Хабарҳо

slider_img
slider_img

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Сафири Словения мулоқот кард

Санаи нашр: 09-08-2025 Просмотрено: 4335

7 август Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Туркманбошӣ, дар ҳошияи Конфронси сеюми кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва маҳсур дар хушкӣ, ки дар Турманистон доир гардид, бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словения дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Маскав) Аленка Сухадолник (Alenka Suhadolnik) мулоқот намуд.

Вазири нақлиёт Аленка Сухадолникро бинобар аввали ҳамин сол ба вазифаи Сафири Словения дар Тоҷикистон таъйин шуданаш табрик намуд ва дар фаъолияташ дар ин симмат муврффақият хост.  

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои минбаъдаи таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Словения дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.   

Вазири нақлиёти Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки таъйини сафири нави Словения дар Тоҷикистон ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкориҳо, афзоиши ҳаҷми савдою боркашонӣ миёни ду кишвар  ва рушди долони мултимодалии нақлиётии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон –  Эрон – Туркия–  Европа» имкониятщои васеъ фрощам меорад. 

Мулоқот дарт фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум суратр гирифт.