Имрӯз, дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншооти идона мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти мамлакат Азим Иброҳим, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода ва Фирӯз Ҳақназарзода, муовини Раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода , намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолону собиқадорон, занону ҷавонон ва сокинони шаҳр тадбирҳои идона ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса оғоз гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Тибқи нақша дар шаҳри Кӯлоб 492 иншоот бунёд, азнавсозӣ ва таъмир карда мешаванд. Аз ин шумора аллакай 450 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
8 сентябр дар деҳаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб терминали мусофирбарии «Гулбоғ» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо ба истифода додани иншооти нав 15 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд.
Дар дохили терминал толори интизорӣ, толори модару кӯдак, ошхона мавҷуданд, ки ба хотири таъмини шароити хуб ба мусофирон ва меҳмонон бунёд карда шудаанд.
Минбаъд воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз самти ноҳияҳои Муъминободу Ховалинг, ҷамоатҳои Даҳанаву Зиракӣ ба самти шаҳри Кӯлоб меоянд, ҳамзамон воситаҳои нақлиёти ҷамъиятие, ки дар дохили шаҳр фаъолият менамоянд, метавонанд ба таври васеъ аз терминали мазкур истифода баранд.
Худи ҳамин рӯз бо иштироки меҳмонон ва роҳбарияти шаҳр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Саидалӣ Вализодаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуло Рӯдакӣ майдончаи замонавии варзишӣ ва дар маҳаллаи «Якуми май» фурушгоҳи масолеҳи сохтмонӣ ва ороиши хона ба истифода дода шуданд.