Бо оғози тирамоҳ мавсими обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо низ шуруъ шуд. Яъне шумо метавонед ба маҷаллаи «Роҳ ва нақлиёт» («Дорога и транспорт»; «Road and transport»), ки бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешавад, обуна шавед.
Чанд сабаб ва зарурият барои мутолиаи пайвастаи маҷаллаи «Роҳ ва нақлиет» вуҷуд доранд:
*Муассисони маҷалла Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» мебошанд, яъне муҳтавои маҷалла соҳаи роҳу нақлиётро, ки яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад, фаро мегирад.
*Роҳу нақлиётро ҳама истифода мебаранд ва ба он ниёз доранд.
*Маҷалла камтар аз як сол пеш таъсис ёфт, шумораи аввали он моҳи октябри соли 2024 аз чоп баромад. Дар ин муддати кӯтоҳ хонандагони худро пайдо кард,онро аллакай зиёда аз 2000 нафар нақлиётчиёни кишвар интихоб кардаанд ва мехонанд.
* «Роҳ ва нақлиёт» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таҳти рақами 378/МҶ-97 аз 20 сентябри соли 2024 ба қайд гирифта шуда, инчунин ба феҳристи Маркази байналмилалии бақайдгирии нашрияҳои сериявии ISSN (ЮНЕСКО, шаҳри Париж, Фаронса) дохил карда шудааст.
* Маҷалла илмӣ-оммавӣ аст ва мақолаҳои эксклюзивиро низ нашр мекунад, ки қаблан дар ҳеҷ ҷо чоп нашудаанд.
* Мақолаҳое, ки чоп мешаванд, хусусияти амалӣ низ доранд, донишҳои аз саҳифаҳои маҷалла гирифташударо фавран дар истеҳсолот в амалӣ кардан мумкин аст.
* Ба шӯрои машваратии маҷалла ходимони намоёни давлатӣ ва ба ҳайати таҳририяти он мутахассисони маъруфи соҳа ва рӯзноманигорони варзида шомил шудаанд.
* Сармуҳаррири маҷалла ходими давлатӣ, шоир, нависанда, публисист, олими таърихшинос, Шоири Халқии Тоҷикистон Мухтарам Хотам мебошад, ки нахустин сармуҳаррири рӯзномаи «Наклиёт» низ буд ва аз соҳаи роҳу нақлиёт хуб огоҳ аст.
*Ва, ниҳоят, муҳимтар аз ҳама: бисёре аз хонандагон, ки оғози хуби фаъолияти маҷалларо таъкид намудаанд, ояндаи дурахшонро онро низ пешгӯӣ мекунанд. Зеро худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбоши худ, ки дар шумораи аввал нашр шуд, арзи вуҷуд кардани маҷалларо дар фазои иттилоотии мамлакат падидаи хуб номида, ноширон ва хонандагони онро самимона табрик гуфтанд ва ба онҳо роҳи сафед таманно намуданд.
***
Бори дигар хотиррасон мекунем: бо обуна шудан ба маҷаллаи «Роҳ ва нақлиет» шумо метавонед аз тамоми имтиёзҳои муштарӣ баҳра баред: дар бораи рӯйдодҳо ва навовариҳо зуд хабардор шавед ва аз коршиносон маслиҳатҳои муфид гиред, аз хазинаи мунтазам такмилёбандаи ҳуҷҷатҳо истифода баред, дар ҳамоишу мулоқотҳои касбӣ бо иштироки коршиносони шинохта иштирок кунед.
Нархи як нусхаи маҷалла: 50 сомонӣ, обуна барои 6 моҳ – 300 сомонӣ, барои як сол – 600 сомонӣ.
Суроғаи маҷалла:
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
маҷаллаи «Роҳ ва нақлиёт».
Индекс: 734042, ш. Душанбе, кӯчаи. Айни,14.
Почтаи электронӣ: transport.2024@list.ru
Тел.: 909-30-01-97; 988-51-81-23.
Реквизитҳои бонкии маҷалла:
Филиали ҶСК «Ориёнбонк»
Ҳисоби бонкӣ: 20202972310301026327
Кор/с: 20402972413691
РМБ: 350101369