Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Душанбе 29 август Retro & New Cars Fest баргузор гардид. Маркази Душанбе барои чанд соат ба осорхонаи воқеии зери ҳавои кушод табдил ёфт.
Дар майдони «800 - солагии Маскав» чун ҳамасола Retro & New Cars Fes – яке аз рӯйдодҳои барҷастаи ин тобистон дӯстдорони мошинҳои куҳна ва таърихиро ба ҳам овард.
Сарпарасти генералии фестивал – автохолдинги байналмилалии Вектор, сарпарасти расмии лоиҳа ширкати Neru буд. Дар байни шарикон инчунин шабакаҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ЭкоОйл ва нӯшокии энергетикии НитроЭнерджи низ саҳи гирифтанд.
***
Ба ифтихори Рӯзи авиатсияи тоҷик 3 сентябр дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар он собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ, роҳбарон, мутахассисон ва кормандони сохторҳои мақомоти авиатсияи гражданӣ иштирок намуданд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода тамоми кормандону мутахассисони соҳаи авиатсияи миллии Тоҷикистонро бо иди касбӣ шодбош гуфта, доир ба нақши мақомоти авиатсияи граждании ҷумҳурӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, дурнамои рушди соҳа, таҳкими ҳамкории авиатсионии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар самти фарох гардонидани ҷуғрофиёи парвозҳо, хусусан афзун намудани хатсайрҳои байналмилалӣ ва татбиқи ҳадафҳою нақшаҳои мақомоти авистяи граждании Тоҷикистон сухан гуфт.
***
Барои сохтмони роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо дар соҳили чапи обанбори «Роғун» бо дарозии 55 километр ба маблағи 280 миллион сомонӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ созишномаи қарзӣ имзо шудааст, ки аз ҷониби мудирият амалӣ мегардад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 августи соли равон зимни суханронӣ дар мулоқот бо бунёдгарони НБО «Роғун» иттилоъ доданд.
«Дар соҳили рости обанбори неругоҳ дар минтақаи Обигарм – Нуробод дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 75 километр роҳи байналмилалӣ, 75 километр роҳҳои маҳаллӣ, 11 пули нав бо дарозии 1 километр, 3 нақб бо дарозии 5,9 километр ба маблағи умумии беш аз 3 миллиард сомонӣ дирӯз расман ба истифода дода шуд, – гуфтанд сарвари давлат. – Ҳамзамон бо ин, мумфарш кардани 11 километр роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ дар қисмати гардиш аз шоҳроҳ то даромад ба маркази шаҳри Роғун бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид».
Илова бар ин, бино ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2025 сохтмони як пули бузург аз болои обанбори «Роғун» бо дарозии 920 метр ба маблағи умумии 800 миллион сомонӣ оғоз гардидааст, ки соли 2028 ба истифода дода мешавад.
***
Ҷамъоварии дороиҳои роҳҳои автомобилгард, ки бораи аввал дар таърихи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, қариб пурра ба анҷом расид. Дар ин бора дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти ҶТ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2025, ки 23 июли ҳамин сол доир гардид, хабар дода шуд.
Зикр гардид, ки ба ҳолати 1 июли соли 2025 аз 5 567,9 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявидоштаи истифодаи умуми дар тавозуни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта 5 266,3 км ё ин ки 94,5% маълумот вобаста ба дороиҳои роҳҳои автомобилгард ҷамъоварӣ гардид.
Хотиррасон мешавем, ки баҳисобгирии дороиҳои роҳ ва ҷиҳати шиносномакунии минбаъдаи роҳҳои автомобилгард 19 сентябри соли 2023 шуруъ гардида буд. Он тавассути системаи муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо ROMDAS, ки аз Зеландияи нав ворид карда шудааст, гузаронида мешавад.
Ин маъракаи муҳим тибқи моддаи 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи проҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ба роҳ монда шудааст.
***
29 август, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён роҳи автомобилгарди мумфаршшударо мавриди истифода қарор доданд. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мазкур дар муддати кутоҳ ва мувофиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ шуд.
Таъмиру навсозии роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол» боиси хушҳолии сокинон гардид.
Дар маросими ифтитоҳи роҳи дорои аҳамияти маҳалль иттилоъ доданд, ки дарозии он 3,5 километрро дар бар гирифта, бо маблағи 290 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш карда шудааст.
***
Дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии нақлиётии Иттиҳод, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, муҳокима карда мешавад. Дар пойтахти Тоҷикистон 5 сентябр ҷаласаи 107-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мегардад, ки дар он самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ, рақамисозӣ ва рушди инноватсионии минтақа баррасӣ карда мешаванд, хабар медиҳад портали интернетии Иттиҳод.
Аъзи Шӯро рафъи монеаҳои тиҷоратӣ, буҷаи ягонаи мақомоти ИДМ барои соли 2026 ва дигар масъалаҳои муҳимро баррасӣ мекунанд.
***
Аз 1 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд карда шуд. Дар пойтахти Тоҷикистон аз рӯзи аввали тирамоҳ сар карда, шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ – автобусҳо, троллейбусҳо ва хатсайрҳо – 20 фоиз зиёд карда шуданд, хабар доданд дар корхонаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон».
Ин қарор ҳар сол дар арафаи соли нави таҳсил қабул карда мешавад, зеро бо оғози дарсҳои хонандагон ва донишҷӯён шумораи мусофирон ба таври назаррас меафзояд.
Тибқи иттилоъи манбаъ, бо оғози соли нави таҳсил нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт бо теъдоди зерин зиёд карда мешавад:
380 автобус ба ҷои 308 автобуси қаблӣ;
65 троллейбус ба ҷои 41;
1100 микроавтобус ба ҷои 950.
Гуфта мешавад, ки микроавтобусҳои нав ба хатсайрҳои бештар серодам фиристонда мешаванд.
Ҳоло бо сабаби таъмири роҳҳои марказӣ, ҳаракати троллейбуси хатсайри № 1 муваққатан қатъ карда шудааст.
Айни замон дар қаламрави пойтахт 10 ҳазору 500 адад такси кор мекунанд. Моҳи сентябр шумораи онҳо боз 500 адад зиёд карда мешавад.
Тибқи маълумоти корхона, ҳоло дар хатсайрҳои шаҳрӣ 60 адад автобуси барқӣ ва 8 микроавтобуси барқӣ ҳаракат мекунанд. Дар назар аст, ки то охири сол шумораи умумии онҳо ба 90 адад расонида мешавад.
ДАР МИНТАҚА
Нуқтаи гузаргоҳ дар сарҳади Қазоқистон ва Қирғизистон ба кори шабонарӯзӣ гузашт. Аз 25 августи соли 2025 дар марзи Қазоқистон ва Қирғизистон нуқтаи гузаргоҳи «Карқира-автодорожный» ба низоми шабонарӯзии фаъолият гузаронида шуд, хабар медиҳад агентии Kazinform.
Ин нуқтаи назоратӣ, ки дар ноҳияи Тюпи вилояти Иссиқкӯл ҷойгир аст, бисёрҷониба аст ва барои гузаштани одамон ва воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки соли 2026 дар ҳудуди гузаргоҳи «Каркыра-автодорожный» сохтмони иншооти муосири инфрасохтори сарҳадӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба баланд бардоштани қобилияти гузариш ва самаранокии умумии назорати сарҳадӣ имкон медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан нуқтаи гузаргоҳи "Карқира-автороҳ" дар вақти рӯзона кор мекард. Моҳи октябри соли 2024 Жогорку Кенеш низоми шабонарӯзии фаъолияти гузаргоҳро дар сарҳади Қазоқистон ва Қирғизистон дастгирӣ кард, баъдтар Президенти Қирғтзистон Садир Жапаров созишномаро дар бораи низоми шабонарӯзии кори он тасдиқ кард.
***
Узбекистон интиқоли мунтазами борро тавассути роҳи оҳан ба Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ оғоз мекунад. Ҳукумат вазифадор шудааст, ки бо шарикони хориҷӣ музокирот ба роҳ монад ва пешниҳодҳои мушаххас оид ба оғози ҳаракати қатораҳоро омода созад.
Тадбирҳои дахлдор дар нақшаи чорабиниҳои амалӣ, ки бо фармони Президенти ҶТ аз 19 августи соли 2025 тасдиқ шудаад, муқаррар карда шудаанд.
Муовини сарвазир Ермилбай Раматов, Вазири нақлиет Илхом Махкамов, Ҷазири сармоягузорӣ, саноат ва савдо Лазиз Кудратов ва вазири корҳои хориҷӣ Бахтиер Саидов шахсони масъул ва мӯҳлати иҷро апрели соли 2026 муайян карда шудаанд.
Ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи коркардкунандагон ва содиркунандагон Сардор Аббосхонов, интиқоли як фура ба Олмон ё Нидерланд 79 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки арзиши як тонна маҳсулотро 300-500 доллар зиёд мекунад.
***
Дар Узбекистон истифодаи скутерҳои барқӣ барои баровардани партовҳо оғоз ёфт. Дар Самарқанд татбиқи лоиҳаи ғайриоддӣ оғоз ёфт: дар ин ҷо скутерҳои сечархаи барқӣ барои баровардани партовҳо истифода шуданд. Дар ин бора gov.uz хабар медиҳад.
Ин техникаро корхонаи маҳаллии Elxolding бо бренди Eldosh истеҳсол мекунад.
Скутерҳои сечарха дар ду қарина – бо бензин ва қувваи барқ пешниҳод шудаанд. Афзалияти асосии онҳо мукаммалӣ ва ҳаракат дар роҳҳост, ки имкон медиҳад, ки ҳатто дар маҳаллаҳои танг ва зич сохташуда, ки дар он ҷо техникаи маъмулии партов ҳаракат карда наметавонад, самаранок кор кунад.
Дар кабинаи скутерҳо системаҳои кондитсионерӣ ва гармидиҳӣ пешбинӣ шудаанд, аз ин рӯ кор дар онҳо ҳам дар зимистон ва ҳам дар тобистон бароҳат аст.
***
Соҳаи нақлиёти Қазоқистон нисбат ба дигар бахшҳои иқтисодиёт чанд маротиба тезтар рушд мекунад. Соҳаи нақлиёти кишвар дар нимсолаи аввали соли 2025 дар пасманзари афзоиши баланди ММД асосан аз ҳисоби сармоягузории васеи давлатӣ, афзоиши ҷараёнҳои транзитӣ ва конъюнктураи мусоиди беруна босуръат рушд кард. Дар ин бора inbusiness.kz хабар медиҳад.
Саҳми асосиро дар рушди соҳа гардиши бор таъмин мекунад, ки афзоиши он қариб дар ҳама сегментҳои он мушоҳида шудааст. Инчунин гардиши мусофирон, ки асосан тавассути нақлиёти автомобилӣ таъмин карда мешавад, афзоиши мусбат нишон медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли 2025 иқтисодиёти Қазоқистон суръати рушди то 6,2% - ро нишон медиҳад. Дар айни замон, динамикаи баландтарин дар сощаи нақлиёт (+22,7% г/г) сабт шудааст.
***
Қирғизистон иқтидори соҳаи нақлиётро фаъолона рушд медиҳад. Ҳалли баҳсҳои ҳудудӣ бо Тоҷикистон ба барқарор кардани алоқаи боркашонии Қирғизистон бо ин кишвар мусоидат кард. То ҳол ҶТ дар Бишкек ҳамчун шарики дохилиминтақавӣ баррасӣ мешавад, аммо хоҳиши Душанбе барои пайвастан ба гузаргоҳҳои байнидавлатии транзитӣ бо иштироки Қирғизистон дар назди ҳарду кишвар дурнамои ҷиддӣ боз мекунад, менависад рӯзномаи ҳукуматии «Российская газета».
Дар баробари рушди ҳамлу нақл бо Узбекистон ва Тоҷикистон, Қирғизистон долонҳои нақлиётиро бо Чин фаъолона васеъ мекунад. Ба ҳамкорӣ бо Чин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, зеро сухан дар бораи бунёди на танҳо роҳҳои нави автомобилӣ, балки шохаи калони роҳи оҳан низ меравад.
ДАР ҶАҲОН
Долони нави нақлиётӣ: Озарбойҷон халиҷи Форсро бо баҳри Сиёҳ мепайвандад. Пас аз ифтитоҳи роҳҳои автомобилӣ дар Қафқози Ҷанубӣ, хатсайри «Халиҷи Форс – Нахчиван – Ҷабраил – Физули – Агдам – Евлах – баҳри Сиёҳ» як долони нави нақлиёти хоҳад буд, ки халиҷи Форсро бо баҳри Сиёҳ мепайвандад. Тавре Oxu.Az хабар медиҳад, дар ин бора муовини сарвазир Шаҳин Мустафоев дар ҷаласаи махсуси Девони вазирони кишвар 26 август изҳор дошт.
«Ба туфайли шароити иқлим, ин масир тамоми сол фаъолият хоҳад кард», - таъкид намуд муовини сарвазир.
Ғайр аз ин, намояндаи ҳукумат тазаккур дод, ки яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои инфрасохторӣ пулҳои автомобилӣ мебошанд, ки дар болои дарёи Араз сохта мешаванд.
«Ин хатти 224 километрӣ, ки имкони дастрасӣ ба бозорҳои Аврупоро фароҳам меорад, иқтидори солонаи 15 миллион тонна борро дорад. Ба шарофати ҷойгиршавӣ дар чорроҳаи долонҳои нақлиётии «Шарқ – Ғарб» ва «Шимол – Ҷануб» ва имкониятҳои назарраси инфрасохторӣ барои интиқоли мунтазами борҳо, кишвари мо дар ҳамлу нақли байналмидлалӣ пешрафт хоҳад кард», - гуфт ӯ.
***
Иттиҳоди Аврупо қоидаҳои ҳаракати воситаҳои нақлиётро барои интиқолдиҳандагон нав мекунад. Комиссияи Аврупо бастаи қонунгузориро пешниҳод кард, ки ба навсозии қоидаҳои ҳаракат дар Иттиҳоди Аврупо, ки ба интиқолдиҳандагон таъсир мерасонанд, равона карда шудааст. Дар ин бора портали Trans.info хабар додааст.
Дар байни тағиротҳои асосӣ тафтиши ҳатмии маҳкамкунии борҳо, гузариши ҳарсола аз санҷиши техникии мошинҳои боркаш ва мошинҳои сабукраве, ки муҳлати истифодаашон аз даҳ сол гузаштааст, санҷиши партовҳои моддаҳои зараровар ва васеъ кардани истифодаи ҳуҷҷатҳои рақамӣ барои воситаҳои нақлиёт зикр шудаанд.
Комиссияи Аврупо тахмин мезанад, ки қабули пешниҳодҳо метавонад ҳолати бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро беҳтар созад, шумораи садамаҳоро коҳиш ва то 7000 нафарро наҷот диҳад ва тақрибан 65,000 ҷароҳатҳои вазнинро дар байни солҳои 2026 - 2050 пешгирӣ кунад.
***
Қоидаҳои нави Евро-7 соли 2026 эътибор пайдо мекунанд. Меъёрҳои нави партобҳо метавонанд технологияҳои фаромӯшшударо ба мошинҳои муосир баргардонанд, хабар медиҳад CarScoops.
То моҳи ноябри соли 2026 дар Аврупо қоидаҳои нави Евро-7 ба ҳукми амал медароянд. Дар заминаи талаботи муосири экологӣ дар саноати автомобилсозӣ боз дар бораи барабанҳои кӯҳнаи тормозӣ сухан меравад. Дар миёнаи солҳои 1980-ум тормозҳои барабанӣ, ки замоне стандарти аксари мошинҳо буд, қариб аз байн рафта, ҷои худро ба дискҳо доданд. Имрӯз онҳо танҳо дар меҳвари қафои баъзе мошинҳои камқуввати буҷетӣ истифода мешаванд.
Аммо, тарҳи пӯшидаи барабан, ки ғубори тормозро дар дохили он нигоҳ медорад, онҳоро барои муҳити зист эҳтимолан муфид мекунад. Мошинсозони муосир роҳҳои гуногуни коҳиш додани партовҳоро ҳангоми тормоз меҷӯянд. Дар байни қарорҳо рӯйпӯшҳои махсус барои дискҳои пӯлодӣ, болиштҳои фарсуда ва ҳатто дискҳои карбон мебошанд. Онҳо метавонанд партовҳои моддаҳои зарароварро кам кунанд, аммо нархи баланд доранд.
***
Бритониё аз соли 2026 ба истифодаи автопилот дар роҳҳои истифодаи умумӣ иҷозат додааст. Нафаре, ки дар паси часмбараки мошин мешинад,аз масъулияти садамаҳо озод карда мешавад.
Тавре TechCrunch хабар медиҳад, Бритониё аз соли 2026 истифодаи мошинҳои автопилотро дар роҳҳои истифодаи умумӣ дар сатҳи қонунгузорӣ тасдиқ кардааст. Лоиҳаи қонун бо номи «Automated Vehicle Act» аз соли 2022 дар мақомоти гуногун мувофиқа карда шуда, ниҳоят қабул гардид.
Рақамикунонӣ имкон медиҳад, ки норасоии кадрҳо дар соҳаи нақлиёт бартараф карда, одамон дар истеҳсолоти зараровар иваз карда шаванд ва ҳангоми ташкили инфрасохтори зарурӣ шумораи садамаҳои нақлиётӣ коҳиш ёбанд.
Шахсе, ки дар паси чамбараки мошин мешинадд, барои сар задани садамаи нақлиётӣ масъул нахоҳад буд. Масъулиятро ширкатҳои суғуртавӣ, таҳиягарони менеҷери нармафзор ё истеҳсолкунандаи мошин вобаста ба вазъияти мушаххас байни худ тақсим мекунанд.
Тибқи иттилои расонаҳои Бритоние, мошинҳои худидоракунанда аллакай таҳти назорати ронандагони озмоишӣ дар роҳҳои Лондон ва Оксфорд санҷида мешаванд.
***
Кореяи Ҷанубӣ моҳи июли соли равон содироти мошинҳоро ба Русия ба таври назаррас – то ҳадди аксар аз моҳи феврали соли 2022 ба андозаи 109 миллион доллари ИМА афзоиш дод, хабар медищад РИА Новости. Ҳамин тавр, дар моҳи июл Кореяи Ҷанубӣ ба Русия ба маблағи 108,5 миллион доллар мошинҳои сабукрав интиқол дод.
Ин аз моҳи феврали соли 2022 ба ҳадди аксар расид, он вақт интиқол 146,2 миллион долларро ташкил карда буд. Дар ифодаи моҳона содирот 28% ва дар ифодаи солона ду баробар афзуд
Дар маҷмӯъ, дар моҳҳои январ-июл Кореяи Ҷанубӣ ба Русия ба маблағи 525,5 миллион доллар — 1,5 маротиба бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мошинҳои сабукрав фиристод.