Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ПАРТАВИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маҳфилҳои донандагони забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият мекунанд

Санаи нашр: 04-10-2025 Просмотрено: 4258

Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилҳои донандагони забонҳои русӣ ва англисӣ таъсис дода шудаанд. Рӯзи ҷумъа, 3 октябр, аввалин ҷамъомади аъзои маҳфили «Ба англисӣ ҳарф мезанем» баргузор шуд, ки дар он Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ширкат намуд.

Ҷамъомадҳои маҳофили донандагоони забонҳои русӣ ва англисӣ  таҳти  шиори «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» баргузор мешаванд. Яъне донистани забонҳо ба кас имкон медиҳад на танҳо  маълумот дарёфт намояд, балки фарҳанг ва ҷаҳонро дар маҷмӯъ амиқтар дарк кунад.

Мақсади таъсиси ин маҳфилҳо, ки бо ибтикори Вазири нақлиёт дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудаанд, ошкор кардани қобилиятҳои зеҳнӣ, ҷалби таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккур ва хотира мебошад.

Дар  ҳамоиши нахустини аъзои маҳфили «Ба англисӣ ҳарф мезанем» 16 нафар  донандагони забони англисӣ, аз ҷумла худи Вазир и нақлиётАзим Иброҳим ва роҳбари маҳфил, Директори Маркази итнӣтақавии дипломатияи нақлиётӣ Фарида Ёқубзода ширкат варзиданд, вале дар дастгоҳи марказии вазорат ва корхонаву муассисаҳои тобеи он теъдоди онҳое, ки хоҳиши азхуд кардани забони англисиро доранд, зиёд аст. Аз ин рӯ, дар  маҳфил ду гурӯҳ –  донандагон ва  иштиёқмандон таъсис дода шудааст, ки кори онҳоро омӯзгор ҳамоҳанг месозад.

Ёдовар мешавем, ки зиёда аз 22 сол қабл, 4 апрели соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» - ро имзо карданд, ки дар банди якуми он чунин омадааст: «Барои рушди робитаҳои байналмилалӣ,  фароҳам овардани шароит ҷиҳати суръатбахшии пешрафти илмию техникӣ, азхудкунии технологияҳои муосири иттилоотӣ такмили ҳамаҷонибаи таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шавад».

Дар банди дуюми фармон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки аз ҳисоби олимон, мутахассисони пешбари маориф ва фарҳанг, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба омода намудани Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се моҳ комиссия таъсис дода, қарорҳое қабул намояд, ки аз Фармони мазкур бармеоянд.

Сипас бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003 «Барномаи давлатии такмили таълими омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2015» қабул карда шуд.  

Ёздаҳ сол пеш  Ҳукумати ҶТ бо Қарори худ аз 3 июли соли 2014 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» - ро тасдиқ кард. Бо қарори Ҳукумати ҶТ 30 августи соли 2019 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машваратҳо бо хизматчиёни давлатӣ борҳо ба онҳо супориш додаанд, ки забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисиро омӯзанд.

Соли гузашта Сарвари давлат фармони нав содир карданд, ки тибқи он кормандони мақомоти ҳокимият, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ бояд дар давоми 1,5 сол забонҳои хориҷиро (русӣ, англисӣ ва ғайра) омӯзанд. Мақсади фармон таҳкими малакаҳои касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи донистани забонҳо мебошад.

Дар фармон ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия таъсис дода, ин равандро зери назорат гирад, қоидаҳои муайян намудани сатҳи донистани забонҳои хориҷиро таҳия намуда, баъди 1,5 сол санҷиши дониш гузаронад ва ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.