7 август дар ММС «Аваза» дар шаҳри Туркманбошӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири нақлиёти автомобилии Туркманистон Бегенч Аннадурдиев мулоқот анҷом дод
Ёдовар мешавем, ки қаблан, 11 июл, дар заминаи Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи Туркманистон Вазорати нақлиёти автомобилӣ, Вазорати нақлиёти роҳи оҳан ва Вазорати алоқа, инчунин Хадамоти давлатии нақлиёти баҳрӣ ва дарёии ин кишвар таъсис дода шуда буд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Бегенч Меретгелдиевичро бинобар таъин шуданаш ба вазифаи Вазири нақлиёти автомобилии Туркманистон самимона табрик гуфт ва ба ӯ дар ин симмат муваффақият орзу кард.
Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиёт изҳори қаноатмандӣ карданд. Тибқи натиҷаҳои ҳафт моҳи соли 2025, ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор байни ду кишвар 26465 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8783 тонна зиёд аст. Дар ин давра байни Тоҷикистон ва Туркманистон барои ҳамлу нақли байналмилалӣ 8000 адад бланкҳои иҷозатдиҳӣ (рухсатномаҳо) мубодила карда шуданд.
Зикр гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нақлиёт дар асоси якчанд созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ, инчунин дар доираи узвият дар созмонҳои байналмилалии ЭСКАТО СММ, IRU ва ЭКО амалӣ карда мешавад.
Роҳбарони мақомоти давлатии нақлиётии Тоҷикистону Туркманистон дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва рушди хатсайрҳои байналмилалии мултимодалиро баррасӣ намуданд.
Мулоқоти ду вазир, ки дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва маҳсур дар хушкӣ доир гардид, дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.