Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«ШОҲРОҲҲОИ НАВИ НАҚЛИЁТӢ РАМЗИ АСОСИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БА ҲИСОБ МЕРАВАНД». Чанд иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъамадҳои идона дар Хоруғ

Санаи нашр: 30-06-2025 Просмотрено: 5183

«Ҳоло Тоҷикистони мо дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад, ки яке аз нишонаҳои возеҳи он бунёди роҳҳои мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошад», - изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июн зимни суханронӣ дар чорабиии асосӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Хоруғ.

Сарвари давлат оид ба аҳамияти роҳу нақлиёт дар ҳаёти мардум боз чиҳо гуфтанд?

Аз суханронии Президенти ҶТ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Хоруғ 27 июни соли 2025:

«Ҳоло Тоҷикистон дар марҳалаи рушди устувор қарор дорад, ки яке аз нишонаҳои возеҳи он бунёди роҳҳои мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошад».

***

«Дар робита ба ин, мехоҳам бо ифтихор хотирнишон намоям, ки шоҳроҳҳои нави нақлиётӣ ҳамчун пайвандгари сокинони ҳамаи гӯшаву канораҳои кишварамон рамзи асосии ваҳдати миллӣ ба ҳисоб мераванд».

***

«Тасаввур кунед, ки мардуми мо садсолаҳо аз чунин имкониятҳои мусоиди рафтуомад маҳрум буданд, ки чунин ҳолат, албатта, ба мафкураву рӯҳияи одамон, ба ҳисси наздикии онҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа бетаъсир намемонд.

Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи комил тавонистем Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил диҳем».

***

«Бунёди шоҳроҳҳои замонавӣ, аз ҷумла тавассути ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ду рӯз пеш як қитъаи асосӣ ва бисёр муҳимми онро дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ифтитоҳ намудем, ҳоло Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил додааст».

***

«Бо оғози рафтуомад тавассути ин роҳ, яъне шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон, ки пештар 4 – 5 соатро дар бар мегирифт, имрӯз ин масирро дар фосилаи якуним соат тай кардан мумкин аст».

***

«Ин омил, яъне роҳҳои замонавӣ яке аз шартҳои муҳимтарини рушди муназзаму устувори кишвар ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад».

Аз суханронии Президенти ҶТ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ дар Хоруғ 28 июни соли 2028:

«Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон дар вилоят бунёду азнавсозии 1362 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳои сохтмон дар 1059 иншоот ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ ба анҷом расидаанд, ки 78 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла то имрӯз дар вилоят 80 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 70 иншооти соҳаи маориф, 46 иншооти тандурустӣ, 74 иншооти варзиш, 29 иншооти фарҳанг, 246 километр роҳ, 37 пул ва садҳо иншооти дигари иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд гардидаанд».

***

«Дар арафаи ин ҷашн мо зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо иншооти нави иҷтимоиву иқтисодиро, ки боиси боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру ноҳияҳо ва деҳот гардидаанд, ифтитоҳ намудем.

Пули нави мошингузар аз болои дарёи Ғунд ба дарозии 200 метр бо мумфаршкунӣ ва чароғонсозии якуним километр роҳ, ки имрӯз ба истифода супорида шуд, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба маблағи беш аз 60 миллион сомонӣ бунёд гардидааст».

***

«Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 13 лоиҳа ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома дорад.

Танҳо барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шудааст».

***

«Дар доираи сафари корӣ ба вилоят мо қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшонро дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб ба масофаи 92,5 километр бо 12 пули мошингузар ва яке аз нақбҳои онро бо дарозии 3400 метр ифтитоҳ намудем.

Дар доираи ин лоиҳа, ки арзиши умумии он 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, то имрӯз 1,5 миллиард сомонӣ маблағ аз худ гардидааст».

***

«Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ҷиҳати ба сатҳи муосир мутобиқ намудани шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Қалаъихумб – Ванҷ – Хоруғ – Кулма тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд».

                                                        Манбаъ: www.President.tj