Дар замони соҳибистиқлолии давлат зиёда аз 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд, ки моро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайваст намудаанд. Дар ин бора Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 сентябр зимни суханронӣ дар маҷлиси батантана бахшида ба Рӯзи роҳсозони кишва итттилоъ дод.
Дар маҷлис роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва идораю муассисаҳои тобеи он, инчунин собиқадорони соҳа Низом Хакимов. Хайрулло Асозода. Абдурахим Ашур, Робия Завкиева. Шералӣ Ганчалзода. Нисо Бобоева ширкат намуданд.
«Роҳҳое, ки мо бунёд мекунем, ба сӯи ояндаи дурахшон мебаранд, – гуфт Вазири нақлиёт, – Барои меҳнати содиқона ва ҳиссаи муносибатон дар таҳкими музаффариятҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба шумо ташаккур баён намуда, умедворам ба хотири бунёди ояндаи боз ҳам дурахшон, ободонии роҳҳои кишвар, хизматрасонии бехатару пурсамар ба халқ ва таъмини осудагии Ватанамон боз ҳам бештар кӯшиш ба харҷ медиҳед».
Дар маҷлис 1 нафар бо медали «Барои саҳми арзанда», 38 нафар бо нишони сарисинагии «Роҳсози фахрӣ», 41 нафар бо Ифтихорнома ва 15 нафар бо Сипосномаи Вазорати нақлиёт сарфароз гардонида шуданд.