Аз 12 то 19 сентябри соли 2025 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути нақби «Хатлон» муваққатан қатъ карда мешавад.
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи ронандагон ва мусофироне, ки дар масири «Душанбе - Кӯлоб - Калъаихум – Хоруғ» ҳаракат мекунанд, мерасонад, ки аз 12 то 19 сентябри соли 2025 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути нақби «Хатлон» бинобар гузаронидани корҳои таъмирӣ муваққатан қатъ мегардад.
Дар ин рӯзҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масири зикршуда тавассути роҳи таворавӣ (алтернативӣ) амалӣ карда мешавад.