28 август Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, БАТР (European Bank for Reconstruction and Development, EBRD) таҳти роҳбарии Намояндаи доимии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел мулоқот кард.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини директори департаменти инфрасохтори устувори БАТР Бахтиёр Файзиев, мутахассисон ва таҳлилгарони бонк Карим Рауфӣ, Назарбегим Гулмамадова, Фарид Саъдуллозода ва аъзои Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе дар назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Вазири нақлиёти ҶТ бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки БАТР яке аз шарикони боэътимоди мо мебошад, ки рушди инфрасохтори нақлиётро дар кишварамон фаъолона дастгирӣ мекунанд.
Ҷонибҳо ҷанбаҳои асосии рушди робитаҳои нақлиётӣ байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо истифода аз долони мултимодалии нақлиётии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо»-ро баррасӣ карданд. Дар ин замина, роҷеъ ба лоиҳаҳои амалишаванда оид ба рушди низоми нақлиётӣ ва инфрасохтори кишвари мо, аз ҷумла, навсозии роҳу нақлиёти шаҳри Душанбе, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ, бехатарӣ ва устувории экологии инфрасохтори нақлиётии пойтахт равона шудааст, табодули афкор сурат гирифт.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо барои дастгирии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе ва машваратчии лоиҳаи «Таҷдид ва навсозии инфрасохтори шаҳри Душанбе» Созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.
Ёдовар мешавем, ки Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе 15 ноябри соли 2024 дар назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷдид, ҳамоҳангсозӣ, идоракунӣ, мониторинг (назорат) ва арзёбии ҷанбаҳои беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.