Барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кишварҳои ИДМ (ба ҷуз аз Беларус) ҳангоми убури сарҳади Русия маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда мешаванд. Аз ин ба баъд нақзи мунтазами Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (ҚҲР) метавонад барои рад кардани вуруд ба кишвар ба мӯҳлати то се сол асос гардад, хабар медиҳад Tengri Travel.
Мутобиқи зербанди “б” банди 1 қарори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 7 ноябри соли 2024 таҳти № 1510 «Дар бораи гузаронидани амалиёт оид ба озмоиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба Федератсияи Русия ва хурӯҷ аз Федератсияи Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ» дар давраи аз 30 июни соли 2025 то 30 июни соли 2026 дар ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Федератсияи Русия гузаронидани амалиёт оид ба озмоиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ва хурӯҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба/аз Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст.
БАРОИ НАҚЗИ КАДОМ ҚОИДАҲО ИҶОЗАИ ВУРУД НАМЕДИҲАНД?
Мувофиқи қонуни Федеролии Федератсияи Русия «Дар бораи тартиби баромадан аз Федератсияи Русия ва ворид шудан ба Федератсияи Русия», ба ба шаҳрванди хориҷӣ мумкин аст убури сарҳад иҷоза дода нашавад, агар ӯ дар тӯли се сол ду маротиба ё беш аз он ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошад. Ин на танҳо ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ, балки ба нақзи нисбатан сабуки ҚҲР низ дахл дорад. Тибқи иттилои РИА Новости, ҳатто агар шаҳрванди хориҷӣ ҳамаи ҷаримаҳоро пардохт карда бошад ҳам, ба ҳар ҳол барои ӯ хатари манъи вуруд ба Русия вуҷуд дорад.
Дар байни сабабҳо барои манъи вуруд ба Русия чунин асосҳо зикр шудаанд:
> ҷаримаҳо барои гузаштан аз роҳ дар ҷои манъбуда;
> набастани тасмаи бехатарӣ ё набудани кулоҳи амни мотосикл;
> даст кашидан аз муоинаи тиббӣ барои ҳолати мастӣ;
> идоракунии мошин бидуни корти ташхиси тиббӣ;
> бартарӣ надодан ба пиёдагардон;
> вайрон кардани қоидаҳои насби аломатҳои бақайдгирии давлатӣ;
> беэътиноӣ ба аломатҳо ва нишонаҳои (хатҳои) роҳ.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки зуд-зуд ба Русия мераванд, бояд ба қонуншиканиҳо, аз ҷумла ба қоидавайронкуниҳои «хурд» батафовут набошанд, зеро онҳо ҳангоми қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти муҳоҷират ба назар гирифта мешаванд.