Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 12-08-2025 Просмотрено: 3643

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалин гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба омодасозии лоиҳаи Барномаи рушди миллии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 баргузор гардид. Дар ин бора  маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад.

Зимни ҷаласа зикр гардид, ки таҳияи лоиҳаи Барнома дар паи иҷрои супорише, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидааст, амалӣ гардида, ба ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат равона карда шудааст.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, Барнома бар самтҳои муҳим ба монанди рақамисозии иқтисодиёт, саноатикунонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ, дастгирии таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти ихтироъкорӣ, рушди сармояи инсонӣ ва ғайра асос ёфтааст.

Дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирони адлия, молия, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғл, энергетика ва захираҳои об, раиси Бонки миллӣ, роҳбарони агентиҳои  соҳавӣ ва дигар шахсони мансабдор суханронӣ намуданд. Онҳо мулоҳизаҳо ва шарҳҳои мушаххасро оид ба беҳтар кардани лоиҳаи Барнома  пешниҳод сохтанд.

Барномаи рушди миллӣ барои солҳои 2026-2030 марҳилаи сеюми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 хоҳад буд.

***

Ширкати ҳавопаймоии FlyDubai аз моҳи сентябр парвозҳои ҳаррӯзаро бо хатсайри «Дубай – Душанбе – Дубай» оғоз мекунад. Дар ин бора маркази матбуоти Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

«Ширкати ҳавопаймоии FlyDubai, ки қаблан интиқолдиҳандаи мунтазам дар хатсайри «Дубай – Душанбе – Дубай» таъин шуда буд ва дар як ҳафта се маротиба парвозҳоро анҷом медод, аз 3 сентябри соли 2025 басомади парвозҳоро то 7 парвоз дар як ҳафта зиёд мекунад, яъне парвозҳо ҳар рӯз анҷом дода мешаванд», – гуфта мешавад дар хабар.

Агентӣ таъкид намуд, ки зиёд шудани шумораи парвозҳо ҳаракати шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳоро осон мегардонад, инчунин ба паст шудани нархи парвозҳо ва рушди соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Агентӣ ба ширкати FlyDubai супориш додааст, ки нархи дастраси парвозҳоро барои мусофирон таъмин кунад..

***

Дар Душанбе сохтмони таваққуфгоҳҳои бисёрқабата дар наздикии биноҳои баландошёна ва вазорату идораҳо ба нақша гирифта шудааст, ки имкон медиҳад тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо коҳиш дода шавад. Дар ин бора 25 июл муовини Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ дар нишасти матбуотӣ дар МИҲД пойтахт хабар дод.

Зикр карда шуд, ки бунёди чунин таваққуфгоҳҳо вазъи бандшавии нақлиётро дар шаҳр хеле беҳтар мекунад, зеро онҳо дар нуқтаҳои асосӣ, аз ҷумла минтақаҳои дорои ҷараёни баланди ҳаракати нақлиёт сохта мешаванд.

Ба гуфтаи Шарифӣ, «таваққуфгоҳҳо бояд на танҳо дар наздикии бозорҳо ва марказҳои савдо, балки дар наздикии биноҳои бисерқабата, вазорату идораҳо низ сохта шаванд».

Вай барои мисол таваққуфгоҳи назди бозори «Корвон» дар ноҳияи Фирдавсиро номбар кард – ин таваққуфгоҳи шашошёна барои 1000 адад мошин пешбинӣ шудааст.

Гуфта шуд, ки дар ин ноҳия тибқи қарори қабулшуда боз як таваққуфгоҳи бисёрқабата сохта мешавад.

Ҳамчунин, Шарифӣ дар посух ба саволи рӯзноманигорон дар бораи бунёди таваққуфгоҳҳои шахсӣ бо истифода аз занҷирҳо ва қуфлҳо дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ, таъкид кард, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки дар ҷойҳои алоҳида барои таваққуфгоҳҳои шахсӣ  ҷой ҷудо кунад ва  дастрасии сокинони дигарро маҳдуд созад.                                                      

 ***

Дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони ҳафт эстакадаи нав ба нақша гирифта шудааст. Барои татбиқи ин лоиҳаи инфрасохторӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии донорҳои байналмилалӣ 58 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Дар ин бора муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, эстакадаҳо бо мақсади кам кардани тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва беҳдошти инфрасохтори роҳҳо дар минтақаҳои сераҳолитарини шаҳр сохта мешаванд. Аз ҷумла,  бунёди онҳо дар чорроҳаҳои зерин  дар назар дошта шудааст: кӯчаҳои Соҳилӣ ва Ҷанубӣ, ки дар он ҷо инчунин пули болои дарёи Душанбе сохта мешавад, кӯчаҳои Абдураҳмон Ҷомӣ ва А.Каххоров, кӯчаҳои Абай ва А. Каххоров, кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ ва Хофизи Шерозӣ, кӯчаҳои Шерализода ва Хофизи Шерозӣ, кӯчаҳои Назаршоев, Айнӣ ва  хиёбони Саъдии Шерозӣ, хиёбонҳои  Саъдии Шерозӣ ва Неъмат Қарабоев.                                                    

***

Роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  айни замон корҳои пешакиро оид ба барқикунонии хатти роҳи оҳани «Ваҳдат – Пахтаобод» анҷом медиҳад. Дар ин бора Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим 23 июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи Вазир, барқикунонӣ имкон медиҳад, ки хароҷоти ширкат коҳиш дода, истифодаи самараноки захираҳо ва шароити қулай барои  фаъолияти роҳи оҳан   таъмин карда шавад.

Ин хатти роҳи оҳан шаҳри Ваҳдат (дар 20 километрии  шарқи Душанбе) – ро бо пойтахт ва минбаъд бо роҳи оҳани Узбекистон тавассути шаҳраки  Пахтаобод, ки дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ҷойгир аст, мепайвандад.

Дарозии хатсайри «Душанбе – Пахтаобод» 62 км-ро ташкил медиҳад. Ин қитъа ба қатораи наздишаҳрӣ, ки ҳар рӯз байни истгоҳи «Душанбе-I» ва «Пахтаобод» ҳаракат мекунад, ба 15 истгоҳи роҳи оҳан дар ин масир хизмат мерасонад.

Вақти сафар тақрибан 1 соат аст, ки ин масирро барои сафарҳои ҳаррӯза байни пойтахт ва атрофи шаҳр қулай мекунад.

Илова бар ин, ба гуфтаи Вазир, имкони барқикунонии роҳи оҳани «Конибодом – Бекобод» (шаҳр дар Узбекистон, воқеъ дар марзи ғарбии вилояти Суғди Тоҷикистон) дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.                                            

***

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони терминали нав оғоз ёфт. Дар ин бора дар нишасти матбуотии 23 июл раиси ҶСК «Фурудгоҳи байналмиалии Душанбе» Зайнулло Шарифзода хабар дод.

Барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ мутахассисони Туркия даъват карда шуданд.  Тавре Зайнулло  Шарифзода шарщ дод, терминали нав бояд дар муддати аз як то ду сол ба истифода дода шавад.

Илова бар ин, ба гуфтаи Шарифзода, дар фурудгоҳ аллакай сохтмони минтақаҳои махсус барои гуселкунандагон ва пешвозгирандагони мусофирон шуруъ шудааст.  

***

Дар доираи лоиҳаи NERU дар шаҳри Душанбе насб кардани 500 истгоҳи пуркунандаи барқ барои мошинҳои барқӣ (ИПБ) ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар шаҳр аллакай 316 чунин истгоҳҳо адад мавҷуданд.

То охири сол ба нақша гирифта шудааст, ки нуқтаҳои боқимондаро ба кор дароранд ва ба рақами ба нақша гирифташуда бирасанд, хабар медиҳад «АП» бо истинод ба  маълумотномаи лоиҳа.

 Истгощщо тибқи стандарти DC (ҷараёни доимӣ) кор мекунанд ва қувваи 60 ва 120 кВт доранд. Истгоҳи пуркунии 60 кВт имкон медиҳад, ки вобаста ба хусусиятҳои техникии худи мошинҳо дар як вақт ду мошини барқӣ дар давоми 30 дақиқа пур карда шавад. Дастгоҳи 120 кВт иҷрои бештар дорад ва барқро дар 20 дақиқа таъмин мекунад.

Дар оянда васеъ кардани лоиҳа ба дигар шаҳрҳо ва ноҳияҳо: Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара, Бохтар ба нақша гирифта шудааст.

***

Дар Душанбе инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиёт, иқтисоди рақамӣ ва савдо фаъолона рушд мекунанд. Дар ин бора намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нишасти матбуотӣ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои шаш моҳ хабар доданд.

Аз моҳи январ то июни соли 2025 тавассути тамоми намудҳои нақлиёт дар Душанбе 9,3 миллион тонна бор интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ин 8,5 миллион тонна (92%) тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода шудааст. Ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 218 миллион нафар (+7%) расид.

Дар доираи рушди системаи устувори нақлиётии пойтахт 60 автобуси нави барқӣ харидорӣ карда шуд, инчунин зиёда аз 11 ҳазор мошинҳои барқӣ ва 400 истгоҳи барқпуркунӣ харидорӣ ва ворид карда шуданд. Бо мақсади суръат бахшидани тағирёбии рақамӣ дар шаҳр системаи «Digital Dushanbe» ҷорӣ карда шуд, ки 1071 ҷои кориро дар бар мегирад.

ДАР МИНТАҚА

Эрон омода аст, ки бо Тоҷикистон алоқаи роҳи оҳанро ба роҳ монад. Теҳрон барои ташкили сафарҳо бо  роҳи оҳан ба шаҳрҳои Марв (Туркманистон) ва Душанбе (Тоҷикистон) шароит фароҳам меорад, ки робитаҳои Эронро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ  тақвият хоҳад бахшид. Дар ин бора директори генералии ширкати «Роҳи оҳани Эрон» (RAI) Ҷаббор Алӣ Зокирӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, хатсайрҳои нав як қисми стратегияи миллии  Эрон ҷиҳати навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мебошанд.  

Гуфта нашудааст, ки алоқаи роҳи оҳан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ кай ба кор медарояд.

Ҷаббор Алӣ Зокирӣ ҳамчунин эълон кард, ки сохтмони ду хати нави роҳи оҳан, ки Эронро бо Туркия, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мепайвандад, ба зудӣ оғоз хоҳад ефт. Яке аз хатсайрҳои нав Теҳронро бо Анқара мепайвандад ва дар давоми ду моҳи оянда ба кор медарояд. Масири дуюм, Теҳрон – Ҳирот, то охири моҳи оянда ба кор шурӯъ мекунад.

Айни замон байни Тоҷикистон ва Эрон алоқаи мустақими ҳавоӣ  фаъол аст. Ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «Varesh Airline» парвозҳоро байни Душанбе ва Теҳрон анҷом медиҳанд. Ҳавопоймоҳои ширкати Эрон  инчунин дар  масири  «Машҳад – Душанбе – Машҳад» низ парвоз мекунанд.                                              

***

Тендери роҳи пулакии «Тошканд – Самарқанд»  ба анҷом расида, сохтмони он то охири сол оғоз меёбад. Аллакай дар соли 2025 сохтмони роҳи нави пулакӣ миёни Тошканд ва  Самарқанд ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Вазири нақлиёти Узбекистон Илҳом Махкамов дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Узбекистон 24» хабар дод.

Сухан дар бораи роҳи шашсамта меравад, ки дарозии умумии он 300 км аст.

Вазири нақлиет Узбекистон гуфт, ки ғолиби тендер муайян шудааст, музокироти ниҳоӣ дар пеш аст.

Вай инчунин изҳор дошт, ки Фурудгоҳи нави байналмилалии Тошканд дар ҷануби пойтахт, 17 км дуртар аз фурудгоҳи амалкунанда сохта мешавад.                                            

***

Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ нақша доранд, ки дар қолаби шарикии давлатӣ-хусусӣ истеҳсоли истгоҳҳои барқпуркуниро оғоз кунанд. Дар Бишкек меморандуми сеҷониба дар бораи ҳамкорӣ  миёни Маркази шарикии давлатӣ-хусусии назди Агентии миллии саррмоягузорӣ,  ҶСК «НБО Чакан»   ва ширкати BLUE NETWORKS CO LTD -и Кореяи ҷанубӣ ба имзо расид.. Дар ин бора Economist.kg хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти марказ, созишнома таъсиси истеҳсоли истгоҳҳои барқпуркунӣ ва рушди инфрасохтори дахлдор дар Қирғизистонро пешбинӣ мекунад.

Лоиҳа тарҳрезӣ, сохтмони эҳтимолии корхона, инчунин густариши шабакаи истгоҳҳои барқпуркуниро дар шаҳрҳо ва минтақаҳои калидии кишвар дарбар мегирад.

***

Сохтмони терминали роҳи оҳани Сарахс дар Эрон, ки дар марз бо Туркманистон ҷойгир аст, ба анҷом мерасад. Дар айни замон татбиқи лоиҳа ба андозаи 60% ба анҷом расидааст. Дар ин бора 24 июл агентии ИРНА хабар дод.

Ба гуфтаи Мустафо Носири Варга, раиси идораи Роҳи оҳани Хуросон, ҳоло корҳо оид ба ташкили минтақаи махсус барои боркунии контейнерҳо дар майдони 18 гектар, ки бо иштироки бахши хусусӣ амалӣ карда мешаванд, фаъолона идома доранд.

Пас аз ба итмом расидани сохтмон, ин терминал маркази калидии траншипменти контейнерҳо байни Эрон, Осиёи Марказӣ ва Чин хоҳад буд, ки раванди интиқоли молро хеле суръат мебахшад. Дар ин ҷо кранҳои замонавӣ ва таҷҳизоти боркунӣ насб карда мешаванд, ки имкон медиҳад интиқоли самараноки контейнерҳо тавассути роҳи Оҳан дар масири Чин — Эрон ва сипас ба кишварҳои Ғарб ва Ҷануб ба роҳ монда шавад.

ДАР ҶАҲОН

Арманистон ният дорад дарвозаро дар марз бо Озарбойҷон боз кунад. Президенти Арманистон Ваагн Хачатурян изҳор дошт, ки барои ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии кишвар дар минтақаи наздимарзии Озарбойҷон долони нақлиётӣ кушодан лозим аст. Дар ин бора ӯ дар ҷараёни сафари корӣ ба минтақа хабар дод, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти   маъмурияти президент.

Ба гуфтаи ӯ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар вилояти Суник имкон медиҳад, ки на танҳо байни Арманистон ва мухторияти Нахичевони Озарбойҷон робита барқарор карда шавад, балки барои тамоми минтақа дурнамои нав боз кунад. Президент изҳори боварӣ кард, ки истифодаи фаъолонаи хатсайр ба афзоиши сармоягузорӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ дар ноҳияҳои ҷанубии кишвар  боис мегардад. 

***

Русия содироти бензинро манъ кард. Ҳукумати  Федератсияи Русия  ҳафтаи гузашта ба истеҳсолкунандагони бевоситаи маҳсулоти нафтӣ маҳдудиятҳои содироти бензинро то 31 августи соли 2025  ба роҳ монд. Дар ин бора хабаргузории «Интерфакс» иттилоъ медиҳад.

Қабули чунин қарор дар Девони вазирони кишвар бо зарурати «нигоҳ доштани вазъи мӯътадил дар бозори сӯзишвории дохилӣ дар давраи талаботи баланди мавсимӣ ва корҳои саҳроӣ» шарҳ дода мешавад.

Манъи содироти бензин барои истеҳсолкунандагон аз 1 август амал мекунад.

Мавриди  зикр аст, ки маҳдудиятҳо дар содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон дахл нахоҳанд дошт, зеро ҷумҳурии мо аз соли 2013 ин маҳсулотро тибқи созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар дар асоси имтиёзнок (бе пардохти боҷи гумрукӣ ҳангоми убури сарҳади Русия) мегирад.

Ёдовар мешавем, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ   «Газпром нефт-Тоҷикистон» – корхонаи фаръии ширкати русии «Газпром нефт»  мебошад.

***

Дар Чин афзоиши ҳаҷми боркунӣ дар нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Тибқи натиҷаҳои моҳи июни соли 2025, ҳаҷми боркунӣ дар нақлиёт дар ин кишвар ба 4,95 миллиард тонна расид, ки нисбат ба моҳи июни  соли гузашта 2,8 фоиз зиёд аст. Чунин маълумотро Бюрои миллии омори Чин нашр кардааст.

Нақши бузургтаринро дар рушди умумӣ нақлиёти автомобилӣ бозидааст, ки интиқоли 3,65 миллиард тонна борро таъмин кард, ки нисбат ба соли гузашта 2,9% зиёд аст. Нақлиёти роҳи оҳан низ натиҷаи мусбат нишон дод: ҳаҷми боркунӣ 2,2% афзуда, 437,6 миллион тоннаро ташкил дод. Дар сегменти нақлиёти обии дохилӣ афзоиши 3% то 858 миллион тонна сабт шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар моҳҳои январ–июни соли 2025 дар Чин 28,03 миллиард тонна бор интиқол дода шуд, ки 3,9% аз сатҳи нимсолаи аввали соли 2024 зиёдтар аст.

***

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва ИДМ нақшаи муштаракро то соли 2030 оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ омода мекунанд. Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КАО) тасмим гирифтаанд, ки нақшаи  тадбирҳои муштаракро, ки ба рушди долонҳои нақлиётӣ то соли 2030 равона шудаанд, омода кунанд, хабар медиҳад Rail-news.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти ИИАО.

Вазири энергетика ва инфрасохтори КАО Арзибек Кожошев ва раиси Кумитаи иҷроияи Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии (МҲН) ИДМ Геннадий Бессонов густариши ҳамкориро бо кумитаи иҷроияи МҲН ИДМ баррасӣ карданд.

Иштирокчиёни мулоқот нияти густариши ҳамкориро оид ба ҳамоҳангсозии рушди долонҳои нақлиётии Авруосиё ва долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, ки аз қаламрави кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ИДМ мегузаранд, изҳор доштанд.