Имрӯз дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони вазорат ва муассисаву ташкилотҳои тобеи он ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар оғоз ва интиҳои ҷаласа иштирокчиёни он Суруди миллии Тоҷикистонро ба таври зинда иҷро намуданд.
Сипас Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ҳозиринро бо ин ҷашни бузурги миллӣ шодбош гуфт.
Дар зер матни табрикоти Вазир пешкаш мегардад.
Муҳтарам кормандони соҳаи нақлиёт, роҳдорону роҳсозон!
Инак, мо 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳам, дар фазои тинҷу осуда, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, дар ҳолати рушду нумуи кишвари азизамон, бо руҳияи ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ ҷашн мегирем.
Ба ин муносибат бо камоли ифтихор ва қаноатмандии беандоза ман ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми ҳаммеҳанони шарафмандамонро бо ин ҷашни бузург ва бароямон азизу муқаддас самимона табрику таҳният мегӯям!
Дар зарфи 34 сол мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба туфайли заҳмати софдилона ва содиқонаи мардуми шарифи кишварамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.
Ҳамаи шумо медонед ва аксаратон шоҳид будед, ки дар ин роҳ мо чӣ душвориҳои сангинеро паси сар намудем. Бадхоҳони дохилию хориҷӣ дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, баъди Истиқлоли давлатӣ ба даст овардан ва ба қатори кишварҳои озоду соҳибихтиёр ҳамроҳ шудани Тоҷикистон, бо иғвою дасиса мардуми моро зидди ҳам барангехтанд ва ҷанги шаҳрвандиро ба сари мо таҳмил карданд.
Дар натиҷа беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд, беш 1 миллион нафар ба кишварҳои дуру наздик гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор нафар занону модарон бефарзанду бесаробон монда, дар маҷмуъ ба иқтисодиёти мамлакат ба маблағи зиёда аз 10 миллиард доллар (беш аз 94,6 миллиард сомонӣ) зарар расонида шуд.
Мо бори дигар ба ин ҳақиқат итминон овардем, ки дар дунё ба ягон давлат ё миллат расидан ба истиқлол, озодона нафас кашидан ва бо хосту ихтиёри худ тақдири худ ва ояндаи худро сохтан осон муяссар нашудааст.
Дар дунё чанд қавму миллате ҳастанд, ки бо теъдоди даҳҳо миллион нафар дар зовияҳои гуногуни олам паҳну парешонанд ва даҳсолаҳо боз бо сад талафоту қурбонӣ талош меварзанд, то давлати худро дошта бошанд, аммо, афсӯс, ба ин мақсади наҷиби худ то ҳол нарасидаанд.
Барои ҳамин, мо бояд шукри Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шукри мардуми баору номуси худро кунем, ки имрӯз соҳиби давлати соҳибистиқлол ва рӯ ба тараққӣ ҳастем.
Таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат мардуми сарбаланди мо бо азму субот ва саъйи комил вайронаҳои ҷанги гузаштаро обод карданд, ҳаммилатони фирориямон баргашта ба хонаву дари худ омаданд, миллати мо ба ваҳдат расид ва онро торафт мустаҳкам мекунад, пояҳои Истиқлоли давлатии мо уствувор шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид, ба узвияти созмонҳои бонуфузи олам пазируфта шуд.
Кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Мо бори дигар итминон овардем, ки эълони истиқлолият ҳанӯз маънии истиқлоли пурраро надорад. Муҳимтар аз ҳама ҳифзи арзишҳо ва пояҳои он аст, ки ба қавли ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «аз боду борон наёбанд газанд». Агар Фирдавсӣ, ки мояи ифтихори миллии мост, «аз назм кохи баланд паяфканда» бошад, баъд аз қариб якуним ҳазор сол Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хиштҳои ваҳдат, ифтихори миллӣ, эҳсоси ватанпарварӣ, шуҷоат, меҳнатдӯстӣ кохи баланде барафрохтанд, ки садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо поянда ва побарҷо хоҳад буд.
Бинобар ин, номи ҳам ҳаким Фирдавсӣ ва ҳам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ду қаҳрамони миллат асрҳо ҷовидон ва вирди забон хоҳад буд.
Шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ дуруст фармудааст:
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.
Дар ин росто бисёр рамзист, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 34-солагӣ ва ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар хонадони кишвар тақдим намудани «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ва баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ карда шуд.
Ин ду тадбири шоиста давоми ташаббусҳои ватандӯстона ва адабпарваронаи Ҷаноби Олӣ оид ба талқини худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, эҳёи анъанаву оинҳои пешин, арҷгузорӣ ба ашъору осори инсонпарваронаи адибон ва олимони гузаштаи халқи тоҷик мебошад.
Сифатҳое, ки дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар сокини ин сарзамин, аз ҷумла ба ҳар кадоме аз мову шумо, кормандони соҳаи роҳу нақлиёт бисёр ва бисёр муҳим аст.
Дӯстони азиз, ҳамкасбони иззатманд,
Мавриди зикри хос аст, ки роҳ ва нақлиёт дар тамоми кишварҳои олам яке аз нишонаҳо ва рамзҳои асосии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин бора даҳҳо мақолаву рисолаҳо таълиф шудаанд.
Роҳҳо ва воситаҳои нақлиёт ба ҳаракати одамон ва интиқоли молу маҳсулот мусоидат мекунанд, марзҳо ва халқҳоро бо ҳам наздик месозанд, рафтуомад ва муносибатро миёни минтақаҳо ва кишварҳо рушд медиҳанд, ваҳдати миллиро таҳким мебахшанд ва боиси пешрафти иқтисодиёт ва беҳдошти некуаҳволии мардум мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш, моҳи июни ҳамин сол зимни суханрониашон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ин нуктаро махсус таъкид карда, чунин изҳор доштанд: «Ҳоло Тоҷикистон дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад, ки яке аз нишонаҳои возеҳи он бунёди роҳҳои мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошад».
Дар робита ба ин Сарвари давлат бо ифтихор хотирнишон намуданд, ки шоҳроҳҳои нави нақлиётӣ ҳамчун пайвандгари сокинони ҳамаи гӯшаву канорҳои кишварамон рамзи асосии Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб мераванд.
«Тасаввур кунед, ки, - зикр намуданд Пешвои миллат, - мардуми мо садсолаҳо аз чунин имкониятҳои мусоиди рафтуомад маҳрум буданд, ки чунин ҳолат, албатта, ба мафкураву рӯҳияи одамон, ба ҳисси наздикии онҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа бетаъсир намемонд. Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи комил тавонистем Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил диҳем».
Маҳз ба ҳамин хотир аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмону таҷдиди роҳу пулҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Тавре Сарвари давлат дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат баён доштаанд: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Танҳо барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шудааст».
Ҳамкасборни азиз,
Айни замон ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст.
Дар иртибот ба ин Сарвари давлат ба Вазорати нақлиёт, ба мову шумо супориш додаанд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута ҷиҳати:
- васеъ намудани гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ;
-ташкили «долонҳои сабз»;
-бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва мувофиқи стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд кардани терминалҳои наздисарҳадӣ;
-такмили стандартҳои экологиву иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои бунёду азнавсозӣ ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои иқтисоди «сабз»;
-кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
Супориш дода шудааст, ки дар баробари бунёди роҳҳо ба сифати сохтмон ва нигоҳдорию истифодаи онҳо диққати махсус диҳем.
Ҳамаи ин аз мову мову шумо донишу малакаи касбӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти баланд талаб мекунад.
Ман итминон дорам, ки мову шумо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳои пуршараф бо сари баланд мебароем.
Бори дигар шуморо бо 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям ва ба ҳамаатон тани сиҳат ва хушбахтию комгорӣ мехоҳам.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ мубораку фархунда бод!