Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

МТЛТР БА КОР ДАЪВАТ МЕКУНАД. Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд

Санаи нашр: 10-09-2025 Просмотрено: 4802

Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо (МТЛТР)-и назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби мутахассисони соҳибихтисос ва касбӣ дар соҳаи роҳсозӣ озмун эълон менамояд

РӮИХАТИ

ВАЗИФАҲОИ ХОЛИИ КОРИИ МАРКАЗИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ТАҶДИДИ РОҲҲО   

ба ҳолати 01.09.2025.

 

р/т

Шумораи ҷойҳои холии корӣ

Номгуи вазифаҳои холии кори

Музди меҳнат бо асъори хориҷӣ (USD)

 

Лоиҳаи “Роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод” қитъаи 1

1

1-ҷой

Ҳамоҳангсози лоиҳа

1000,00

 

2

1-ҷой

Мутахассис оид ба идоракунии шартномаҳо

800,00

 

3

1-ҷой

Мутахассис муҳандис купруксоз

800,00

 

Лоиҳаи “Роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод” қитъаи 2

4

1-ҷой

Сармутахассиси молиявӣ

900,00

 

5

1-ҷой

Тарҷумон

700,00

 

Лоиҳаи “Роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод” қитъаи 3

6

1-ҷой

Сармуҳандис

1000,00

 

7

1-ҷой

Сармутахассиси молиявӣ

900,00

 

8

1-ҷой

Мутахассис/ муҳандис роҳсоз

800,00

 

9

1-ҷой

Мутахассис/ муҳандис купруксоз

800,00

 

Лоиҳаи “Устувории шабакаи роҳҳо-маблағгузории иловагй” (Бохтар-Левокант-Оқмазор)

10

1-ҷой

Сармутахассиси молиявй

800,00

 

Лоиҳаи “Устувории шабакаи роҳҳо” қитъаи Б, Оқмазор - Данғара

11

1-ҷой

Мутахассис/муҳандис роҳсоз

800,00

 

Лоиҳаи намоишӣ оид ба сохтмони “Долони Сабз” роҳи автомобилгарди Данғара-Гулистон

12

1-ҷой

Муовини Директор

1100,00

 

Лоиҳаи “Устувории шабакаи роҳҳо” қитъаи А (Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт

 

13

1-ҷой

Ҳамоҳангсози лоиҳа

1000,00

 

14

1-ҷой

Мутахассис-коргузор

800,00

 

15

1-ҷой

Ассистент

500,00

 

16

1-ҷой

Ассистент

500,00

 

 

ХОҲИШМАНДОН

метавонанд аз рӯи талаботҳои зерин ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.

 

Талаботхо барои ишголи вазифахои холӣ:

Барои ишғоли вазифаи холии корӣ сармуҳандисй Марказ, маълумоти олӣ соҳавй, дорои собиқаи корй дар соҳа на кам аз 10-сол ва ё собикаи умумии корӣ 13-сол дошта бошад, бо забонҳои хориҷй русӣ ва англисӣ озодона ҳарф зада тавонад ва маҳорати роҳбарй низ дошта бошад. Барои ишғоли вазифаи холии муовини Директори иҷроия маълумоти олй соҳавӣ, дорои собиқаи корй дар соҳа на кам аз 7-сол ва ё собиқаи умумии корй 10-сол дошта бошад, бо забонҳои хориҷӣ русӣ ва англисй озодона ҳарф зада тавонад ва маҳорати роҳбарӣ низ дошта бошад. Барои иштоли вазифаи холии ҳамоҳангсози лоиҳа маълумоти олй соҳавй, дорои собиқаи корй дар соҳа на кам аз 5-сол ва ё собиқаи умуми корй 7-сол дошта бошад, бо забонҳои хориҷӣ русй ва англисй озодона ҳарф зада тавонад ва маҳорати роҳбарй дошта бошад.

Барои ишголи вазифаи холии сармутахассиси молиявй, мутахассисон маълумоти олии соҳавӣ, дорои собиқаи корй дар соҳа на кам аз 3-сол ва ё собиқаи умумии корй 5-сол дошта бошад, бо забонҳои хориҷӣ русй ва англисй озодона ҳарф зада тавонад.

Барои ишголи вазифаи холии ассистент ва тарҷумон маълумоти олй соҳавй дошта бошад, забонҳои хориҷй русй ва англисйро донад.

Фаҳмиши Қонунгузоириҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.

Донистани забонҳои хориҷӣ (русй ва англисй) дар озмун бартарият дода мешавад.

Эзоҳ: шартнома байни корфармо ва корманд дар асоси сархати 4 банди 1 моддаи 25-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати муайян (то анҷоми сохтмони лоиҳа) баста мешавад.

ҲУҶҶАТҲОИ ЛОЗИМА:

Ариза ба унвони Директори иҷроияи Марказ;

Варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

Тарҷумаи ҳол;

Нусхаи диплом;

Расми 3x4 - 6 дона;

Дафтарчаи меҳнатй (агар набошад нусхааш);

Нусхаи шиноснома;

Нусхаи гувоҳнома РМА;

Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ №038;

Нусхаи корти суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

Маълумотномаи СМИТ ВКД (оид ба доги судӣ надоштан);

Нусхаи билети ҳарбӣ (агар дошта бошад).

Суроға: ш.Душанбе, кӯч.Айнӣ 14, ошёнаи 4-уми Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тел: 222-20-76.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: аз рӯзи нашри эълони якум 21рӯзи тақвимӣ.