Танҳо дар соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, бахусус маблағҳои соҳибкорон, сокинони саховатманду ватандӯсти Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид карда шуданд. Дар ин бора Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ 28 декабри соли 2024 изҳор доштанд.
Роҳи автомобилгарди «Ҳисор - шаҳраки Айнӣ» пурра мумфараш карда, 25 сентябри соли 2025 баъди таъмиру таҷдид мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо дастгири мақомоти маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону аҳолӣ 3 клометр роҳи мошингарди деҳаҳои Чучуи боло, Чучуи поён ва Яккатути ҷамоати деҳоти Даҳана пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Дар давоми 34 соли истиқлолияти Давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз ду ҳазор километр роҳҳои муосир, даҳҳо километр нақбҳои автомобилӣ ва садҳо пулҳои нав, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқанд, сохта шуданд. Ин дастовардҳо имкон доданд, ки минтақаҳои гуногуни кишвар ба ҳам пайванданд, алоқаи нақлиётӣ беҳтар гардад ва Тоҷикистон ба як маркази муҳими транзитӣ дар Осиёи Марказӣ табдил дода шавад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёму суханрониҳои қаблии худ изҳор дошта, гуфтаанд, ки ба шарофати ин талошҳо кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, ҳоло дар савдои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим дорад.
Бино ба суханони Сарвари давлат, бо вуҷуди сатҳи баланди сохтмон, таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои калон, на ҳама маҳалҳои аҳолинишини кишвар бо алоқаи босифати нақлиётӣ таъмин карда шудаанд, роҳҳои хурд дар минтақаҳо ҳанӯз ба таъмир ниёз доранд.
Аз ин рӯ, ду сол пеш, бо супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди роҳҳои ободи деҳот барои солҳои 2023-2028» - ро таҳия ва тасдиқ намуд, ки феълан дар ҳоли иҷрошавӣ қарор дорад.
Ин барнома аз ҳисоби панҷ манбаи маблағгузорӣ амалӣ карда мешавад: маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои Вазорати нақлиёт пешбинӣ шудаанд, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, буҷети мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони ватанӣ ва тавассути кӯмаки мутақобилаи сокинони маҳаллӣ (бо усули ҳашар).
Дар давоми ду солу ҳашт моҳ бо истифода аз манбаъҳои маблағгузории дар боло зикршуда дар маҷмӯъ 3344,5 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ, кӯчаҳои маҳалҳои аҳолинишин ва роҳҳои байнихоҷагӣ таъмир карда шуданд, ки аз онҳо 1418,7 км бо мум (асфалт) ва 1925,8 км бо шағал (сангпора) пӯшонида шудааст. Инчунин дар ин давра 77 пул бо дарозии умумии 1196 метр ва 21 қубури обгузар бо дарозии умумии 192 метр таъмир ва барқарор карда шуданд.
Иҷрои корҳо оид ба мумфарш кардани роҳҳо, тибқи Барномаи дар боло зикршуда, дар давоми давраи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои зерин ба сурати беҳтар амалӣ карда шуд:
Ашт – 222,3 км;
Исфара – 175,7 км;
Турсунзода – 150,2 км;
Ҷ. Расулов – 66,7 км;
Ёвон – 65,7 км;
Истаравшан – 53,2 км;
Қубодиён – 48,6 км;
Конибодом – 47,0 км;
Деваштич – 45,1 км;
Панҷакент – 43,0 км;
Б. Ғафуров – 41,4 км;
Ваҳдат – 34,4 км;
Нуробод – 31,0 км;
Кӯшониён – 28,4 км;
Левакант – 27,9 км;
Вахш – 27,7 км;
Рашт – 23,0 км;
Данғара – 22,1 км;
Муъминобод – 21,3 км.
Инчунин дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои зерин ҷиҳати шағалпӯш кардани роҳҳои автомобилгард корҳои бештар ба сомон расонида шуданд:
Исфара – 162,0 км,
Мастчоҳ – 124,8 км,
Ашт – 121,7 км,
Ҷайҳун – 101,0 км,
Мастчоҳи Кӯҳӣ – 99,5 км,
Истаравшан – 98,6 км,
Хуросон – 94,2 км,
Ҷ. Расулов – 90,0 км,
Панҷакент – 70,2 км,
Ёвон – 55,9 км,
Рашт – 55,7 км
Деваштич – 54,5 км.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат 28 декабри соли 2024 чунин иброз намуданд: «Солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ пурзӯр гардида, танҳо соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорон, сокинони саховатманду ватандӯсти Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ ва 23 пул ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардиданд».
Мавриди зикр аст, ки корҳо оид ба ободонии роҳҳои маҳаллӣ тибқи «Барномаи рушди роҳҳои ободи деҳот барои солҳои 2023-2028» дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дошта, татбиқи ин Барнома таҳти назорати доимӣ ва бевоситаи роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.