17-18 сентябр дар ҳошияи Конфронси умумиҷаҳонии ҳамкории инфрасохторӣ-2025 (Global Infrastructure Cooperation Conference-2025), ки дар Сеул, пойтахти Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим як қатор мулоқотҳои дуҷониба доир намуд.
Аз ҷумла, рӯзи чоршанбеи 17 сентябр Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ноиби Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (Korea International Cooperation Agency, KOICA) Ханг Сок Хва мулоқот кард.
Зимни мулоқо Вазири нақлиёти ҶТ аз рушди ҳамкориҳои Вазорат бо Агентии ҳамкории байналмилалии Корея дар соҳаи роҳу нақлиёт дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда, татбиқи лоиҳаи Асосноккунии техникию иқтисодии роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхи-Панҷи Поенӣ» – ро, ки бо сармоягузории KOICA амалӣ мегардад ва тибқи нақша то моҳи июни соли 2026 ба анҷом мерасад, натиҷаи мусбати ин ҳамкорӣ арзёбӣ намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои дастгирии минбаъдаи сохтмони ин роҳи оҳан, инчунин ворид намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Стратегияи шарикӣ бо кишварҳо (Country Partnership Strategy) барои солҳои 2026-2029, ки аз ҷониби KOICA таҳия ва қабул карда мешавад, баррасӣ гардиданд.
17 сентябр Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим бо муовини Вазири замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея Канг Хи Ап мулоқот кард.
Вазири нақлиёти ҶТ зикр кард, ки Ҷумҳурии Корея яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи нақлиёт буда, дорои технологияҳои муосири сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ӯ пешниҳод намуд, ки бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея санади танзимкунанда ба имзо расонида шавад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамсӯҳбати худро ба зарурати татбиқи лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе бинобар афзоиши шумораи аҳолӣ ва шиддатнокии ҳаракати нақлиёт, инчунин ба аҳамияти минтақавии сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ - Панҷи Поён» ҷалб намуд.
Дар мулоқоти Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим бо Раиси ширкати «Роҳи оҳани миллии Корея» ("Korea National Railway") Ли Сон Хай, ки низ 17 сентябр баргузор шуд, масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои омодасозӣ, банақшагирӣ, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва сохтмони метро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
18 сентябр Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Директори калони иҷроияи Бонки содироту воридоти Корея (The Export-Import Bank of Korea, KEXIM), узви Шӯрои директорони ин бонк Хван Киён мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Содироту воридоти Корея баррасӣ карда шуданд.
Вазири нақлиёти ҶТ ба роҳбарияти KEXIM барои сармоягузорӣ ба якчанд лоиҳаҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон миннатдорӣ баён дошт. Ӯ вобаста ба лоиҳаи Асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки оғози татбиқи лоиҳаи мазкур дар соли 2026 барои татбиқи минбаъдаи саривақтии он аҳамияти муҳим дорад ва имкон медиҳад, ки рафти сохтмони иншооти мазкур марҳила ба марҳила пайгирӣ карда шавад.
Ҳамчунин масъалаи ҷалби сармояи бонки мазкур ва Хазинаи рушди ҳамкории иқтисодӣ (Economic Development Cooperation Fund) ба соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мулоқотҳои дуҷонибаи Вазири нақлиёти ҶТ дар Сеул дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея изҳори алоқамандӣ карданд.