Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Дар шаҳри Кӯлоб аз фаъолияти ташкилоту муассисаҳо дар нимсолаи аввали соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд

Санаи нашр: 16-07-2025 Просмотрено: 3289

15 июли соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти мамлакат Азим Иброҳим, муовини Раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода ва Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳот дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якум, муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббии  шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзили шаҳр ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ҷаласаро оғоз намуда, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда  сухан гуфт.

Вобаста ба мавзуъ муовини Раиси шаҳр  Манучеҳр Асосозода, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Навбаҳор» Маҳмадёр Абдулҳақов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Раҳим Абдуллоев, мудири бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода  ва дигарон гузориш доданд.

Сипас, муовини Раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода ва роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти мамлакат Азим Иброҳим ба сухан баромада, оид ба лоиҳаи обтаъминкунӣ ва обу корези шаҳри Кӯлоб, масъалаи иҷроиши андоз, истифодаи дурусти заминҳои кишоварзӣ, ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ, сохтмону таъмири роҳҳо, вазъи соҳаҳои тандурустӣ ва  маориф, даъвати ҳарбӣ, омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо шахсони масъулро соҳа ба соҳа пурсида, ҷиҳати таъмини иҷрои корҳо ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар охир як қатор роҳбарони фаъоли ташкилоту муассисаҳои шаҳр бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд