Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВОДИИ РАШТ. Сарвари давлат ба таҳкурсии бунёди калонтарин пули кишвар санги асос гузоштанд ва даҳҳо километр роҳҳоро ба истифода доданд

Санаи нашр: 27-08-2025 Просмотрено: 5671

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии аҳолӣ ва  ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ анҷом доданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Тоҷикобод оғоз гардида, сипас дар ноҳияи Рашт идома ёфт.

Дар шаҳракҳои нави ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод ва ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави истиқоматиро барои шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, ба истифода доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминларзаи 13 апрели соли 2025 дар ин минтақаҳо даҳҳо иншоот  осеб диданд. Аз соатҳои аввали бақайдгирии офати табиӣ бо супориши Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муайян кардани ҳаҷми зарар ва рафъи оқибатҳо комиссияи доимоамалкунанда аз ҳисоби вазорату идораҳои  марбута таъсис дода шуд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва иштироки вазорату идораҳои дахлдор дар давоми чор моҳ дар деҳоти зарардида хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт баъди боздид аз ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт дар ноҳияи Нуробод идома  пазирфт.

Пас аз мулоқоти гарм аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва сокинони он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони калонтарин пули автомобилӣ дар миқёси ҷумҳурӣ шинос шуд. Дарозии иншоот 920 метр, паҳноии он 15 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳа барои ду сол пешбинӣ шудааст ва дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Обигарм – Нуробод» амалӣ карда мешавад.

Пули мазкур аҳамияти стратегӣ хоҳад дошт: он на танҳо соҳилҳои дарёи Сурхобро бо ҳам мепайвандад, балки барои истифодаи фаъолонаи иқтидори саноатӣ ва сайеҳии минтақа шароит фароҳам меорад ва ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.

Барои омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар сохтмони пулҳо мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ ҷалб карда шудаанд.

Президенти Тоҷикистон ба муҳандисону сохтмончиён оид ба риояи мӯҳлатҳо, истифодаи маводи босифат ва таъмини сатҳи баланди кор тавсияҳо доданд. Дар ҷараёни сафар Сарвари давлат шахсан ба таҳкурсии иншооти оянда санги асос гузоштанд.

Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон дар сиғаи  фосилавӣ 75 километр роҳҳои навшудаи маҳаллиро дар ҷамоатҳои шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод ба истифода доданд. Ин роҳҳо дар доираи лоиҳаи бунёди роҳи «Обигарм – Нуробод» барқарор карда шуданд ва маҳалҳои аҳолинишини Муҷиҳарф, Меҳробод, Сафедчашма ва Оби Маҳаллаи ноҳияи Нуробод, инчунин ҷамоати Обигарми шаҳри Роғунро бо роҳи асосии автомобилгард пайваст намуданд.

Инфрастрасохтори навшуда шароити зиндагии тақрибан 100 ҳазор сокини минтақаро беҳтар намуда, дастрасии осонтар ба муассисаҳои таълимӣ ва тиббиро фароҳам меорад ва интиқоли маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои пойтахт осон мекунад.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, таваҷҷуҳ ва ташаббусҳои  Сарвари давлат ҳисси шодиву ифтихорро ба вуҷуд меоранд, зеро онҳо бевосита ба баланд бардоштани сифати зиндагии мардум мусоидат мекунанд.

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар ба ноҳияи Нуробод ба кори яке аз  иншооти муҳимтарини водии Рашт – роҳи автомобилгарди «Обигарм — Нуробод» оғоз бахшиданд.

Лоиҳа дар идомаи таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ  ращо бахшидани кишвар амалӣ гардид.

Ин хатсайр пойтахтро бо марказҳои маъмурии навоҳии Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш мепайвандад ва робитаҳоро дар ҳама самтҳо, аз ҷумла гардиши тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон ва транзити минтақавиро густариш медиҳад.

Ҳаракат дар масири қаблӣ ба самти ноҳияҳои водии Рашт боиси мешуд, ки ронандагон ва мусофирон дар аксари ҳолатҳо бо ҳодисаҳои нохуш рӯ ба рӯ мегардиданд. Дар фасли баҳор ва зимистон дар наздикии ин доманакӯҳҳои тӯлонӣ сангрезӣ, яхбандӣ, селҳо ва дигар  офатҳои табиӣ тақвият меефтанд.

Дар ин минтақаҳо вазъи мураккаби рушди соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ ба вуҷуд омад, ки он низ  мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекард.

Ташаббус ва амали шоистаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёди роҳе, ки ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ аст, ба ҳалли ин масъала мусоидат намуд.

Дарозии роҳ 75 км аст, меъёрҳои сохтмонӣ ва қоидаҳо ба  дараҷаи сеюми техникии роҳҳо тааллуқ доранд ва паҳноии стандартии он 12 метрро ташкил медиҳад.

Бо мақсади бартараф кардани монеаҳои табиӣ дар доираи лоиҳа се нақби автомобилӣ сохта шудааст.

Нақби «35-солагии Истиқлол» дар ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ бо дарозии 2605 метр, нақби «Ваҳдат» дар маҳаллаи Лугур бо дарозии 1700 метр ва нақби «Ориёно» дар мавзеи Дараи Ҳавз бо дарозии 1600 метр роҳро 24 км  кутоҳ  намуда, сарфи сӯзишворӣ ва вақтро коҳиш медиҳанд. Ин се иншооти бузурги роҳу нақлиёт бо хатҳои алоқа ва шабакаҳои равшанӣ ва тозакунии ҳаво пайваст буда, аз ҷиҳати сифат ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи сохтмони роҳ ҷавобгӯ мебошанд.

Барои пешгирии хатари ҳодисаҳои табиӣ ба  ҳаёт ва саломатии ронандагон ва мусофирон дар маҳаллаҳои Қандак, Лугур, Себнок, деҳаҳои Ҳакимӣ,  Муҷиҳарф, Себак, Тухтор ва дигар маҳалҳои шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод 14 пули автомобилӣ сохта шудааст.

Пулҳо тақрибан 1150 метр дарозӣ доранд ва интиқоли мунтазами молу маҳсулот ва ҳаракати одамонро таъмин мекунанд.

Сохтмони девору сутунҳои оҳани бетонӣ, насби қубурҳои обпартоӣ ва мустаҳкам кардани доманакӯҳҳои ноустувор истифодаи дарозмуддати роҳро таъмин мекунанд ва ҷойҳои истироҳатӣ бо ниҳолҳо ва дарахтони ороишӣ ин самти нави зеборо оро медиҳанд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи сохтмончиёне, ки дар бунёди роҳи автомобилгарди «Обигарм – Нуробод» саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки иншоот дар рушди тиҷорати дохиливу хориҷӣ, сайеҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ, тарққиёти минтақаҳо ва умуман дар беҳтар намудани сифати зиндагии мардум нақши муҳим хоҳад дошт.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                        Манбаъ:www.President.tj