News

slider_img
slider_img
slider_img

ТАМАННИЁТИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди касбии роҳссозон

Date: 12-09-2025 Просмотрено: 7571

Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тогҷикистон ба муносибати Рӯзи роҳсозони Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Вазири нақлиёт Азим Иброҳим роҳсозонро бо иди касбиашон шодбош гуфт.

Дар зер матни табрикоти Вазир пешкаш мешавад.

Роҳсозону роҳдорони зафарманди кишвар!

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи сентябр, ки имсол ба 14 сентябр рост меояд, Рӯзи роҳсозони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Бо истифода из ин фурсати фархунда ва бо камоли майл ва фараҳмандӣ  ҳамаи шуморо бо иди касбиатон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ ва хушбахтию комгорӣ таманно мекунам!

Ҳамкасбони гиромӣ,

Бо ифтихору сарбаландӣ метавон гуфт, ки таҳти роҳнамоӣ ва ҳидояту ғамхориҳои пайвастаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 34 сол боз дар фазои сулҳу субот соҳибистиқлолии Ватани азизамон - Тоҷикистонро бо сарбаландӣ таҷлил менамоем.   

Имрӯзҳо дар доираи таҷлили ин ҷашни барои мардуми шарифи Тоҷикистон пурифтихору муқаддас бо иштироки Пешвои муаззами миллат   дар ҳар гӯшаи Тоҷикистони азизамон даҳҳо иншооти наву замонавӣ, аз ҷумла  роҳу пулҳои замонавӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. 

Моҳи июн Сарвари давлат зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон қитъаи роҳи мошингарди «Қалъаи Хумб – Ванҷ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон» ва роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ бо шоҳроҳи «Душанбе – Қулма»- ро  ба истифода доданд.

Моҳи июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даромадгоҳи деҳоти Панҷоб ва роҳи мумфаршгардидаро мавриди  баҳрабардорӣ қарор доданд.

Моҳи август Пешвои миллат ҳангоми сафари корӣ ба водии Рашт бо лоиҳаи сохтмони калонтарин пули автомобилӣ дар миқёси ҷумҳурӣ шинос шуда, дар сиғаи фосилавӣ 75 километр роҳҳои навшудаи маҳаллиро дар ҷамоатҳои шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод ба истифода доданд ва ба кори яке аз  иншооти муҳимтарини   кишварамон – роҳи автомобилгарди «Обигарм — Нуробод» оғоз бахшиданд.

Дирӯз, 11 сентябр, дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалии «Балҷувон – Сари Хосор» шинос шуданд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳа таъкид доштанд, ки сохтмони босифату саривақтии роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор барои рафтуомади сокинон, самаранок истифода бурдани заминҳои кишт, истифодаи босамари ҷангалзор, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни муаррифии лоиҳа зикр намуданд, ки рушди шабакаи роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зеро роҳҳо на танҳо воситаи муҳим барои алоқаи мардуманд, балки заминаи рушду шукуфоии деҳот, густариши робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ низ ба ҳисоб мераванд.

Аз ин лиҳоз, басо рамзӣ ва боиси сарфарозист, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлоли киш­вар  97-умин солагарди  Рӯзи роҳсозони кишвар низ ҷашн гирифта мешавад. Роҳҳо рамзи Истиқлоли давлат ва ваҳдату баҳамоии соконони он маҳсуб мешаванд. Маҳз ба ҳамин хотир бунёди давлатдории навини мо аз  сохтмону таҷдиди роҳҳо оғоз гардид.

Дӯстони азиз,

Ҳамаи шумо медонед, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июн зимни суханронӣ дар чорабиии асосӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Хоруғ чунин иброз доштанд: «Ҳоло Тоҷикистони мо дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад, ки яке аз нишонаҳои возеҳи он бунёди роҳҳои мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошад».

Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар Сарвари давлат бо азми қавӣ бунёду эҳёи роҳу пулҳо ва дигар иншооти инфрасохтори нақлиётиро аз ҳадафҳои асосиву афзалиятнок дониста, дар ҳолати вайрон қарор доштани роҳҳоро мушкилоти асосӣ арзёбӣ карда буданд ва қавл доданд, ки ин мушкилотро бартараф хоҳанд кард.

Ин буд, ки ҳанӯз дар авҷи даргириҳои мусаллаҳона, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, тибқи супориш ва бо ҳидояту роҳбарӣ ва зери назорати бевоситаи Сарвари давлат лоиҳаи сох­тмони шоҳроҳи «Мурғоб-Чин» тавассути ағбаи Қулма ва роҳи оҳани «Бохтар – Кӯлоб» тарҳрезӣ гардид, ки мавриди истифода қарор додани онҳо ва минбаъд сохтмону таҷдиди роҳҳои дигари байналмилаливу дохилӣ дар таъмини аҳолии кишвар бо озуқа ва барқарорсозии сулҳу субот нақши ҳалкунанда бозиданд.

Бо ташаббус ва таҳти ҳидояту роҳнамоии Пешвои муаззами миллат ҳадафҳои созанда марҳила ба марҳила пиёда гардида, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли шодию ифтихор эълон доштанд, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ баромада, ба як кишвари воҳид табдил ёфт.

Ҳамин тавр дар замони соҳибистиқлолии давлат зиёда аз 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд, ки моро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайваст намудаанд. 

Бо дастур ва ҳидояту дастгирии Пешвои миллат мо тасмими гирифтаем, ки бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ – шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Макҷлиси Олии мамлакат 28 декабри соли 2023 таъкид намуданд: «Дар баробари сохта, ба истифода додани роҳҳои мошингард истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад».

Дар робита ба ин дар сохтори Вазорати нақлиёт 6 муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автмобилгард» ва 66 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъсис дода шудаанд, ки ба нигоҳубини роҳҳо машғуланд. Ҳоло дар тавозуни Вазорати нақлиёт 14314 километр роҳҳо қарор доранд, ки аз онҳо 3383,5 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 2184 км роҳҳои дорои аамияти ҷумҳуриявӣ ва 8746,5 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.

Роҳдорони кишвар барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани ин миқдор роҳҳо ва таъмини ҳаракати бемонеа ва бехатар  дар ҳамаи мавсимҳо ва ба таври шабонарузӣ фаъолият мекунанд.

Заҳматҳое, ки баҳри ободониву созандагии кишварамон кашида мешаванд, бе аҳамият намемонанд.Имсол низ, чун ҳарвақта дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлол гурӯҳи калони  кормандони фаъоли соҳаҳои гуногун, ки дар рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, аз ҷониби Сарвари давлат бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ  қадрдонӣ шуданд, ки дар қатори онҳо  ба чанд нафар роҳсозону роҳдорони кишвар низ ин шарафи баланд  насиб гардид.

Бори дигар ҳамаи  кормандони соҳаи роҳу нақлиётро, ки соҳиби мукофоти давлатӣ гардиданд, самимона табрик мегӯям.

Ҳамкасбони арҷманд,

Бо пайравӣ ва ҳамовозӣ ба иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи  Пешвои муаззами миллат солҳои охир соҳибкорон ва дигар  шахсони саховатпешаю  ватандӯст аз ҳисоби мабағҳои худ дар раванди ободу зебо гардонидани  Ватани азизамон  фаъолона иштирок мекунанд. Бо саҳми онҳо садҳо километр роҳҳо ва пулҳо бунёду азвнасозӣ гардидаанд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи соҳибкорон ва ашхоси саховатманд, ки дар бунёду таҷдиди роҳҳову пулҳо ва ободонии кишвар саҳмгузорӣ намудаанд, сипоси бепоён арз медорам.

Ҳамкорони арҷманд, роҳсозону роҳдорони сарбаланди кишвар!

Роҳҳое, ки мо бунёд мекунем, ба сӯи ояндаи дурахшон мебаранд.

Барои меҳнати самарабахш ва ҳиссаи муносибатон дар таҳкими музаффариятҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба шумо ташаккур баён намуда, умедворам ба хотири бунёди ояндаи дурахшон, ободонии роҳҳои кишвар, хизматрасо­нии бехатару пурсамар барои халқ ва таъми­ни осудагии Ватанамон боз ҳам бештар кӯшиш ба харҷ медиҳед.

Бори дигар Рӯзи роҳсозонро бароятон табрик мегӯям!