Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

РИОЯИ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ – ГАРАВИ БЕХАТАРИИ РОНАНДАГОН, МУСОФИРОН ВА ПИЁДАГАРДОН. Дар Душанбе амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» ҷараён дорад

Санаи нашр: 19-09-2025 Просмотрено: 3589

Аз 15 то 25 сентябр дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» гузаронида мешавад. Дар ин хусус Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Амалиёт бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таъмини амнияти иштирокчиёни ҳаракат гузаронида мешавад.

Зимни гузаронидани ин амалиёт кормандони милитсия ба риояи ҳатмии истифодаи тасмаи бехатарӣ аз ҷониби ронандагон ва мусофирон, ҳамчунин ба қоидаҳои истифодаи мотосикл ва скутер таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар роҳҳо эҳтиёткорона ҳаракат намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд. Зеро риояи ин талабот кафолати амнияти шахсӣ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир дар кӯча ва роҳҳои мошингарди мамлакат вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ташвишовар гардида, боиси фавти мусофирони дохили нақлиёт ва ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштани онҳо мегардад.

Амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» дар шаҳри Душанбе аз соли 2023 инҷониб гузаронида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба паст кардани сатҳи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар ва дар маҷмӯъ ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ диққати махсус медиҳад. Барои ин Гурӯҳи кории муштараки Вазорати нақлиёт ва РБДА ВКД ҶТ таъсис дода шудааст.

Дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» моҳи апрели соли 2024 Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати машваратии (консалтингии) Бритониё EASST Expertise LTD оид ба зиёд кардани масъулияти ронандагон барои истифодаи камарбанди бехатарӣ ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт қарордод имзо кард.

Ҳамчунин моҳи июли соли гузашта байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати итолиёвии FRED Engineering S.R.L дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтакавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» қарордод ҷиҳати расонидани хизматрасонии машваратӣ ба имзо расид. Ҳамчун узви Гурӯҳи кории Вазорати нақлиёт ва РБДА ВКД ҶТ, ширкати машваратӣ бояд дар таҳияи Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи глобалии амалиёти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2020-2030 «Даҳсолаи амал оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ» мусоидат намуда, вазъи мавҷудаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кишварро таҳлил ва арзёбӣ намояд ва мулоҳизаҳои коршиносии худро оид ба беҳтар намудани он пешниҳод созад.

Хотиррасон мешавем, ки Нақшаи глобалии «Даҳсолаи амал оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ» аз 5 самти асосии бехатарии ҳаракат дар роҳ иборат аст: «Идоракунии бехатарии ҳаракат дар роҳ», «Роҳҳои бехатар», « Воситаҳои нақлиёти бехатар», «Иштирокчиёни бехатарии ҳаракат дар роҳ ва вокуниш ба садамаҳо».