Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

«ДАР БАДАНИ СОЛИМ – РӮҲИ СОЛИМ!». Кормандони Вазорати нақлиёт дар машқи пагоҳирӯзӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ширкат намуданд

Санаи нашр: 11-08-2025 Просмотрено: 3533

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»,  10 август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Ба ин муносибат рӯзи шанбе, 9 август, дар Душанбе машқи пагоҳирӯзӣ доир гардид, ки дар он кормандони Вазорати нақлиёти ҶТ ва идораю муассисаҳои тобеи он ширкат варзиданд.

Машқи пагоҳирӯзӣ бо иштироки варзишгари номвари тоҷик, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии соли 2024 дар Франсия,  қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи Осиёии соли 2022 дар Чин Давлат Болтаев баргузор шуд.

Ин ҳамоиши варзишию тандурустӣ дар саҳни Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Куруши Кабир» таҳти шиори  «Дар бадани солим – рӯҳи солим!» сурат гирифт, ки то ҷое рамзист.

Қобили зикр аст, ки мафҳуми «дар бадани солим – ақл ва зеҳни солим» ҳанӯз дар даврони ҳукмронии  Куруши Кабир (солҳои 559-530 то замони мо)  ба зуҳур омада, сипас аз ҷониби шоири Рими бостон Юний Авенал (солҳои 60–126 замони мо) бо забони лотинӣ («Mens sana in corpore sano») паҳн карда шудааст ва, ниҳоят, ташаббускори ғоявии эҳёи бозиҳои олимпӣ, адиб ва донишманди Франсия Пйер де Кубертен (1863 — 1937) тавассути асари худ «Қасидаи варзиш» онро ба шиори Бозиҳои якуми тобистонаи олимпӣ (6 -15 апрели соли 1896, Афина, Юнон) табдил додааст.  Ин мафҳум то ба имрӯз ҳадафи аслии бозиҳои олимпӣ дониста мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 1997 зимни суханрониашон дар мулоқот бо ҷавонон гуфта буданд: «Тандурустӣ, албатта, неъмати олии умри инсон аст. Саломатии аҳолӣ боигарии асосии давлат мебошад. Аз замонҳои қадим, дар давраи Куруши Кабир анъанае буд, ки ҷавонон камаш аз се имтиҳони ҳаёт гузашта, баъд номи ҷавонмардиро соҳиб мешуданд: имтиҳони аввал – тандурустӣ ва паҳлавонӣ, имтиҳони дуввум – ақлу дониши расо ва, ниҳоят, имтиҳони сеюм – одобу ахлоқи ҳамида. Ин се имтиҳон дар ҳикмати авестоӣ: «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» низ таҷассум ёфтаанд».

Сарвари давлат боҳо дар муроҷиат ба ҷавонон таъкид кардаанд, ки пеш аз ҳама худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва тандурустӣ тарбия ва обутоб дода, дар навбати худ ба андӯхтани донишу ҳунар, ташаккули ақлу идрок ва хулқу атвори нек   эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки чандин сол боз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба пешбурди тарзи ҳаёти солим (ТҲС) даъват мекунанд.

«Дар оянда мо бояд ба оммавияти варзиш, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонии аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем ва барои таҳкими саломатии  аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам орем», - изҳор доштанд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат  26 декабри соли 2019.

Ҳукумати ҶТ  тайи солҳои охир ҷиҳати ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим чанд барномаи давлатӣ қабул намуд. Аз ҷумла, бори охир бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 таҳти №566 «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» тасдиқ гардид.

Дар натиҷаи ин тадбирҳо дар мамлакат беш аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзишию солимгардонӣ  бунёд карда шуданд. Ҳар рӯзи шанбе вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо машқҳои пагоҳирӯзӣ доир мекунанд. Тибқи гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, теъдоди  онҳое, ки тамоку мекашанд, нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол менамояндӣ ва  аз фарбеҳӣ азият мебинанд, ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Соли 2018 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Медал барои саҳми арзанда дар таъмини тарзи ҳаёти солим қадрдонӣ намуд.