Хабарҳо

slider_img
slider_img

Тоҷикистон ва Чин дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ Созишнома имзо карданд

Санаи нашр: 04-09-2025 Просмотрено: 3875

Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Чин рӯзи 3 сентябр дар Пекин 8 санади нави байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвар имзо карданд. Аз ҷумла, Созишнома байни Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ миёни Тоҷикистону Чин қаблан дар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ аз 28 августи соли 2008 амалӣ мегардид.

Созишномаи нав воқеияти имрӯзаи рушди алоқаи нақлиётӣ байни ду кишвар, пеш аз ҳама, афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва иқтидори транзитиро инъикос мекунад.

Солҳои охир тамоюли устувори афзоиши ҳаҷми боркашонӣ байни Тоҷикистону Чин мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумакти  ҶТ, дар панҷ моҳи соли 2025 гардиши молҳои Тоҷикистон бо Чин беш аз 964 миллион доллар,   аз ҷумла, содирот беш аз 177 миллион доллар ва  воридот ба ҶТ 787 миллион долларро ташкил дод.

Созишнома барои содда кардани логистика, расмиёти гумрукӣ, андоз, суғурта, баланд бардоштани сатҳи алоқаи нақлиётӣ байни кишварҳо пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи ҳуҷҷат, воситаҳои нақлиёти автомобилии ду кишвар метавонанд интиқоли борҳоро тавассути  қаламрави ҳамдигар бемамониат амалӣ намуда, аз имкониятҳои васеи интиқоли байналмилалии автомобилӣ байни ду кишвар истифода баранд.

Ҷонибҳо ба ҳамдигар ҳуқуқи ҳамлу нақли байналмилалиро  тариқи қаламрави давлатҳои худ бо воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки дар қ ҳудуди яке аз кишварҳо ба қайд гирифта шудаанд, аз рӯи хатсайрҳое, ки бо мувофиқаи мутақобилаи мақомоти салоҳиятдори ҳарду тараф муайян карда мешаванд,    доданд.

Тибқи шартҳои созишнома, интиқоли дуҷониба ва транзитӣ дар асоси иҷозатномаҳои мақомоти салоҳиятдори ду кишвар амалӣ карда мешавад.

Мақомоти салоҳиятдор ҳар сол ба ҳамдигар миқдори мувофиқашудаи варақаҳои  рухсатномаро барои  ҳамлу нақли бор  пешниҳод менамоянд.

Созишнома ба рушди алоқаи байналмилалии автомобилӣ , инчунин истифодаи технологияҳои рақамӣ барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва содда кардани раванди интиқоли бор мусоидат хоҳад кард.

Дар маҷмӯъ, созишнома ба густариши ҷуғрофияи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст, ки дар навбати худ ба баланд бардоштани иқтидори ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва транзитӣ ва расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани кишвар ба давлати транзитӣ, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти долони нақлиётии мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон –  Туркия  – Аврупо», долонҳои  байналмилалии нақлиётии «Чин – Тоҷикистон (тавассути долони Вахон) – Покистон» бо дастрасӣ ба бандарҳои Қарочи ва Гвадар, «Чин – Тоҷикистон – Афғонистони шимолӣ», инчунин «Чин – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон» бо дастрасӣ ба бандарҳои Чобаҳор ва Бандар – Аббос мусоидат мекунад.