Рӯзи душанбеи 29 сентябр дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШСҲ ИДМ) баргузор шуд. Аъзои Шӯро 25 санади заруриро барои тавсеа бахшидани ҳамгироӣ дар қаламрави Иттиҳод тасдиқ карданд.
Дар ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Али Асадов, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Александр Турчин, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов, Раиси Девони Вазирон – Роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Одилбек Қосималиев, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов, Муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Хоҷамурод Гелдимуродов, Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев иштирок карданд. Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Мгер Григорян дар сиғаи алоқаи видеоӣ ширкат намуд.
Ҷаласа таҳти раёсати Кохир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишваре, ки соли 2025 дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раисӣ мекунад, баргузор гардид.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ аъзои Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ се стратегияи рушди Иттиҳодро то соли 2035 қабул карданд. Аз ҷумла қарорҳо дар бораи Стратегияи рушди илмӣ-технологӣ, Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчӣ, Стратегияи ҳамкорӣ дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ бо Нақшаи тадбирҳои он то соли 2035 ба имзо расиданд.
Лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) ва Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ таҳия шудааст. Муқаррароти асосии ин ҳуҷҷатро ба аъзои Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим муаррифӣ намуд.
Бино ба гуфтаи ӯ, ҳуҷҷат дар доираи татбиқи ҳадафҳои Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 таҳия шуда, ба баланд бардоштани самаранокии логистика, коҳиш додани хароҷот ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодии байни давлатҳои Иттиҳод равона шудааст. Дар таҳияи Стратегия манфиати умумии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар рақамикунонии минбаъдаи маҷмаи нақлиёт, беҳдошти равандҳои логистикӣ, кам кардани хароҷот, баланд бардоштани суръату сифат ва шаффофияти хизматрасониҳои нақлиётӣ, инчунин таъмини устувории экологӣ ба асос гирнифта шуд.
«Дар шароити муосири рушди босуръати технологияҳои рақамӣ соҳаи нақлиёт бо зарурати мутобиқ шудан ба воқеиятҳои нав рӯ ба рӯ мешавад, ки ин аҳамияти рақамисозии долонҳои нақлиётиро ҳамчун воситаи асосии баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии онҳо ба вуҷуд меорад», – изҳор дошт Вазири нақлиёти ҶТ.
Тавре ӯ шарҳ дод, тибқи муқаррароти ҳуҷҷат, ҳамкорӣ аз ҷумла ба фароҳам овардани фазои ягонаи рақамӣ барои мубодилаи маълумот байни иштирокчиёни раванди ҳамлу нақл, ҷорӣ намудани шаклҳои рақамии интиқоли маълумот дар бораи борҳо, воситаҳои нақлиёт ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳӣ, беҳдошти равандҳои логистикӣ тавассути рақамикунонии назорати гумрукӣ, ҳамгироии тадбирҳои рақамикунонии долонҳои байналмилалии нақлиётии ИДМ бо системаҳои байналмилалии логистика ва савдо, таҳия ва рушди системаи тамғагузорӣ ва рамзгузории молҳо барои таъмини пайгирии бор равона карда хоҳад шуд.
Вазири нақлиёти ҶТ инчунин ба иштирокчиёни ҷаласа иттилоъ дод, ки кор оид ба таҳия ва пешниҳоди ин санад дар шакли кушодаву шаффоф ва мувофиқашуда сурат гирифтааст. Лоиҳа борҳо ба ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ ва мақомоти соҳавӣ ирсол карда шуд. 10 июли соли 2025 он дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносон муҳокима гардид, ки дар он дастгирии васеъ пайдо кард. Баъдан, 23 июл ҳуҷҷат дар ҷаласаи Комиссияи масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ мавриди баррасӣ қарор гириф ва бо назардошти пешниҳодҳои воридшуда такмил дода шуд. 1 августи соли 2025 лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи коршиносон бо назардошти ҳамаи шарҳҳо, аз ҷумла пешниҳодҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вазорати молияи Федератсияи Русия дубора мувофиқа карда шуд.
«Қабули ин Стратегия на танҳо аҳамияти амалӣ, балки стратегӣ низ дорад. Ин як қадами ҷиддӣ дар роҳи ташаккули фазои ягонаи рақамӣ дар коммуникатсияҳои магистралии кишварҳои ИДМ хоҳад гардид ва ҳамгироии самараноки системаҳои нақлиётии кишварҳои мо, коҳиш додани монеаҳо барои тиҷорати байналмилалӣ, рушди робитаи иқтисодии минтақа ва таҳкими мавқеи ИДМ дар логистикаи глобалиро таъмин хоҳад намуд», – гуфт Азим Иброҳим.