4 сентябр ба як гуруҳ кормандони соҳаи роҳу нақлиёт барои дастовардҳои баланд ва ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуд.
Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои саҳми арзанда дар рушди фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дирӯз дар бинои Вазорати нақлиёт ба намояндагони соҳаи роҳу нақлиёт, ки ба ин шарафи баланд соҳиб шудаанд, мукофотҳои давлатӣ тақдим гардиданд:
АМОНЗОДА Эгамбердӣ, сардори шӯъбаи хоҷагии роҳҳо – медали «Хизмати шоиста»;
МАҲМУДОВ Фирӯз, сардори шӯъбаи кор бо кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ – медали «Хизмати шоиста»;
ЁҚУБЗОДА Фарида, директори Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ – медали «Хизмати шоиста»;
ЗИЁЗОДА Саъдӣ, муовини аввали директори КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» – медали «Хизмати шоиста»;
АЗИМЗОДА Исломиддин - сардори Пойгоҳи локомотивии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – медали «Хизмати шоиста».
Мукофотҳоро ба номбаршудагон дар вазъияти тантанавӣ ва бо иштироки Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода супорид.