Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

КОМИЛАН ДАР ЗАМИНАИ ҲУҚУҚӢ! Ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии тибқи конунгузорӣ пешбинишудаи соҳаи нақлиёт таҳия ва тасдиқ гардиданд

Санаи нашр: 04-08-2025 Просмотрено: 4198

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи санадҳои меёрии ҳуқуқии  тибқи қонунгузории мамлакат пешбинигардидаро пурра таҳия намуд, ки онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки руйхаташон дар зер оварда мешавад, тибқи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобидлгард ва фаъолияти роҳдорӣ» пешбинӣ шудааст.

Кодекс ва қонуни дар боло зикршуда дар доираи созишномаҳои дуҷониба, конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозӣ, танзим ва ташкили идоракунии давлатӣ дар соҳаи нақлиёт, роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ, инчунин дар асоси қадамҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ тавассути татбиқи лоиҳаҳои сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳҳои автомобилгард таҳия шудаанд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар асоси қонунҳо ва бо мақсади  иҷрои онҳо  қабул карда мешаванд.  

Қонуни ҶТ «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

 

р/т

Мақоми ҳуқуқэҷодкунанда

Номи СМҲ

Санаи қабул ва рақами СМҲ

Тағйиру иловаҳо

1

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ

30 сентябри соли 2021, № 418

 

2

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Меъёрҳои солонаи маблағгузорӣ барои таъмир ва нигоҳдории як километри роҳҳои автомобилгард вобаста ба категория ва макони ҷойгиршавӣ

26 декабри соли 2024, № 666

 

3

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Таснифи техникии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум

26 августи соли 2022, № 420

 

4

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби пешбурди феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 июли соли 2010 №323

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 июни соли 2022, №302

5

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 майи соли 2006 № 214

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.06.2024 № 322

6

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 марти соли 2010 № 177

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2022 №185

7

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Тартиби пешбурди номгӯйи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ

28 марти соли 2024, № 175

 

8

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Тартиби назорат, муоина ва ташхиси роҳҳои автомобилгард

28 марти соли 2024, № 174

 

9

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Ном ва индекси (шохиси) роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ

26 феврали соли 2022, № 66

 

10

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Тартиби лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум

30 июни соли 2004, №278

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.09.2022 № 457

11

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Дар бораи Номгӯи нишондиҳандаҳои омории ҳаракат дар роҳ, тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ

31 марти соли 2004 №136

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26 апрели соли 2022, №184

12

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 сентябри соли 2022 №360

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2022 №182

 

Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

13

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

23 июни соли 2020, №371

14

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ

27 октябри соли 2020, №551

15

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Номгӯйи ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо салоҳиятнокии касбии кормандони шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ фаъолияткунанда тасдиқ карда мешаванд

18 ноябри 2022, №230

16

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба ташкили ҳамлу нақл бо воситаҳои нақлиёти автомобилӣ барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худӣ

1 октябри соли 2021 №166

17

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳамлу нақли мусофирон ва бор

20 феврали соли 2024, №38

18

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба тасдиқи тарифҳои номиналӣ барои ҳамлу нақли мусофир бо нақлиёти автомобилӣ

21 июли соли 2021, №125

19

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба фаъолияти нақлиётию экспедиторӣ дар нақлиёти автомобилӣ

30 июни соли 2014, №120

20

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба ташкил ва амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 апрели соли 2023, №67

21

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба шакли роҳхатҳо, тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди онҳо

31 декабри соли 2020, №241

22

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ

13 январи соли 2010, №3

23

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои гузаронидани озмун (тендер) оид ба тақсими хатсайрҳо байни интиқолдиҳандагон

25 ноябри соли 2011, №214

24

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба реквизитҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, инчунин шаклҳои намунавии ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ

18 майи соли 2022, №111

25

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои истифодабарии воситаи пардохти электронии роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умум

29 ноябри соли 2021, №201

26

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ вобаста ба тартиби ташкил, амалисозӣ ва пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо таксӣ

14 декабри соли 2021, №214

27

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба тартиб ва шартҳои ташкил ва амалисозии ҳамлу нақли махсуси маъюбон

14 апрели соли 2023, №61

28

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои зудвайроншаванда бо нақлиёти автомобилӣ

10  ноябри соли 2020, №193

29

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба ташаккули пойгоҳи озмоишӣ барои санҷиши экспертии воситаҳои нақлиёти барои ҳамлу нақли байналмилалии маҳсулоти зудвайроншаванда (реҷаи ҳарорат) пешбинишуда

20 январи соли 2022, №18

30

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба механизми ҷорӣ намудан ва эътирофи сертификати байналмилалии баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 декабри соли 2020, № 206

31

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба вазифаҳо ва тартиби ташкили фаъолияти терминалҳои боркашонӣ, инчунин хизматрасонии дар онҳо пешниҳодшаванда

24 августи соли 2023, №132

32

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба масъалаҳои таваққуфгоҳ

29 июни соли 2022, №144

33

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба талабот нисбат ба хизматрасонӣ дар объектҳои хизматрасонӣ дар роҳҳо ва канори роҳҳо

19 октябри соли 2023, №152

34

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба хизматрасонии техникӣ, таъмир, назорати ҳолати техникӣ ва нигоҳдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

18 октябри соли 2023, №163

35

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба нобудсозии нақлиёти автомобилӣ дар ҷойҳои махсус

19 июли соли 2023, №115