4 июли соли 2025 дар шаҳри Ханкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он дар қатори масъалаҳои муҳимтарин пешниҳодҳои мушаххас оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардиданд.
Дар кори ҳамоиш сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ, инчунин вазирони даҳ давлати аъзои созмон иштирок карданд. Инчунин дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои нозири СҲШ, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла котибони генералии D8, СВМДА, UNESCAP, TRACECA, ITF ва муовини Дабири кулли СММ ҳузур доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд, иттилоъ дод Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва баргузор кардани ҳамоиш арзи сипос намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои ин созмонро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд.
Зимнан ба густариши ҳамкорӣ дар доираи ЭКО дар бахшҳои тиҷорату нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ чун шарти муҳими таъмини рушди устувор дар минтақа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Дар робита ба ин, зарур шумурда шуд, ки Котиботи Созмон дар баробари таҳлилу баррасии натиҷаҳои иҷрои санади «Чашмандози ЭКО-2025» дар ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзо санади дигареро, ки ба истифодаи комили зарфиятҳои мавҷудаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ равона шудааст, таҳия намояд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои мураккаби сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, рушди иқтисоди кишварҳои аъзои Созмон ба таври умум тамоюли мусбатро нигоҳ медорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳаҷми тиҷорати миёни кишварҳои аъзо изҳори андеша карда, таъкид доштанд, ки ҳиссаи он дар соли 2024 ба 33 фоизи ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон баробар буда, нисбат ба як соли пеш 18 фоиз зиёд аст.
Дар ин самт рушди робитаҳои нақлиётӣ ва долонҳои нақлиётии гуногунвосита муҳим дониста шуд.
Ҷонибдории Тоҷикистон аз рафъи монеаҳои тиҷоративу нақлиётӣ, соддагардонии транзит, пайвастшавии шабакаҳои роҳҳои заминӣ, оҳан ва ҳавоии кишварҳои аъзо таъкид гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки баҳри баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ дар ин самт ҷиҳати рақамикунонии санадҳои транзитӣ-молӣ иқдомоти зарурӣ анҷом дода шавад.
Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , чунин тадбир ба тавсеаи тиҷорат ва таъмини бехатарии он, ҳамчунин, сарфаи вақт ва афзоиши ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Манбаъ: www.President.tj