Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 25 июл дар мамлакат Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ таҷдлил карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар Вазорати нақлиёт маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирокчиёни ҳамоиши идона ва дар симои онҳо тамоми кормандони соҳаи роҳу нақлиётро бо Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилии Тоҷикистон табрик гуфт.
Тавре Вазир тазаккур дод, вобаста ба талаботи замони муосир, зери роҳбарии оқилонаю дурбинона ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, айни ҳол соҳаи нақлиёт як таҳаввулоти ҷиддии технологиро аз сар мегузаронад, роҳу пулҳои наву муосири мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд менамояд, технологияҳои нав ворид месозад, бо итминон бо роҳи рақамикунонӣ ва рушди нақлиёти «сабз» пеш меравад, хатсайрҳои нави боркашонию мусофирбарӣ боз мекунад, нақшаҳои наву воқеии ояндаро ҷиҳати ба кишвари ҷолиби транзитии минтақа табдил додани Тоҷикистон тарҳрезӣ менамояд ва мавриди иҷро қарор медиҳад.
Тайи чанд соли охир дар назди вазорат Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», муассисаҳои давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи роҳу нақлиёт», «Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ», маҷаллаи илмию оммавипи «Роҳ ва нақлиёт» таъсис дода, озмоишгоҳи замонавии КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ», биноҳои нави маъмурии муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, нуқтаҳои вазнченкунии мошинҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва бо дастгириии молиявии шарикони руш бори авввал дар таърихи мамлакат баҳисобгирии дороиҳои роҳ – шиносномадиҳии роҳҳои автомобилгард шуруъ карда шуд.
Вазири нақлиёт саҳми ҳамаи муассисаҳо, кормандон, фаъолон ва собиқадорони соҳаро ҷиҳати ноил шудан ба ин дастоварҳо арзанда ва муҳим арзёбӣ намуда, ба онҳо изҳори сипос намуд.
Бо фармоиши Вазири нақлиёт 15 нафар пешоҳангони соҳа бо нишони сарисинагии «Наёлиётчии фахрӣ» ва 13 нафар бо Ифтихорномаи Вазорат сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҷаласа собиқадорони соҳа Абдуҷалол Салимов, Абдураҳим Ашӯров, Олимҷон Бобоев, Низом Ҳакимов, Хайрулло Асозода, Робия Завқиева, Муҳаммад Ҳабибов, Нисо Бобоева ширкат намуданд. Аз номи онҳо собиқ Вазири нақлиёт Абдуҷалол Салимов ба сухан баромада, ҳозиринро бо иди касбиашон шодбош гуфт.