Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

РОҲИ САФЕД ВА «ЧАРОҒАКИ САБЗ»! Дар Душанбе ба ифтихори солгарди маҷаллаи «Роҳ ва нақлиёт» ҳамоиш доир гардид

Санаи нашр: 04-10-2025 Просмотрено: 3744

3 октябр дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати солгарди таъсиси маҷаллаи «Роҳ ва нақлиёт» ҳамоиш баргузор  шуд. Онро муассисони маҷалла – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» роҳандозӣ намуданд.

Зимни суханронии худ дар ҳамоиш Вазири нақлиёт Азим Иброҳим  ёдовар шуд, ки солҳои охир як қатор ҳадафҳои стратегии Давлату Ҳукумати мо дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд. Дар  даврони  Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2400 километр роҳҳо сохта шуда, қариб ҳамаи роҳҳои асосии автомобилгард таҷдид гардида, кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад ва ҳоло ба кишвари транзитӣ табдил ёфтааст.

Тибқи раддабандии охирини Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF)  оид ба  сифати роҳҳои автомобилгард Тоҷикистон дар байни 165 кишвари ҷаҳон ҷойи 44-умро ишғол намуда, мавқеи худро нисбат ба  раддабандии қаблӣ шаш зина беҳтар сохт. Роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон аз рӯи сифати худ яке аз беҳтаринҳо дар ИДМ эътироф шуданд.

«Ба миён омадани талаботи муосир дар соҳаи нақлиёт, яъне зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рақамисозии соҳа, ташкили логистикаи муосир, истифодаи усулҳои нави сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо  муъҷиби таъсиси маҷаллаи илмӣ-оммавии соҳа гардид», – гуфт  Вазири нацлиёт. – Маҷалла бо мақсади инъикоси дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт, инчунин ҳамчун майдони муносиб барои таҳқиқот дар соҳаи муҳандисӣ ва технологияҳои нақлиётӣ ва мусоидат ба ҳамгироии кишвари мо ба шабакаи  ҷаҳонии нақлиёт таъсис дода шудааст».

Зикр гардид, ки таъсис ва нашри чунин маҷаллаи илмӣ-оммавӣ дар кишвари мо таҷрибаи нав аст ва ин як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва илмии кишвари мо мебошад. Дар як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои пасошӯравӣ, маҷаллаҳои марбут ба роҳу нақлиёт  таъсис дода шудаанд.

«Боиси сарфарозист, ки нашри шумораи аввали маҷалларо дар номаҳои табрикотии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ  шодбош гуфта, ба ҳайати эҷодии маҷалла комёбиҳо ва дастовардҳо таманно намуданд», – иброз дошт Вазири нақлиёт.

Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи «Роҳ ва нақлиёт» аз моҳи октябри соли 2024 моҳе як маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешавад. Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 378/МҶ-97 аз 20 сентябри соли 2024 ба қайд гирифта шудааст.

Моҳи июли соли 2025 маҷалла ба Феҳристи Маркази байналмилалии бақайдгирии нашрияҳои даврии ISSN (ЮНЕСКО, шаҳри Париж, Фаронса) шомил карда шуд. Нашрия таҳти рақами силсилавии стандарти байналмилалии ISSN  3105-1324 аз 29 июли соли 2025  ба қайд гирифта шуда,  шаҳодатномаи  ҳуқуқи байналмилалӣ гирифтааст.

Аз замони таъсиси маҷалла ҳамагӣ як сол смпарӣ гардид. Дар ин муддати кӯтоҳ маҷалла тақрибан 60 мақолаи илмии 42 нафар донишмандон ва зиёда аз 70 мақолаи илмӣ-оммавиро  оид ба масъалаҳои мубоами соҳаи роҳ ва нақлиёт  ба табъ расонид.

Иштирокчиёни ҳамоиш ба маҷаллаи «Роҳ ва нақлиёт» роҳи сафед ва «чароғаки сабз» таманно намуданд.