Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Дар баъзе кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шудааст

Санаи нашр: 11-07-2025 Просмотрено: 3742

Тибқи  қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади анҷом додани корҳои таъмиру сохтмонӣ дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 8 июл то 30 сентябр муваққатан  маҳдуд карда шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар  медиҳад.

Ин тадбир бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои таъмиру сохтмонӣ аз рӯи лоиҳаи «Таъмири асосии кӯчаҳои протоколӣ аз VIP-зали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе то кӯчаи Карамов» амалӣ мегардад.

Вобаста ба ин самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбар дар кӯчаи А.Дониш (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ), кӯчаи С.Айнӣ (аз кӯчаи А.Дониш то хиёбони Рӯдакӣ) ва хиёбони Рӯдакӣ  (аз кӯчаи С.Айнӣ то кӯчаи Карамов) ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян шуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар муваққатан тағйироти дахлдор ворид мегардад.

Дар асоси қарори фавқуззикр Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад.