Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ИЛМ БО АМАЛ НАКӮСТ. Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба муаррифии фановариҳо дар сохтмони роҳҳо баргузор мегардад

Санаи нашр: 28-08-2025 Просмотрено: 3292

29 августи соли равон дар Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба муаррифии фановариҳои навоварона дар сохтмони роҳҳои автомобилгард баргузор мегардад.

Конфронсро Вазорати нақлиёти ҶТ дар ҳамкорӣ бо Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 баргузор менамояд.

Ҳамоиш  рӯзи ҷумъа, 29 августи соли 2025, дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Иштирокчиёни конфронс масъалаҳои марбут ба ҷорӣ намудани дастовардҳои нави илмӣ, технологияҳо, маводҳо, мошинҳо, механизмҳо, таҷҳизот ва озмоишгоҳҳоро барои корҳои ҷустуҷӯӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, истифода ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар шароити иқлими кӯҳӣ, гарм ва шаҳрии Тоҷикистон  баррасӣ хоҳанд кард.

Барои татбиқи навовариҳо дар самти лоиҳакашӣ, сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо аз пажуҳишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои ИДМ олимони соҳа даъват карда шуда, онҳо иштирокчиёни конфронсро бо дастовардҳои худ ба таври рунамо шинос менамоянд. 

Илм дар рушди иқтисодиёт ва ҷомеа нақши муҳим мебозад, зеро он ба пешрафти илмию техникӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагӣ мусоидат мекунад. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии сатҳи зиндагии одамон рушди инфрасохтори роҳҳо мебошад, зеро роҳҳо ба ҳаракати аҳолӣ, дастрасӣ ба захираҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва экология таъсир мерасонанд.

Бо назардошти он, ки некӯаҳволии кишвар аз сатҳи рушди илм вобастагии зиёд дорад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 31 январи соли 2020 таҳти № 1445 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва  риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд.