Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН ДУРНАМОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОРО ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ БАРРАСӢ НАМУДАНД. Муовини аввали Вазири нақлиёти ҶТ бо муовини Вазири корҳои хориҷии ҶИП мулоқот кард

Санаи нашр: 01-10-2025 Просмотрено: 3513

30 сентябр муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Алӣ Асад Гелонӣ, ки барои иштирок дар машваратҳои сиёсии ҶТ ва  ҶИП (29-30 сентябр дар шаҳри Душанбе) дарТоҷикистон қарор дошт, мулоқот кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои нақлиёти рӯизаминӣ, роҳи оҳан, рушди инфрасохтори логистикӣ ва густариши имкониятҳои транзитӣ баррасӣ карда шуданд.

Ҳарду ҷониб омодагии худро барои таҳияи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла оид ба таъсиси марказҳои логистикӣ ҷиҳати афзоиши ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистон ва Покистон  баён доштанд.

Ҷонибҳо инчунин зарурати таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби бахши хусусиро ба ҳамкориҳои стратегӣ таъкид намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.