Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд шумораи парвозҳои мунтазам ва хатсайрҳои автобусҳоро зиёд кунанд

Санаи нашр: 10-07-2025 Просмотрено: 4873

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияро ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба муфассал баррасӣ намуданд. Дар ин бора 8 июл дар нишасти матбуотии сарони ду давлат  хабар дода шуд,  навиштааст АМИТ «Ховар».

 

Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, содда кардани расмиёти боркашонӣ ва рушди тадбирҳои логистикӣ ва рақамӣ дар маркази твааҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.  

«Мо аҳамияти фаъолгардонии кор ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадиро бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати одамон, молҳо ва хизматрасониҳо қайд кардем», – изщор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар сарҳади ду давлат аз ҷониби сарони давлатҳо дар қолаби маҷозӣ ифтитоҳ шудани гузаргоҳи назоратии «Тоҷварон – Карамик» байни ноҳияҳои Лахш (Тоҷикистон) ва Чон-Алай (Қирғизистон) робитаҳои дуҷонибаро тақвият мебахшад, убури сарҳадро осон месозад ва ба рушди ҳамкории наздисарҳадӣ мусоидат мекунад.

Ҷонибҳо тамоили тарафайнро барои афзоиш додани теъдоди парвозҳои мунтазам, инчунин хатсайрҳои автобусҳо, аз ҷумла байни минтақаҳои наздисарҳадӣ  таъйид карданд.

Қаблан Тоҷикистону Қирғизистон изҳори омодагӣ карда буданд, ки Харитаи муштараки роҳро оид ба афзоиши ҳаҷми гардиши дуҷонибаи мол то 500 миллион доллар дар давраи миёнамӯҳлат таҳия ва татбиқ намоянд. Харитаи роҳ тадбирҳои заруриро вобаста ба содирот ва воридоти молҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, соддагардонии расмиёти савдо, интиқол ва транзити бор, рақамисозӣ, тиҷорати электронӣ, истифодаи долонҳои нақлиётии иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки 8-9 июли соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.