афзоиш ёбад.

Аз рӯи маълумоти ҳисоботи Биржаи байналмилалии боркашонии «ATI.SU» дар соли 2024, талабот ба ҳамлу нақл миёни кишварҳои ИДМ хеле афзуд, дар ин кишварҳо афзоиши гардиши мол ба назар расид.

Ана баъзе нишондиҳандаҳои асосии бозор:

> ҳаҷми умумии боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ – 2,024 млрд тонна;

> ҳиссаи ҳамлу нақли тиҷоратӣ дар ҳаҷми умумии логистика – 28%;

> афзоиши ҳамлу нақли дохилӣ – 6%;

> афзоиши ҳамлу нақли воридотӣ – 6%;

> афзоиши ҳамлу нақли содиротӣ – 45%.

Дар нимсолаи аввали соли 2025 гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ ҳудуди 2,1 миллиард доллари ИМА-ро убур кард, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 4,6 фоиз зиёд аст.

Нақлиёти автомобилӣ дар гардиши мол байни кишварҳо нақши муҳим мебозад. Он интиқоли борҳоро, аз ҷумла ба мавзеҳои дурдаст ва душворгузар таъмин мекунад.

Баъзе бартариҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ чунинанд:

Чандирӣ (инъитофпазирӣ) ва тағйирёбандагӣ. Мошинҳо метавонанд қариб ба ҳама ҷое, ки роҳҳо мавҷуданд, бор интиқол диҳанд.

Суръати интиқол. Мошинҳои боркаш метавонанд нисбат ба қатораҳо ё киштиҳо зудтар бор интиқол диҳанд.

Реҷаи мутобиқ. Интиқоли борро дар вақти зарурӣ, аз ҷумла тибқи фармоишҳои фаврӣ ё интиқол барои санаҳо ва вақтҳои муайян ташкил кардан мумкин аст.

Нақш дар барасмиятдарории гумрукии бор. Бо истифода аз контейнерҳо, борро метавон ба осонӣ ва бехатар, бидуни мушкилоти гумрукӣ аз сарҳадҳо гузаронд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2025 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Руссия ва Туркманистон ҳамраиси ИДМ мебошанд.